10:45:56 03-уми Июни 2025 сол

ТАДОБИР БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҶАСАДИ ГАРДИШГАРИ ТОҶИК БА ВАТАН

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, ки баъд аз омода шудани мадорики зарурӣ ҷасади як ҷаҳонгарди фавткардаи тоҷик аз Миср ба ватан интиқол дода хоҳад шуд. Бар асоси иттилоъи ин вазорат, рӯзи сешанбеи 16 ноябр дар як сонеҳа дар шаҳри Шармушшайхи Миср як ҷаҳонгарди тоҷикистонӣ ҷони худро аз даст дода ва як табаъаи дигари ин кишвар шадидан ҷароҳат бардоштааст.

 

egyptТавре ки Давлати Назрӣ, сухангӯйи ин вазорат ба Би-би-сӣ гуфт, масъулони вазорат дар ҳоли омода кардани тадобири зарурӣ барои овордани ҷасади марҳум ба Тоҷикистон ҳастанд. Ба гуфтаи вай, тибқи иттилоъе, ки ба вазорат расидааст, Мухтор Отахонов, як сокини Тоҷикистон, бо дӯсташ зоҳиран савори мутурсиклет буда ва дучори сонеҳа шудаанд. Дар ин ҳодиса Мухтор Отахонов ҷони худро аз даст дода ва дӯсташ бо ҷароҳатҳои сангин дар яке аз бемористонҳои Миср таҳти муроқибати пизишкон қарор гирифтааст.

 

Оқои Назрӣ афзуд: "Ин ду шаҳрванди тоҷикистонӣ барои арзон будани қимати сафар ва роҳхати ҷаҳонгардӣ аз Русия ба Миср барои тамошо рафтаанд. Ҳоло яке аз ширкатҳои бима дар Миср машғули омода кардани мадорики вижа барои интиқоли ҷасади Мухтор Отахонов ба ватанаш аст."

 

Ба гуфтаи ин масъули вазорати хориҷаи Тоҷикистон, бо омода шудани мадорик ҷасади ҷаҳонгарди кушташуда тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон фиристода мешавад. Вале ҷаҳонгарди дигар то беҳбуд ёфтани вазъи саломатиаш дар бемористони Миср боқӣ хоҳад монд. Интизор меравад, ки то авохири имрӯз замони интиқоли Мухтор Отахонов ба Тоҷикистон муълум шавад.

 

Бо таваҷҷуҳ ба арзон будани қимати сафар аз Русия ба кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Миср, бисёре аз сокинони кишварҳои осиёӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, саъй мекунанд, ки чун ҷаҳонгард аз тариқи Русия ба Миср ва кишварҳои дигари арабӣ ва Урупо сафар кунанд. Соли гузашта низ дар Миср бар асари як сонеҳаи утумубилӣ бархе аз ҷаҳонгардон, аз ҷумла шаҳрвандони Русия ва Укройн, ҷонҳои худро аз даст дода буданд.

 

Бар асоси иттилоъи БЕЛТА, як хабаргузории Белорус, рӯзи душанбеи 15 ноябр бар асари як сонеҳаи утубус дар Миср як сокини солманди Укройн ва як зани ҷавон аз Русия низ ҷонҳои худро аз даст додаанд. Ҳамчунин, дар ин утубус, ки бошандагони он 16 нафарро ташкил медоданд, шаш ҷаҳонгарди рус ва ду сокини Белорус шадидан ҷароҳат бардоштаанд. Аз ин рӯ бархе аз расонаҳои Русия Мисрро яке аз кишварҳои хатарнок барои ҷаҳонгардӣ мешуморанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3592-2010-11-17-11-51-45.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854