АСАРОТИ ҚОЧОҚИ МАВОДДИ МУХАДДИР БАР ОСИЁИ МИЁНА
Бар асосии иттилоъи СММ даҳ дар сади мавооди мухаддире, ки аз Афғонистон ба Осиёи Миёна интиқол меёбад дар қаламрави ин кишварҳо масраф мешудааст. Ба гуфтаи коршиносони ин созмон ҳудуди 25 дар сади маводди мухаддире, ки дар Афғонистон кишт ва тавлид мешавад аз тариқи марзҳои шимоли он кишвар ба хориҷ интиқол меёбад.
Масъуди Каримипур, намояндаи Кумисериёи олии Созмони Милали Муттахид дар умури мубориза бо ҷароими созмонёфта ва маводди мухаддир дар Осиёи Миёна мегӯяд, ки тақвияти муборизаи муштараки ниҳодҳои интизомии кишварҳои Осиёи Марказӣ алайҳи интиқоли маводди мухаддир яке аз роҳҳои аслии коҳиши масрафи ин маводд дар миёни ҷавонон будааст. Оқои Каримипур ба манзури анҷоми мулоқот бо раҳбарони ниҳодҳои амнияти ва интизомӣ ва ошноӣ бо вазъи мубориза алайҳи интиқоли ин маводд аз Афғонистон ду рӯз дар Тоҷикистон ба сар бурд.
Ин масъули СММ, рӯзи душанбеи 15-уми ноябр баъд аз анҷоми ҷаласаи тӯлонӣ бо раҳбарияти Ожонси давлатии назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон дар нишасти матбуъотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки аз натиҷаҳои фаъолияти кормандони ожонсӣ ва женерол Рустам Назаров, раиси ин ниҳод розӣ будааст.
Оқои Каримипур мегӯяд, мушкилоти аслие, ки аз интиқол ва фурӯши маводди мухаддир дар минтақа мардум бо он рӯбарӯ мешавад, масрафи он аз сӯйи ҷавонон аз ҷумлаи сокинони кишварҳои минтақа будааст. Вай мегӯяд, ки дар ҷаҳон низ аксаран ҷавонон аз эътиёд ба ин маводд ҷонҳои худро аз даст медиҳанд.
Масъуд Каримипур афзуд: “Афғонистон тавллидкунандаи ҳируин аст ва муссаламан қочоқчиён кӯшиш мекунанд, ки ин маводдро аз каламрави кишварҳои минтақа интиқол диҳанд, ва маводди мухаддир мӯъҷиби марги бисёре аз мардону занони ҷавони ин кишварҳо мешаванд.”
Ба гуфтаи оқои Кримипур 25 дар сади маводди мухаддири Афғонистон аз қаламрави ҳамосяҳои шимолии он кишвар интиқол меёбад ки даҳ дар сади он дар миёни мардумони кишварҳои минтақа масраф мешавад. Ин нахустин сафари намояндаи СММ дар умури мубориза бо маводди мухаддир дар Осиёи Миёна ба Тоҷикистон аст.
Ва ба гуфтаи вай Созмони Милали Муттаҳид дар садади идомаи ҳамкориҳо ва кумак ба ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон барои мубориза бо қочоқчиёни маводди мухаддир ва коҳиши теъдоди муътодони ин маводд аст. Масъуди Каримипур дар ҷараёни сафари ду рӯзаи худ дар Тоҷикистон бо вазири корҳои дохилаи ин кишвар ва раҳбарони марзбонони тоҷик низ мулоқотҳо анҷом додааст. Масъуд Каримипур мегӯяд, ки СММ дар Афғонистон низ барномаҳои мухталиферо барои коҳиши кишти хашхош ва тавлиди ҳируин анҷом медиҳад.
Ин масъули СММ мегӯяд, ки дар ояндаи наздик бо кумаки ин созмон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон маркази вижаи ҳамоҳангсозӣ ва иттилоъотрасонӣ ба фаъолият оғоз хоҳад кард, ки барои кормандони ниҳодҳои интизомӣ як ниҳоди кумакрасон хоҳад буд. Масъулони ин созмон мегӯянд, ки яке дигар аз барномаҳои бузурги онҳо коҳиши сатҳи масрафкунандагони маводд мухаддир дар Афғонистону кишварҳои дигари минтақа будааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3591-2010-11-17-06-06-09.html