ТЕЪДОДЕ АЗ ЗОИЙРОНИ ТОҶИК НАТАВОНИСТАНД БА ҲАҶҶ САФАР КУНАНД
Ҳудуди 500 нафар аз зойирони тоҷик натавонистанд имсол барои анҷоми маросими ҳаҷҷ ба Арабистони Саудӣ сафар кунанд. Сафари ин афрод ба шаҳрҳои муқаддаси исломӣ аз сӯйи ширкатҳои мухталифи хусусӣ таҳия шуда буд, вале ба далоили мухталиф сафари онҳо ба Макка ва Мадина анҷом нашуд.
Ин дар ҳолест, ки маросими ҳаҷҷ рӯзи якшанбеи гузашта дар Арабистони Саъудӣ бо ширкати ҳудуди ду милюн зойир аз кишварҳои мухталиф оғоз шуд. Бино ба гузоришҳо, талоши ҳудуди сад тан аз сокинони вилояти Суғд, барои анҷоми сафар ба ҳаҷҷ тавассути ширкати “Интурист-Тоҷикистон” ноком боқӣ монд. Масъулони ин ширкат гуфтанд, ки маболиғи ин афрод, ки барои таҳияи аснод ва билити сафар пардохта шуда буд дар тӯли як моҳи оянда бозпас дода хоҳад шуд. Дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон низ ширкате, ки ташкили сафари ҳудуди сесад нафар аз алоқамандони ҳаҷҷро бар ӯҳда гирифта буд, натавонистааст зойиронро ба Арабистони Саъйдӣ бирасонанд. Тибқи иттилоъи манобеъи огоҳ ин ширкат натавонистааст визои Арабистони Саъудиро бамаврид таҳия кунад.
Ин манбаъ, ки аз ифшои номаш худдорӣ мекунад, афзуд: “Ин ширкат қасд дошт зойирони тоҷикро бо истифода аз саҳмия ё квотаи мусалмонони Қазоқистон ба ҳаҷҷ фиристад. Ҳарчанд ин визоҳо рӯзи панҷшанбеи гузашта дарёфт, шуд, аммо боз ҳам барои анҷоми парвоз дигар дер шуда буд.”
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи манобеъи фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе, ширкате барои интиқоли зойирон ду ҳавопаймои ширкати “ТоҷикЭйр”-ро иҷора карда буд, вале ин парвозҳо анҷом наёфт. Зеро, ба гуфтаи ин манбаъ, фурудгоҳҳои Арабистони Саъудӣ танҳо то рӯзи 10 ноябр ҳавопаймоҳои зоирбарро қабул мекард. Тибқи муқаррароти Вазорати ҳаҷҷи ин кишвар, ҳамаи зойирон бояд то 10 ноябр вориди кишвар шаванд.
Рӯзи 13 ноябр гурӯҳи сесаднафарии зойирони тоҷик, ки натавонистаанд ба Арабистон сафар кунанд, дар назди сохтмони “Соҳибкорбонк” дар Душанбе, ки дафтари ин ширкати ҷаҳонгардӣ дар он ҷо воқеъ будааст, таҷаммуъ карда ва хостори расидагӣ ба мушкилоти худ шуданд. Тибқи иттилоъи таъйидношуда як масъули ин ширкат аз сӯйи ниҳодҳои интизомӣ боздошт шудааст, вале таъйиди расмии ин хабар то ҳол ба даст нарасидааст.
Ин дар ҳолест, ки манобеъи Кумитаи адёни давлати Тоҷикистон рӯзи душанбеи 15 ноябр дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфтанд, ки танҳо ин ниҳод аз салоҳияти ташкили сафари ҳаҷҷ барои шаҳрвандони ин кишвар бархурдор аст. Абдураҳим Холиқов, раиси ин кумита афзуд: “Куллия зойирони тоҷикро ба Арабистони Саъудӣ мунтақил кардем. Ҳар ширкати дигаре, ки машғули тадорукоти сафари ҳаҷҷ дар Тоҷикистон мешавад, ғайриқонунӣ амал мекунад.”
Зимнан, дар соли ҷорӣ ҳудуди панҷ ҳазору сесад нафар аз зойирони тоҷик тавассути бахши ҳаҷҷи Кумитаи адён ба Арабистони Саъудӣ сафар карданд. Қимати сафар як нафар се ҳазору 191 дулор муқаррар шуда буд. Аммо шаҳрвандони тоҷик, ки мехостанд ба Маккаву Мадина бо истифода аз саҳмияи Қазоқистон сафар кунанд, гуфтанд, ки арзиши роҳхати онҳо ба Арабистони Саъудӣ се ҳазору 500 дулор будааст.
Ҳоло ин афрод машғули бозпас гирифтани маболиғи худ ҳастанд, ҳарчанд ин амр мушкил ба назар мерасад. Зеро, бахши умдаи ин маболиғ барои ташкили анҷоми сафари Ҳаҷҷ масраф шудааст. Ҳарчанд, давлати Тоҷикистон танҳо Кумитаи адёнро ба ташкили сафари ҳаҷҷ муваззаф кардааст, ин кумита танҳо теъдоди муқарраршуда дар саҳмияи Тоҷикистонро ба ҳачч мунтақил мекунад.
Вале гуфта мешавад ҳамасола садҳо нафар аз атбои тоҷик бо истифода аз саҳмияҳои кишварҳое назири Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия низ тавассути ширкатҳои хусусӣ ба ҳаҷҷ сафар анҷом медиҳанд. Гузашта аз ин, бархе аз созмонҳои имдодии кишварҳои арабӣ барои атбои тоҷик миқдоре аз саҳмияҳои худро ихтисос медиҳанд ва сипас намояндагони ин ниҳодҳо дар Тоҷикистон машғули ташкили ғайрирасмии сафари ҳаҷҷ мешаванд.
Дар гузашта чанд нафар барои ташкили сафари ҳаҷҷ аз роҳи ғайрирасмӣ аз сӯйи додгоҳҳои Тоҷикистон муҷозот шудаанд. Вале камбуди саҳмияи ҳаҷҷ барои Тоҷикистон ва зиёд будани алоқамандони анҷоми ин маросими мазҳабӣ шароитро барои ташкили сафарҳои ғайрирасмии зойирон фароҳам мекунад.
Соҳибназарон мегӯянд, боло будани алоқамандони сафари ҳаҷҷ ва камбуди саҳмияҳо мавориди фасод дар интихоби зоиринро фароҳам карда ва бархе аз алоқамандони камбизоъати Тоҷикистонро водор месозад, то барои анҷоми маросими ҳаҷҷ, аз роҳҳои ғайрирасмӣ истифода кунанд. Абдураҳим Холиқов, раиси кумитаи адёни Тоҷикистон ахиран дар як мусоҳибаи худ вуҷуди фасод дар тадорукоти ҳаҷҷ дар ин кишварро таъйид карда ва изҳор дошт, ки барои аз байн бурдани чунин вазъ тадобире рӯйи даст гирифта шудааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3579-2010-11-15-13-09-50.html