05:44:26 05-уми Июни 2025 сол

САРОНИ АМНИЯТИИ ИДМ БА ДУШАНБЕ МЕОЯНД

Сарони хадамоти амниятии ИДМ ҳафтаи оянда дар Душанбе ташкили ҷаласа хоҳанд дод. Маркази матбуоти КАМ-и Тоҷикистон хабар дод, ки дар иҷлоси 29-уми Шӯрои сарони ниҳодҳои амниятии ин созмон, аз 8 то 10-уми ноябр масоили мубориза бо терроризму ифротгароӣ, баҳс хоҳад шуд. Мубориза бо қочоқи инсон ва таъмини амнияти низомиву марзӣ аз дигар масоили мавриди баррасӣ дар ин иҷлос ном бурда мешавад.

 

flagiНишасти сарони ниҳодҳои амниятии кишварҳои пасошӯравӣ дар Душанбе дар ҳоле доир мешавад, ки нирӯҳои амниятиву интизомии Тоҷикистон ду моҳ ба ин сӯ дар водии Рашт алайҳи як гурӯҳи мусаллаҳи мухолифи давлат амалиёти вижае ба роҳ андохтаанд. Аз ҷониби дигар, таҳаввулоти ахир дар минтақа, ба хусус Афғонистон ва фаъол шудани гурӯҳҳои терористӣ ва ифротгаро дар манотиқи мухталифи ин кишвар мояи нигаронии на танҳо кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.

 

 ИДМ ва нақши он дар амнияти минтақа

Моҳи марти соли 1995 аввалин мулоқоти раҳбарони хадамоти амниятии 12 кишвари узви Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъро ташкил шуд, ки дар паи он Шӯрои раҳбарони хадамоти амниятии ин кишварҳо таъсис ёфта, чанд созиши тавсеъаи ҳамкориҳо дар соҳаи амният, мубориза бо терроризм, қочоқи силоҳ ва дигар анвои ҷинояткории муташаккилона ба имзо расид.

 

Моҳи апрели соли 2000-ум раҳбарони Иттиҳод мувофиқат карданд, ки дар Бишкек маркази зидди терроризм поягузорӣ шавад. Вазифаи асосии ин марказ муқовимат ба ҷунбишҳои ифротгароии исломии Осиёи Марказӣ мебошад. Аъзои Паймони амнияти дастаҷамъӣ: Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ба таври муназзам вохӯриҳои раҳбарони ниҳодҳои умури дохилӣ, амният ва марзбононро ташкил мекунанд.

 

Соли 2006-ум аъзои ин созмон мувофиқат карданд, ки бар иловаи тамринҳои амниятиву ҳарбии муштарак табодули таҷрибаи мутахассисон ва таълими донишҷӯёни кишварҳои узвро танзим намоянд. Соли 2007 дар мулоқоти Душанбе раҳбарони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар ёддоште имзо гузошта, ба таҳкими равобити ин паймон бо Созмони ҳамкориҳои Шангҳай дар масъалаҳои амниятӣ, мубориза бо терроризм, ҳамлу нақли ғайришаръии маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккилона ризоят доданд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3510-2010-11-05-15-36-43.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854