СММ: ШАРОИТИ ЗИНДАГӢ ДАР ТОҶИКИСТОН БЕҲТАР ШУДААСТ
Тибқи гузориши тозаи Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистон дар феҳристи сатҳи зиндагӣ ва тавсеъаи инсонӣ дар муқоиса бо соли гузашта 15 рада боло рафтааст. Вале бо ин вуҷуд, сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ҳамсуд пойинтарин унвон шудааст. Дар ин феҳраст шароити зиндагӣ, дастарсӣ ба омӯзишу хадамоти беҳдоштӣ ва тӯли умри инсонҳо мавриди таҳқиқ ва арзёбӣ қарор гирифтааст.
Дар феҳрасти соли ҷорӣ Тоҷикистон дар миёни 169 кишвари ҷаҳон ҷойгоҳи 112-ро ба худ ихтисос додааст. Ҳарчанд соли гузашта дар гузорише мушобеҳ Тоҷикистон дар мавқеъияти 127 қарор дошт. Дар гурӯҳи аввали кишварҳои дорои шароити беҳтарини зиндагӣ Нурвеж, Устролиё, Зеланди Нав ва Омрико қарор доранд. Аз миёни ҷамоҳири шӯравии собиқ танҳо Эстунӣ ба гурӯҳи аввал шомил шуда ва мавқеъияти 34-ро касб кардааст.
Бархе аз кишварҳои дигари пасошӯравӣ, назири Белорус (дар радаи 61), Русия (65), Қазоқистон (66) ва Укройн (69) дар гурӯҳи кишварҳои дорои шароити болои зиндагӣ ворид шудаанд. Дар гузориши тавсеъаи инсонии СММ ҳамасола иттилоъоте дар бораи тӯли умри инсон, дастрасӣ ба хадамоти беҳдоштӣ, омӯзишу парвариш, тавлидоти нохолиси миллӣ ва арқоми дигаре ҷамъоварӣ, таҳқиқ ва таҳлил мешаванд.
Ба унвони мисол, тибқи ин гузориш, тӯли мутавассити умри инсон дар Тоҷикистон 67,3 сол аст. Ин рақам дар Русия 67,2, дар Қазоқистон 65,4, дар Озарбойҷон ва Ӯзбакистон 68,2 сол аст. Тӯли миёнаи умри инсон дар Зимбабве 46 аст, яке аз пасттаринҳост. Дар гузориши соли 2007 СММ дар бораи тавсеъаи инсонӣ мизони тӯли умри иснон дар Тоҷикистон 66,4 сол буд. Яъне тӯли се соли ахир тӯли умри инсон дар Тоҷикистон ба беш аз як сол афзоиш ёфтааст.
Мизони тавлидоти нохолиси миллӣ дар таносуб ба ҳар сокини кишвар дар Тоҷикистон 2020 дулор, дар Русия 15.258, дар Қазоқистон 10.234, дар Озарбойҷон 8.747 ва дар Ӯзбакистон 3.085 дулор аст. Дар Зимбабве ин рақам муъодили 176 дулор будааст. Дар соли 2007 мизони тавлидоти нохолиси миллии Тоҷикистон ба нисбати ҳар сокини кишвар муъодили 1753 дулор буд ва ба ин тартиб, дар се соли ахир тавлидоти нохолиси миллии Тоҷикистон рушди қобили мулоҳиза барои ин кишвар дошатааст.
Ҳамзамон, дар гузориши соли ҷорӣ дараҷаи болоравии сатҳи зиндагии мардум дар бист соли ахир арзёбӣ шудааст. Тоҷикистон дар соли 1992 рушди 0,592-дарсадӣ дошта, ҳамасола ин мизон пойинтар рафтааст ва имсол дубора то ба ҳадди 0,580 боло рафтааст. Фирӯз Саидов, коршиноси масоили иҷтимоъӣ, зимни шарҳи феҳрасти соли ҷории СММ мегӯяд, ки бештари арқоми ин гузориш дар қиболи Тоҷикистон ба воқеъият наздик аст.
Вай бо ишора ба тардидҳо дар бораи бархе аз омори расмӣ гуфт: "Дурустии арқоми расмие, ки дар ин гузориш оварда шудаанд, ба дӯши Ожонси омори Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ аст. Вале воқеъият ин аст, ки вазъи зиндагии мардуми тоҷик андаке бошад ҳам, беҳбуд ёфтааст."
Ба гуфтаи оқои Саидов, пажӯҳишҳои коршиносони мустақил низ аз коҳиши мизони маргу мир ва боло рафтани тӯли умри инсон дар Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳанд. Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи вай, Тоҷикистон дар муқоиса бо бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аз паёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ осеби камтаре дидааст, ки дар ниҳоят, ба боло рафтани ҷойгоҳи ин кишвар дар феҳрасти СММ боъис шудааст.
Зеро мизони интиқоли маболиғи муҳоҷирони кории тоҷик бахши аслии иқтисоди ин кишварро ташкил медиҳад, ки дар пайи бӯҳрон ҳарчанд коҳиш ёфта, вале ба андозаи зиёни иқтисодие набудааст, ки кишварҳои дигар мутаҳаммили он шудаанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3505-2010-11-05-08-16-27.html