21:32:57 01-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/17_iskandarov_2147'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/17_iskandarov_2147'

ДОДГОҲИ АВРУПО ШИКОЯТИ ИСКАНДАРОВРО БАРРАСӢ МЕКУНАД

Интизор меравад, ки Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо дар шаҳри Страсбург ҳафтаи оянда шикояти Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби Демократии Тоҷикистонро алайҳи давлати Русияро баррасӣ кунад. Бино ба иттилои додгоҳ, шикояти Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, рӯзи 23 сенятбр баррасӣ мешавад. Искандаровро бо дархости мақомоти Тоҷикистон моҳи декабри соли 2004 дар Русия боздошт ва моҳи апрели соли 2005 раҳо карданд.

 

Аммо баъди чанд рӯз ӯ дубора ғайб зад ва ба таври асророомез мақомоти Тоҷикистон аз пайдо ва боздошт ӯ, гӯё дар наздикии Душанбе, хабар доданд. Муҳаммадрӯзӣ Искандаров мегӯяд, маъмурони амниятии Русияро ӯро рабуда ва ба мақомоти Тоҷикистон супурданд, ки ин “муносибати ғайриинсонӣ ва таҳвиномез” ва нақзи “ҳуқуқ ба озодӣ ва амният” аст. Ба гуфтаи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ӯ баъди интиқолаш ба Тоҷикистон барои андешаҳои сиёсиаш мавриди таъқиб қарор гирифтааст.

 

Додгоҳи олии Тоҷикистон Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро, ки раиси собиқи ширкати давлатии “Тоҷикгаз”, раиси кумитаи умури изтирорӣ ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон буд, соли 2005 бо гуноҳи ғорати амволи давлатӣ ва терроризм ба 23 соли зиндон маҳкум кард. Муҳаммадрӯзӣ Искандаров яке аз фармондеҳони саршинос ва бо нуфузи қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди собиқи нерӯҳои мухолифи давлати Тоҷикистон буд, ки дар соли 1997 шароити Сулҳи умумиро пазируфт ва аз муборизаи мусаллаҳона даст кашид.

 

Тоҳири Сафар, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3140-2010-09-17-07-24-38.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854