ТАЛОШ БАРОИ ТАЪСИСИ ҶУНБИШИ ҶАДИДИ СИЁСӢ
Намояндагони се ҳизби сиёсӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ барои таъсиси Иттиҳоди неруҳои демукротӣ тааҳҳуд кардаанд. Дар ин бора Раҳматулло Зойиров, раҳбари ҳизби сусиёл демукроти Тоҷикистон иттилоъ додааст. Ҳамакнун кумитаи тадорукоти ин ҷунбиш мураккаб 7 нафар такмил шуда ва раёсати он ба ӯҳдаи Раҳматулло Зойиров, раҳбари ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон ва аз чеҳраҳои саршиноси сиёсии ин кишвар вогузор шудааст.
Гуфта мешавад, ҳамоиши ин неруҳо дар хориҷ аз Тоҷикистон ва эҳтимолан дар шаҳри Маскав баргузор шудааст. Ҳадафи аслии ин ниҳоди тозатаъсис аз тариқи ташкили кунфаронсу семинорҳо ва мизҳои гирд боло бурдани фарҳанги сиёсӣ ва иҷтимоъии сокинони Тоҷикистон унвон шудааст. Раҳматулло Зойиров гуфт, ки то замони баргузории кунфаронси муассисон наметавонад асомии намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои ғайридавлатии шомили ин ҷунбишро ифшо кунад.
Оқои Зойиров, зарурати таъсиси Иттиҳоди неруҳои демуркотиро талошҳо барои рафъи буҳрони амиқ дар ҷомеаи Тоҷикистон ва мусоъидат ба рушди равандҳои демукротӣ дар ин кишвар арзёбӣ кард. Дар назар аст, дар авохири моҳи ҷорӣ кунфаронси муассисони ҷунбиши ҷадид баргузор шуда ва ҳайати раҳбарӣ интихоб ва оинномаи он тасвиб шавад. Ҳанӯз замон ва маҳалли баргузории ин кунфаронс мушаххас нашудааст.
Таъсиси ҷунбиши ҷадиди Иттиҳоди неруҳои демукротӣ дар замоне сурат гирифтааст, ки 25 зиндонии ба қавли масъулони давлати Тоҷикистон “ҷинояткорони фавқулодда хатарнок” аз маҳбаси Кумитаи амнияти миллӣ фарор карда ва инфиҷорҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе рух додаву талафоти ҷонӣ ва хисороти ҷиддии иқтисодӣ дар пай доштааст.
Ба эътиқоди Абдулғанӣ Маҳмадазимов, коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон, нооромии вазъият таваҷҷӯҳи мардумро ба сиёсат бештар ҷалб карда ва неруҳои сиёсӣ низ бо истифода аз чунин вазъ дар майдони сиёсӣ зуҳур мекунанд. Гуфта мешавад, мардуми Тоҷикистон бо имконот ва нуфузи аҳзоби феълии ин кишвар хуб ошно буда ва ба тавони ин аҳзоб барои беҳбуди вазъияти иқтисодию сиёсии Тоҷикистон эътимоди чандоне надоранд.
Аз ин лиҳоз, ба гуфтаи оқои Маҳмадазимов, зуҳури ҷунбиши ҷадид дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон метавонад таваҷҷӯҳи мардумро ба худ ҷалб карда ва онҳоро ба бурузи таҳаввулот дар ҷомеаи кишвар хушбин созад. Ӯ гуфт, ки фаъолияти номӯътадили системи сиёсӣ ва набудани майдони баҳсе чун мизи гирдҳои масоили сиёсӣ ба бурузи ҳамчунин вазъи буҳронӣ мунҷар шудааст.
Абдулғанӣ Маҳмадазимов таъкид кард, ки давлати Тоҷикистон натоиҷи интихоботи порлумонӣ дар моҳи феврали соли ҷориро баррасӣ накарда ва аз он барои худ сабақе нагирифтааст. Ин сиёсатшинос мӯътақид аст, ки дар интихоботи порлумонӣ иддаи зиёди раъйдиҳандагон ба унвони эътироз ба вазъи феълӣ ба аҳзоби мухолиф раъй доданд, ҳарчанд натоиҷи интихобот таҳриф шуда ва ҳизби ҳокими халқӣ-демукрот баранда шуда буд.
Зимнан, дар авоили соли 2005, дар остонаи интихоботи порлумонии Тоҷикистон Иттиҳоди аҳзоби мухолифи давлат барои таъмини интихоботи озод, шаффоф ва демукротик таъсис шуда буд. Аммо ба далели адами ширкати Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби умда ва бонуфузи мухолифи давлати Тоҷикистон, фаъолияти ин иттиҳод чандон муассир набуд ва дар раванди интихоботи порлумонӣ асари ҷиддӣ надошт.
Сайидумар Ҳусайнӣ, муъовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, ки ин ҳизб аз пайвастан ба иттиҳоду эътилоф таҷрубаи ногуворе дорад. Ӯ ба унвони мисол аз эътилофи ҳизби наҳзат бо ҳизби демукрот ва ҷунбишҳои "Растохез" ва "Лаъли Бадахшон" дар авоили соли 1992 ёдовар шуд, ки ин эътилоф барои ҳизби наҳзат манфиъати чандоне надоштааст.
Оқои Ҳусайнӣ гуфт, ки дар мавриди воканиши расмии ҳизби наҳзат дар қиболи ҷунбиши Иттиҳоди неруҳои демукротӣ ва имкони пайвастан ба он дар ҷаласаи раёсати ин ҳизб эълом хоҳад шуд. Раҳматулло Зойиров, раҳбари ҳизби сусиёл демукроти Тоҷикистон, ки пешинаи фаъолият дар дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад, аз мунтақидони аслии давлат маҳсуб мешавад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3060-2010-09-06-18-03-52.html