"ХУДРАВИ МУНФАҶИРШУДА ДУ САРНИШИН ДОШТ"
Бахши Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо интишори баёнияе дигар дар робита ба инфиҷори рӯзи сеюми сентябр хабар дод, ки худраве, ки мунфаҷир шуда буд ду сарнишин дошт. Қаблан ин кумитаи амният эълом карда буд, ки худрави ҳомили маводди мунфаҷира фақат як сарнишин дошт. Сеюми сентябри соли ҷорӣ тахминан соъатҳои 08-00 дар ҳавлии бинои бахши минтақавии мубориза бо ҷароими созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикиситон дар вилояти Суғд инфиҷор рух дод.
Дар ин баёния омадааст, “дар рафти гузаронидани чораҳои фаврӣ-тафтишотии пешакӣ маълум карда шуд, ки ҷинояткорон бо автомашинаи сабукрави тамғаи ГАЗ-24 дар наздикии бинои шўъбаи минтақавии мубориза ба зидди ҷиноятҳои муташаккил интизор шуда, ҳангоми ба бино ворид шудани 2 автомашинаи кормандони шўъбаи мазкур, зўроварона ба дохили бино ворид шуда, дар дохили ҳавлии шўъба таркишро ба амал овардаанд”.
Қаблан гузориш шуда буд, ки дар пайи ин инфиҷор ду корманди пулис - Маякубов Алиҷон ва Маҳкамов Аюбҷон ҷони худро аз даст доданд. Бо ду сарнишини худрави мунфаҷиршуда шумори расмии кушташудагон дар ин ҳодиса ба чаҳор нафар мерасад. Ин инфиҷор ҳамчунин 28 захмӣ бар ҷой гузошт, ки аксаран кормандони пулис буд ва танҳо ду нафари онҳо шаҳрвандони ғайринизомӣ будаанд.
Додситони вилояти Суғд дар робита ба ин ҳодиса, тибқи моддаҳои 104 қисми 2 ва 179 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишоти муқаддамотӣ идома дорад. Пулис дар баёнияи худ хамчунин аз шаҳрвандон хостааст, “дар сурати пайдо шудани маълумот дар робита ба инфиҷори рӯзи сеюми сентябр ба телефонҳои боварӣ муроҷиат намоянд”.
Барои таҳқиқи ин ҳодиса ба раҳбарии женерол Рауф Юсупов, раиси пулиси вилояти Суғд, ситоди вижае таъсис шудааст. Раёсати умури дохилии устони Суғд гуфтааст, ки ин ҳамлаи интиҳорӣ дар иртибот бо таҳқиқи ҳодисаи қатли Ҳомидҷон Каримов, раиси собиқи яке аз бозорҳои шаҳри Исфара ва аз аъзои пешини маҷлиси ин шаҳр рух додааст.
Ҳамчунин дар баёния пулис гуфта шудааст, ки афроди мазнун дар ин ҳодиса дар боздоштгоҳи бахши шӯъбаи минтақаии мубориза бо ҷароими созмонёфта дар вилояти Суғд ба сар мебурданд ва ҳадаф аз ҳамлаи интиҳорӣ эҳтимолан талош барои озод кардани ин боздоштиён будааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3058-q----q.html