15:18:28 25-уми Майи 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

БОЗАРГОНЕ БА ЗАРБИ ГУЛӮЛА КУШТА ШУД

Рӯзи чаҳоршанбеи 1 июн дар шаҳри Душанбе як бозаргон дар наздикии манзили худ ба зарби гулӯла кушта шудааст.

Ҷумъахон Тӯйдакови 36-сола, зодаи ноҳияи Восеъ, аз чанд сол пеш бад-ин сӯ сокини шаҳри Душанбе буда ва дар бозори Шоҳмансур соҳиби чанд дукон будааст. Бар асоси иттилоъи Вазорати кишвари Тоҷикистон, афроди номаълум ба оқои Тӯйдаков дар хиёбони Лоҳутии ноҳияи Исмоъили Сомонии пойтахт, каме дуртар аз манзилаш аз тапончаи Макаров се тир андохтаанд.

Вай ҳангоми интиқол ба бемористон дар асари ҷароҳатҳои сангин ҷони худро аз даст додааст. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи вазорати кишвар, гуфт, ки дар робита бо ин ҳодиса парвандаи ҷинойӣ боз шуда ва таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Аммо ҳеч гурӯҳе масъулияти ҳамла ба ин бозаргони маҳаллиро ба ӯҳда нагирифтааст.
Хабари кушта шудани як бозаргон ба зарби гулӯла дар ҳолест, ки қаблан коршиносон аз имкони афзоиши мизони ҷурму ҷароим дар Тоҷикистон дар пайи бозгашти муҳоҷирон аз Русия ва афзоиши бекорӣ ба далели асароти буҳрони молӣ ҳушдор додаанд.

Мутолеъоти мавҷуд дар заминаи асароти эҳтимолии буҳрони молӣ бар ҷомеъа ҳокист, ки афзоиши ҳатто якдарсадии бекорӣ мизони ҷурму ҷиноят дар ҷомеъаро то панҷ дарсад метавонад боло бубарад.

Ин дар ҳолест, ки натоиҷи як назарсанҷии ахир дар миёни муҳоҷирони корӣ дар Тоҷикистон нишон додааст, ки ҳар севумин муҳоҷири кории тоҷик дар асари бӯҳрони ҷаҳонии молӣ бекор мондааст.

Бар асоси иттилоъи манобеъи вазорати кишвар, мизони ҷароим дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш аст. Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ниҳодҳои интизомӣ дар Тоҷикистон 5516 ҷурмро сабт кардаанд, ки ин рақам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 4.7 дарсад болотар аст.

Аз сӯйи дигар бархе аз соҳибназарон нигаронии худро аз афзоиши мавориди кашф ва мусодираи миқдори зиёде аз аслиҳаи мухталиф дар ин авохир дар шаҳри Душанбе иброз доштаанд.

Дар авосити моҳи июн Вазорати кишвари Тоҷикистон аз кашфи чаҳор махфигоҳи аслиҳа дар тӯли ин моҳ хабар дода буд. Яке аз ин махфигоҳҳо дар шаҳри Душанбе кашф шуда ва аз он миқдори қобили мулоҳизаи аслиҳа пайдо шуда буд.

Қаблан низ гузоришҳое дар бораи кашфи махфигоҳҳои аслиҳа дар пойтахт ва кашфи аслиҳа дар манзили яке аз сокинони шаҳри Душанбе интишор ёфта буд.

Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ҳодисаи қатли як бозаргон метавонад нигарониҳоеро дар миёни сармоягузорон дар заминаи фазои бозаргонӣ ва тиҷорат дар Тоҷикистон дар пай дошта бошад.

BBC



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi