11:33:48 06-уми Августи 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ТАРҲИ ТОЗАИ МУҲОҶИРАТ АЗ АЙНӢ БА ЗАФАРОБОД

 

Ҳукумати ноҳияи Айнии вилояти Суғд барои кӯч додани 800 хонавода аз ин ноҳия ба ноҳияи Зафаробод тарҳи тозае ба давлати Тоҷикистон пешниҳод кардааст.

Ба гуфтаи Убайдулло Рашидов, раиси Идораи таъминоти иҷтимоъӣ ва муҳоҷират дар вилояти Суғд, дар сурати тасвиби ин барнома қарор аст дар солҳои 2010-1012 ҳудуди 800 хонавода аз бархе рустоҳои ноҳияи Айнӣ ба ҷамоъати деҳоти Ҷомӣ, ё ба қавли сокинони маҳаллӣ, ба деҳаи Гулистони ноҳияи Зафаробод барои иқомати доимӣ кӯч дода шаванд.

Оқои Рашидов мегӯяд, ки ин хонаводаҳо омода ҳастанд ба сабаби камбуди заминҳо барои кишоварзӣ дар ноҳияи кӯҳистонии Айнӣ ва иқомат дар ҷойҳои дар баробари ҳаводиси табиъӣ осебпазир ба таври довталабона ба ноҳияи дигар муҳоҷират кунанд.

Ба асоси иттилоъи ин манбаъ, дар сурати тасвиб ва иҷрои ин барнома қарор аст ба ин хонаводаҳо қитаъоти замин барои сохтмони манозил ва ҳамчунин қитаъоти замин барои кишоварзӣ ихтисос дода шавад.

Оқои Рашидов мегӯяд, ки дар солҳои 2005-2006 ҳудуди 40 хонавода аз ноҳияи Ғончии вилояти Суғд ба деҳаи Гулистони ноҳияи Зафаробод кӯчидаанд.

Ба ин хонаводаҳо низ қитаъоти замин барои бунёди манозил ва кишоварзӣ ихтисос дода шуда буд. Вале, ба гуфтаи окои Рашидов, то кунун ин муҳоҷирон аз фароҳам набудани шароити мувофиқ барои зиндагӣ азият мекашанд.

Оқои Рашидов гуфт, ки сокинон қабл аз ҳама аз камбуди об ранҷ мебаранд, зеро пойгоҳҳои обкашӣ кор намекунанд ва мардум маҷбуранд чоҳҳои зеризаминӣ кобанд ва ё обро аз дигар маҳаллот ба рустои худ биёранд.

Гузашта аз ин, дар ин деҳа мардум бо маблағи худашон мактабе месозанд, ки то кунун фаъол нашудааст ва кӯдакону наврасони ин деҳа маҷбуранд барои таҳсил ба мактабе дар деҳаи дигар бираванд, ки дар фосилаи дуртаре воқеъ аст.

Убайдулло Рашидов, раисиИдораи таъминоти иҷтимоъӣ ва муҳоҷират дар вилояти Суғд, мегӯяд бори аввал нест, ки давлатбарномаҳоеро барои кӯч додани мардуми як маҳал ба маҳалли дигар роҳандозӣ мекунад, вале дар натиҷа на ҳамеша мардуми муҳоҷир аз муҳоҷирати худ ба маҳалли дигар ба далели мушкилоти фаровоне розӣ ҳастанд.

Ба унвони мисол, оқои Рашидов гуфт, ки тақрибан ду сол қабл низ иддае аз мардуми ноҳияи кӯҳистонии Мастчоҳ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, дар ҷануби кишвар, муҳоҷират карданд, вале онҳо низ бо мушкилоти мухталифе, аз қабили бунёди манозил, рӯбарӯ шудаанд.

Солҳои 2003-2005 аз ноҳияи Исфара 48 хонавода дар чорчӯби барномаи давлатии муҳоҷират ба таври довталабона ба ноҳияи Носири Хисрави вилояти Хатлон кӯчиданд. Вале гуфта мешавад аз 48 хонаводаи муҳоҷир ҳоло 44 хонавода дубора ба Исфара баргаштаанд.

Дар ин муддат теъдоди зиёде аз хонаводаҳо аз деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ ба мавзеъи Даштикони ноҳияи Истаравшан, ки акнун шаҳраки "Ваҳдат" ном гирифтааст, низ кӯч дода шуда буданд.

Ҳарчанд бештари ин хонаводаҳо дар ин маҳалл мондагор шудаанд, вале онҳо ҳамвора аз мушкилоте назири камбуди дастрасӣ ба оби нӯшиданӣ ва об барои обёрии заминҳо, тармим нашудани роҳи мошингард, ки бахусус дар фасли зимистон мушкилофарин аст, сохта нашудани мактаби ҷадид дар ин шаҳрак ва ғайра шикоят мекунанд.

BBC



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi