19:36:36 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

КАШФИ ҶАСАДИ ДУХТАРЕ ҶАВОН ДАР РӮДХОНАИ ДУШАНБЕ

 

Кормандони гурӯҳи наҷот дар рӯдхонаи Душанбе, дар наздикии муҷтамаъи “Шарқи Озод” ҷасади духтаре зери 20-соларо пайдо карданд.

Ба гуфтаи онҳо, таҳқиқи муқаддамотӣ маълум карда, ки ин ҷасад ба Нилуфари Давлатзода, мутаваллиди 1992 мутаъаллиқ будааст. Вай панҷ рӯз қабл аз манзилаш, дар рустои Якағӯзи ноҳияи Варзоб, нопадид шудааст. Баъд аз зӯҳри рӯзи душанбеи 29 июн афроди зиёде дар пули назди муҷтамаъи “Шарқи Озод” бар фарози рӯдхонаи Душанбе гирдиҳам омада буданд ва ба манзараи берун овардани ҷасади Нилуфар назорат мекарданд.

Сайфуллоҳ Миров, раиси идораи гурӯҳи наҷоти Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон, гуфт, ки пайвандони Нилуфар ҷасади вайро шинохтаанд, аммо вай афзуд, ки пулис машғули таҳқиқи чигунагии марги ин духтар аст.

Дар ҳамин ҳол, шоҳидони айнӣ, ки қабл аз омадани гурӯҳи наҷот ҷасадро дар рӯдхона дидаанд, мегӯянд, ки дар бадани духтар нишонаҳое аз марги иҷборӣ ба назар мерасид. Вале пулис ин гуфтаро ҳануз таъйид накардааст.

Як ҷавон, ки номашро нагуфт, иброз дошт, ки ҷасади духтарро дар рӯдхона дидааст. Вай мегӯяд, ки пойи рости ин духтар набуд ва вай комилан лухт буд.

Дар ҳамин ҳол, оқои Миров мегӯяд, ки кормандони гурӯҳи наҷот дар як ҳафати ахир чаҳорумин ҷасадро аз оби рӯдхонаҳо дар Душанбе ва маҳаллоти перомуни он берун меоваранд.

Ин масъулони кумитаи умури изтирории Тоҷикистон афзуд, ки аксари афроди ғарқшударо кӯдакон ва ҷавонони зери 20-сола ташкил медиҳанд.

Ба гуфтаи вай, дар як ҳафати ахир гурӯҳи наҷот 17 маротиба ба макони ҳаводиси номатлуб, аз ҷумла ғарқшавӣ рафтааст, ва кормандон дар бархе авқот муваффақ шуданд кӯдаконро аз ғарқшавӣ наҷот диҳанд.

Масъулони кумитаи умури изтирорӣ мегӯянд, ки дар бархе авқот онҳо шоҳиди он мешаванд, ки теъдоде кӯдакон, ҳатто то синни ҳафтсола, дар ҷойҳои хатарноки рӯдхона ва кӯлҳо ба шиноварӣ машғуланд.

Онҳо ҳушдор доданд, ки дар фасли тобистон мавориди ғарқшавии кӯдакон бамаротиб зиёд мешавад ва аз волидону пайвандон даъват кардаанд, ки кӯдаконро бидуни назорат иҷозаи шиноварӣ дар кӯлҳо ва рӯдхонаҳо надиҳанд.

BBC



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi