08:09:05 02-уми Июли 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/14_--01-a-aaaaaaaflood226bbc.jpg'

БОЗ ДУ КУШТА ДАР АСАРИ СЕЛОБ ДАР ТОҶИКИСТОН

Бар асари борандагии шадид ва обхезӣ дар навоҳии Файзобод, дар шарқ ва Ғончӣ дар шимоли Тоҷикистон, ду нафар ҷон бохтаанд. Дӯстмурод Забиров, як масъули дафтари матбуъотии Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 14 май ба Би-би-сӣ гуфт, ки бар асари ҷорӣ шудани сел чанд манзили маскунӣ дар рустои Лолагии ноҳияи Файзобод хароб шуда ва Раҳмоналии Назаралии 10-сола зери селоб монда ва фавт кардааст.

 

Гуфта мешавад кормандони умури изтирорӣ ҷасадро аз зери лойоба берун кашида ва ба хонаводааш супурдаанд. Тибқи гузоришҳои ниҳодҳои умури изтирорӣ, дар рустои Сурхоби ноҳияи Ғончӣ низ Нодира Одинаеваи 12-сола ба ҳангоми бозгашт аз мактаб ба хона дар селоб ғарқ шудааст.

 

Ҳамчунин, дар ин русто бар асари ҷорӣ шудани сел 27 сар гов ва 67 сар гӯсфанду буз нобуд шудааст. Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, дар соли ҷорӣ дар манотиқи шимоли Тоҷикистон аз ҳаводиси табиъӣ шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Ғончӣ бештар осеб дида ва хисороти ворида 6 милюн сомонӣ ё муъодили 1,3 милюн дулори омрикоӣ арзёбӣ шудааст.

 

Дар назар аст, 100 хонаводаи осебдидаи ноҳияи Ғончӣ ба минтақае амн дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд кӯч дода шавад. Бино ба иттилоъи оқои Забиров, дар пайи борандагии шадиди шаби гузашта рустои Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, воқеъ дар ҳумаи ҷануби шаҳри Душанбе, низ осеб дидааст.

 

Ниҳодҳои умури изтирорӣ сокинони русторо оҷилан ба маҳалле амн кӯч дода ва аз талафоти ҷонӣ ҷилавгирӣ кардаанд. Панҷшанбеи 13 май хабаргузории "Asia-Plus" аз қавли раиси ноҳияи Шаҳритус, дар ҷануби Тоҷикистон, хабар дод, ки баъд аз зуҳри дирӯз 116 хона дар рустои Пахтаободи ин ноҳия низ аз сел осеб дидааст.

 

Гуфта мешавад аз ин ҷумла 9 хона комилан ва 14 хона қисман ва ҳамчунин мазореъи зиёде дар ин ҳодиса хароб шудаанд. Манобеъи маҳаллӣ мегӯянд, осебдидагонро ба ҷойи амн кӯч додаанд ва кумисиюни вижа ба арзёбии хисорот машғул аст.

 

Зимнан, тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, дар зарфи чанд моҳи ахир бар асари борандагиҳои шадид ва ҷорӣ шудани сел беш аз 40 нафар кушта шудаанд ва ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 600 милюн дулори омрикоӣ хисорот ворид шудааст.

 

Бештари хисорот дар шаҳри Кӯлоб ва навоҳии атрофи он, дар ҷануби Тоҷикистон рух дода ва дар асари ин ҳодиса 20 то 30 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар ҳамчунон нопадид ҳастанд. Давлати Тоҷикистон барои рафъи авоқиби ҳаводиси табиъӣ аз кишварҳои хориҷӣ ва озмонҳои хайрияи байналмилалӣ хостори кумаки башарӣ шудааст.

 

Ахиран, дар посух ба ин дархост давлати Арманистон эълом доштааст, ки ба манзури кумак ба осебдидагони ҳаводиси табиъӣ ба Тоҷикистон 100 ҳазор дулор ихтисос хоҳад дод. Дар ҳамин ҳол, Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон идомаи боришҳо дар тӯли моҳи ҷориро пешбинӣ кардааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2299-2010-05-14-14-06-56.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ