ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗ ДАР КИШВАРҲОИ ҲАМЗАБОН
Наврӯз – соли нави мардуми форсизабон буда, таърихи қадим дорад. Шукри Худо, Иди Наврӯзро мо имрӯз бо шукӯҳ ва шаҳоматӣ зиёд ҷашн мегирем. Наврӯз дар кишварҳои Эрону Афғонистон низ иди расмист. Аҳли Афғонистон низ ҳамчун мардуми мо ба Наврӯз омодагии ҳамаҷониба мебинанд. Дар бисёр хонаводаҳо чанд моҳ қабл аз фарорасии Наврӯз хурӯс парвариш мекунанд, ки «Хурӯси наврӯзӣ» ном дорад. Дар арафаи ид суманак мепазанд. Рӯзи ид ҷавонмардон дар мелагоҳ ғун шуда, яке аз ҳамсолони худро дар тимсоли «Бобои Наврӯзӣ» оро медиҳанд.
Чун анъана барои вай риши сохта омода месозанд, сала мебанданд ва ба дасташ асо (тиёқ) медиҳанд. «Бобои Наврӯзӣ» бо дӯстони худ дар ба дар гашта, мардумро аз расидани иди Наврӯз, иди баҳору киштукор огоҳ месозад. Мардум ба онҳо тӯҳфаву савғотиҳо медиҳанд. Дар арафаи Наврӯз мусобиқоти гӯштингириву бузкашӣ барпо мегардад.
Мардуми меҳнатдӯсти Афғонистон дастурхони идона ороста, ҳамдигарро ба зиёфат даъват менамоянд. Рӯзи Наврӯз дар дастурхони мардум мавҷудияти ҳафт навъи таом ё хӯрдание, ки бо ҳарфи «син» ибтидо мегиранд, ҳатмист. Дастурхони идона, инчунин бо шириниҳо, тухми мурғ, ҷурғот, оина, палав оро дода мешавад. Орд-рамзи сериву фаровонӣ ва тухми мурғ тимсоли ҳаёти нав аст. Оина бошад, рамзи покиву софдилӣ ва рӯшанист.
Дар Афғонистон ҳам чун дар эрону Туркия рӯзи расидани ид фарзандон падару модарони худро муборакбод менамоянд ва дастони ишонро мебӯсанд. Модарон ба кӯдаконашон шириниҳо тақдим медоранд, то ки рӯзгорашон ҳамеша гуворо бошад. Мардум рӯзи ид бармаҳал аз хоб мехезанд, то ки хушбахт бошанд ва насибаашон комилтар шавад. Бисёриҳо дар арафаи Наврӯз ба хотири савоб дарахт мешинонанд.
Ниёгони мо Наврӯзро аввалин рӯзе медонистанд, ки ҳаёт дар Замин оғоз шудааст. Худованд осмону замин, офтобу сайёрагон, обу гиёҳ ва ҷонвару одамиро дар шаш рӯз офаридааст. Дар Қуръони Маҷид омадааст: «Халақаллоҳус самовоти вал арза фи ситтата айёмин» (Худованд осмону заминро дар шаш рӯз офарид). Ҳаминтавр Наврӯз саршавии ҳаёт аст.
Аз ин рӯ мардуми Эрон мехоҳанд, ки оғози ҳар амри муҳим ва кори хайр ба Наврӯз рост ояд. Тибқи ривоятҳои қадим Шоҳ Ҷамшед найшакарро дар Наврӯз пайдо намуда фармудааст, ки аз он шакар бигиранд. Ҳамчунин нақл аст, ки Сулаймон алайҳиссалом ангуштарини худро гум кард ва чанд муддат подшоҳӣ аз дасташ рафт. Чун дуввумбора ангуштаринашро ёфт, шукӯҳи пешинааш барқарор шуд, подшоҳон назди ӯ рафтанд ва мурғон ба наздаш бозгаштан. Онгоҳ эрониён гуфтанд: «Наврӯз омад» (маҷаллаи «Зани рӯз», №1354).
Дар Эрони имрӯз низ аз миёнаҳои исфандмоҳ сар карда, ба Наврӯз омодагӣ мебинанд. Алалхусус ин тараддуд дар деҳот бештар аст. Шаби «Чаҳоршанбеи сурӣ» мардум оина мехаранд, ки он рамзи самимияту якрангӣ аст. Ҳамчунин кӯза (зарфи нигоҳдошти об, ки он рамзи ҳаёту покизагист) ва исфанд (испанд, барои рафъи чашми бад) низ харидорӣ мекунанд. Дар ҳар хонавода ош мепазанд. Ин ғизо маҷмӯае аз ҳама донаҳо, сабзӣ (кубудӣ)-ҳо ва маводи аввалияи ғизоиро бо худ дорад, ба он умед, ки дар соли оянда рӯзашон ҳамеша пурбаракат бошад.
Мардум рӯзи ид ба боғистону гулзор, канори рӯдҳову чашмаҳо рафта, омадани баҳорро истиқбол мекунанд. Дар Шероз духтарон шаби пеш аз ид як нах тобида ҳафт ранги абрешимиро ба миёнашон мебанданд. Субҳи рӯзи ид баъди тулӯи офтоб кӯдакеро водор мекунанд, ки гиреҳро аз миёнашон бикушояд, то бахти он духтар кушода шавад. Дар Сорӣ духтарон субҳи барвақт аз хоб бармехезанд ва ба наздиктарин ҷӯи хонаашон мераванду ҳафтбор аз ҷӯи об мепаранд ва ҳар дафъа бо худ мегӯянд: «Соли дигар – хонаи шавҳар».
Дар Аҳвоз духтарон барои бахткушоӣ субҳи барвақт як кӯзаи сафолини пур аз оби шабмондаро дар пойгоҳи дар мешикананд. Дар Курдистон ҳангоми бозгашт аз саҳро ҳар зану духтаре 13 сангреза мечинад ва пушти сари худ мепартояд, то наҳсиҳои соли рафтаро аз худ дур намоянд. Моҳияти Наврӯз новобаста аз ҷой ва маҳалли истиқболу ҷашнгириаш дар ҳама кишварҳо яксон аст. Наврӯз ин истиқболи хушу хурсандона ва тантанавори баҳор дар деҳоту аҳрҳост.
Анъана ва расму оини истиқболи он дар кишварҳои гуногун фақат бо ҷузъиёташ тафриқа доранд. Ҳам дар Эрону Афғонистон, ҳам дар Туркияву ҷамоҳири Осиёи Марказӣ иди баҳорро бо номи қадимиву забони аслиаш «Наврӯз» меноманд.
Таҳияи Аҳмадшоҳи Султон, «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/1976-2010-03-21-12-04-37.html