11:15:57 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

ТАҲҚИҚИ ПАРВАНДАИ ҲОКИМШОҲ ТИЛЛОЕВ ОҒОЗ ШУД

 

Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи Ҳокимшоҳ Тиллоев, раиси пешини ширкати давлатии ҳавоии "ТоҷикЭйр" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Абдусамеъ Додобоев, муъовини аввали Додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи душанбе, 15 июн ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин парванда дар асоси шикоёти чанд тан аз шаҳрвандони кишвар боз шудааст. Ба гуфтаи вай, миёни ин афрод ва Ҳокимшоҳ Тиллоев "муъомилоти молие" сурат гирифтааст ва ин шаҳрвандон аз додситонӣ ҳифзи манофеъи худро тақозо кардаанд. 

Оқои Додобоев ба далели ворид накардани ихлол ба раванди таҳқиқот аз ироаи ҷузъиёти парванда худдорӣ кард. Вале ба гуфтаи ин мақоми додситонӣ, то ҳол мавзӯъи "бозрасии фаъолияти Ҳокимшоҳ Тиллоев дар симмати раиси ширкати "ТоҷикЭйр" матраҳ нест."

Дар ҳамин ҳол манобеъи огоҳ мегӯянд, ки далели муроҷиъаи чанд тан аз шаҳрвандон ба додситонӣ алайҳи оқои Тиллоев ба масоили молӣ марбут будааст.

Ҳадс зада мешавад, ки оқои Тиллоев аз чанд тан аз шарикони тиҷоратиаш бидеҳкор шуда ва дар заминаи бозпардохти ин маблағ бо мушкиле рӯ ба рӯ шудааст. 

Бо ин вуҷуд, оқои Додобоев гуфт, ки дар сурати зарурӣ бозрасон метавонанд, фаъолияти оқои Тилолевро дар симмати раиси ширкати "ТоҷиқЭйр" низ баррасӣ кунанд.

Зимнан, Ҳокимшоҳ Тиллоев аз моҳи январи соли 2006 то моҳи ноябри соли 2008 мақоми раиси ширкати "ТоҷикЭйр"-ро бар уҳда дошт. Бархе аз сомонаҳои интернетӣ аз густариши фасод дар фаъолияти ин ширкат дар солҳои раҳбарии оқои Тиллоев матолиби зиёде мунташир кардаанд. 

Вале бархе аз коршиносон мегӯянд, ки маҳз дар замони раҳбарии оқои Тиллоев "ТоҷикЭйр" тавонистааст аз шароити бади молӣ ва иқтисодӣ берун ояд. Дар ин солҳо оқои Тиллоев тавонистааст, барои нахустин бор чанд фарванд ҳавопаймоҳои "Боинг"-ро барои "ТоҷикЭйр" ба иҷора бигирад. Дар гузашта муддати чанд сол Ҳокимшоҳ Тиллоев дар симмати раиси бахши Идораи гумрук дар вилояти Суғд ва сипас муъовинати аввали Вазорати дороиҳо ва оидотро бар уҳда дошт.

Ҳарчанд оқои Тиллоев аз мутахассисини арсаи ҳавонавардӣ маҳсуб намешуд, вале зимни таъйини вай ба симмати раиси ширкати "ТоҷикЭйр" таъкид мешуд, ки дар шароити вақт, ин ширкат ба мудири варзида зиёд ниёз дорад.

BBC 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi