«Муроҷиатҳо зери назоратанд!»
Прокуратураи вилоят ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»-ро дар 9-моҳи соли 2025 мавриди таҳлил ва ҷамъбаст қарор дод.
Ҷамъбаст нишон дод, ки дар ин давра шумораи муроҷиатҳое, ки ба прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ворид гаштаанд 7436 (7304) ташкил дода, аз ҷумла шахсони воқеӣ 7075 (7062), шахсони ҳуқуқӣ 361 (242) муроҷиатро ташкил медиҳанд.
Таҳлилҳо нишон додаанд, ки муроҷиатҳои ворид гардида дар умум вобаста ба санадҳои ҳуқуқӣ 2534 муроҷиат аз ҷумла, 210 муроҷиат вобаста ба қонунгузории меҳнат, 68 муроҷиат вобаста ба манзил, 36 муроҷиат вобаста ба нафақа, 8 муроҷиат вобаста ба хусусигардонӣ, 16 муроҷиат вобаста ба саҳмдорон ва амонатгузорон, 2131 муроҷиат вобаста ба замин, 43 муроҷиат вобаста ба масъалаи андоз, ва 14 муроҷиат вобаста ба вайронкунии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” мебошанд.
Бо натиҷаи баррасии муроҷиатҳои мазкур 29,6 (26,7) фоиз ё худ 570 (558) қонеъ, 109 (115) рад ва бо 1415 (1415) муроҷиат талаботи қонун фаҳмонида дода шудааст.
Дар ин давом 582 (563) ҳолати ҳуқуқҳои поймолгаштаи шахсони воқеӣ муайян гардида, барқарор карда шудааст.
Аз шумораи умумии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ба прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо воридшуда 247 (219) муроҷиат ҳамроҳ, 4648 (4502) муроҷиат аз руи тобеъият, аз ҷумла 1601 (1050) ба прокуророни поёнӣ, боқимонда ба дигар мақмотҳо фиристонида шуда, 260 (253) муроҷиат дар арафаи баррасӣ қарор дорад.
Аз муроҷиатҳои шахсони ҳуқуқӣ воридгардида бошад 156 (121)-тои он аз ҷониби кормандони прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бевосита мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.
Бо натиҷаи баррасии муроҷиатҳои мазкур 46,7 (52,0) фоиз ё худ 73 (63) қонеъ, 5 (4) рад ва бо 78 (54) муроҷиат талаботи қонун фаҳмонида дода шудааст.
Дар ин давом 86 (63) ҳолати ҳуқуқҳои поймолгаштаи шахсони ҳуқуқӣ муайян гардида, барқарор карда шудааст.
Аз шумораи умумии муроҷиатҳои шахсони ҳуқуқӣ ба прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо воридшуда 17 (10) муроҷиат ҳамроҳ, 161 (91) муроҷиат аз руи тобеъият, аз ҷумла 61 (33) ба прокуророни поёнӣ, боқимонда ба дигар мақмотҳо фиристонида шуда, 27 (20) муроҷиат дар арафаи баррасӣ қарор дорад.
Асосан дар маҳалҳо ҳангоми гузаронидани санҷишҳои прокурорӣ таҷрибаи қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба таври васеъ истифода бурда шуда, муносибат ба аҳолӣ дар сатҳи лозима ба роҳ монда шудааст.
Ин муддат аз тарафи кормандони прокуратураи вилоят дар маҷмуъ дар қабули шахсӣ 3050 (2944)-нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 106 нафар ва ё 3,4 фоиз зиёд гардидааст.
Аз ин шумора прокуророни шаҳру ноҳияҳо 2392 (2283) нафарашро дар қабули шахсӣ қабул намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 109 нафар ва ё 4,5 фоиз зиёд мебошад.
Бевосита дар ҷои кор 2010 (1890) нафар шахсони воқеӣ ва шахсони ҳуқуқӣ қабул карда шуда, ба онҳо барои ҳалли ин ва ё он масъала маслиҳатҳои қонунӣ дода шудаанд, ки 65,9 (64,1) % шумораи умумии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии қабулшударо ташкил медиҳад.
Прокуратураи вилоят мунтазам вазъи воридшавӣ ва баррасии арзу шикоятҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро таҳлил намуда, барои пурзӯр намудани назорати прокурорӣ вобаста ба иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» чораҳои амалӣ меандешад.
Натиҷаи ин аст, ки дар давоми 9 моҳи соли 2025 ҳамаи муроҷиатҳои воридгардида дар муҳлат баррасӣ гардида, ба муҳлатвайронкуни роҳ дода нашудааст ва боиси норозигии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нагардидааст.
Дар ин давра, аз тарафи кормандони дастгоҳи марказии прокуратураи вилоят ҳолати иҷрои ин қонун 2 маротиба санҷида шуда, аз натиҷааш 5 пешниҳод, 5 амр оварда, 20 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 10 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва 6 (3) парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 163 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оѓоз карда шудааст.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки бо баррасии муроҷиатҳои ворид гардида бошад дар 33 (31) ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оѓоз карда шудааст.
Ҳангоми санҷиши ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар маҳалҳо ба воситаи гузаронидани вохуриҳо дар ташкилоту муасиссаҳо ва хоҷагиҳо, инчунин тавассути радиоҳои маҳалли баромад намуда, ба диққати аҳолии ин ё он маҳал мазмун ва моҳияти қонун фаҳмонида дода шудааст.
Инчуни роҳбарият ва дигар кормандони прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вобаста ба иҷрои фармонии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 27 аз 15 феврали соли 2016 «Дар бораи вазифаҳои мақомоти прокуратура оид ба ташвиқу тарѓиби қонунҳо, иштирок дар тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ва робита бо ҷомеъа» чораҳои зарурӣ андешида, фаъолона ба воситаи ахбори умум баромад намуда, дар байни аҳолӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва хоҷагиҳо 346 вохӯриҳо гузаронида, мақсаду моҳияти қонуни мазкурро ба шаҳрвандон фаҳмонида додаанд.
Прокуратураи вилоят ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мурочиатҳои шахсони вқеӣ ва ҳуқуқӣ»-ро таҳти назорати доимӣ қарор дода, онро яке аз самтҳои асосии фаъолияти худ ҳисобида, тамоми чораҳоро меандешад, ки ҳар як муроҷиат дар доираи талаботи қонун баррасӣ гардида, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон поймол нагардад.
Сулаймонзода Ҳ.С., Ёрдамчии калони прокурори вилоят оиди қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳои онҳо, мушовири адлияи дараҷаи 2
















