“Ҳар он кас, ки шараф дорад кабир аст!
Зоиров Фаррух Зафарович, соли таваллудаш соли 1995, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Шаҳритус, Ҷамоати шаҳраки Тус, миллаташ- тоҷик, маълумоташ миёна, оиладор соҳиби 3 фарзанд, моҳи июни соли 2014 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия рафта, ҳангоми дар он ҷо қарор доштанаш бо аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ-экстремистии «Давлати исломии Ироқу Шом» Содиқов Ҳусейн Абдувалиевич (бо ҳукми суди ноҳияи Шаҳритус аз 28.05.2017 сол бо моддаи 4011 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 18 сол маҳкум гардидааст), шиносои пайдо намуда, як муддат дар як манзили иҷоравӣ дар суроғаи шаҳри Москва бо ӯ истиқомат намудааст.
Сипас ӯ бо таклифи Содиқов Ҳ.А. ба ғоя ва мақсадҳои ташкилоти террористӣ ва экстремистии бо ном «Давлати исломии Ироқу Шом», ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2015 ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)-террористӣ эътироф гардидаасту мақсадашон сарнагун сохтани як қатор давлатҳои демократии дунявӣ ва барпо намудани давлати ягонаи исломии «Хилофат» мебошад, шиносоӣ пайдо намуда, онро қабул намудааст.
Баъдан ӯ дидаву дониста, ки иштирок намудан дар амалиётҳои ҷангӣ бар зидди ҳукумати қонунии давлатҳои дигар хилофи қонун буда, ҷиноят эътироф шудааст, бо даъват ва кӯмаки моддии Содиқов Ҳ.А. бо мақсади тавассути Ҷумҳурии Туркия ба давлатии Арабии Сурия рафтан чиптаи ҳавопаймоии хатсайри Москва-Истамбул-ро харидорӣ намуда, санаи 20.09 соли 2014 ба Ҷумҳурии Туркия сафар менамояд, ки қабл аз сафар намуданаш ба бародараш Зоиров Фирӯз Зафарович, оид қасди сафар доштанаш ба Давлати арабии Сурия ва дар онҷо “ҷиҳод” намуданаш хаттӣ ба тариқи навиштани нома хабар додааст.
Пас аз аз расидан ба шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия тибқи маслиҳати пешакӣ бо Содиқов Ҳ.А. доштааш, нафаре бо номи “Абдулло”, ки шахсияташ дар рафти пешбурди тафтишоти пешакӣ муайян нашуд, ӯро аз фурудгоҳи шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия гирифта, тавассути автомашинаи мусофиркаш ба самти давлати арабии Сурия равон намудааст, ки дар наздикии сарҳад бо давлати арабии Сурия дар қаламрави Ҷумҳурии Туркия аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин давлат дастгир гардида, тариқи маъмурӣ аз қаламравӣ Ҷумҳурии Туркия берун карда шудааст, ки ӯ бо мақсади дур мондан аз ҷавобгарӣ дар аввал ба Ҷумҳурии Украина сипас ба Ҷумҳурии Австрия фирор намудааст. Сипас санаи 06.10.2024 сол бинобар вайрон кардани қонунгузори Ҷумҳурии Австрия дар бораи муҳоҷират аз қаламрави ин кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ихроҷ карда шудааст. Дар ин асос нисбати мавсуф парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди итмоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол карда шудааст.
Бо ҳукми суди ноҳияи Шаҳритус аз 16 феврали соли 2025 ба судшаванда Зоиров Фаррух Зафарович барои содир намудани ҷинояти бо моддаи 32 қисми 3-4011 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда гунаҳкор дониста шуд. Ба ӯ барои содир намудани ҷинояти мазкур ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 15 сол бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дорои низоми сахт таъин карда шудааст.
Чунин аъмоли нангин бешубҳа аз нахондан, надоштани шуур ва андешаи миллӣ сарчашма гирифта боиси даст задан ба чунин ҷиноятҳои вазнину нангин мегардад.
Дар ин маънӣ Фирдавсии бузург беҳуда нагуфтааст:
Тавоно бувад ҳар,ки доно бувад,
Зӣ дониш дили пир барно бувад!
Оре, дар ин маънӣ инсон бояд дониш дошта бошад, то ба шарафи инсонӣ даст ёбад.
Чуноне, устоди зиндаёд Мирзо Турсунзода фармудаанд:
Шараф чизи таҷовузнопазир аст,
Ҳар он кас, ки шараф дорад кабир аст!
Варқаи Зайниддин,Ёвари калони прокурори вилоят,мушовири адлияи дарачаи 1