15:04:00 21-уми Июли 2025 сол

“Сухан бояд созанда бошад на сӯзанда”

Раҳимова Бибӣ Мироҷовна, соли таваллудаш 1962, истиқоматкунандаи ноҳияи Балҷувон, Ҷамоати деҳоти Сари Хосор, деҳаи Афардӣ моҳи феврали соли 2023 писараш Муҳаммадюсуфи Абдуалим, соли таваллудаш 2000-умро бо шаҳрванд Мадинаи Ҳамид, таваллудаш соли 2004, сокини ноҳияи Балҷувон, Ҷамоати деҳоти Сари Хосор, деҳаи Шайдон оиладор намудааст.

4 khudkushi 6565124545Ӯ дидаю дониста, ки Мадинаи Ҳ. ҳамчун келин аз ҷиҳати моддӣ ва дигар тобеи ӯ мебошад дар давоми зиндагиаш аз моҳи феврали соли 2023 то моҳи сентябри соли 2023 нисбати Мадинаи Ҳ. мунтазам таҳдид ва шаъну эътибори шахсиашро бо роҳи истифода намудани суханони таҳқиромез ва пасткунандаи шаъну эътибор инсон,дар назди хонаводааш, ҳамсояҳо ва дигарон таъна мекардааст, ки ту мебели арзон овардӣ, падарат инсони пастфитрат ва чиркин аст ва монанди ҳамин гуна маълумотҳои бадномкунандаро нисбати охирон паҳн намудааст.

Дар натиҷа Мадинаи Ҳ. ба кирдорҳои ӯ тоб наоварда, ягона роҳи халосиро аз суханони таҳқиромез, пасткунандаи мунтазами шаъну эътибораш ва дигар рафторҳои хуштоманаш Раҳимова Б.-ро барои худ дар худкушӣ намуданаш дониста, санаи 05 сентябри соли 2023, тахминан соати 14:30 дақиқа дар дохили оғилхонаи Раҳимова Б.М. воқеъ дар суроғаи боло зикршуда, бо воситаи банди синтетикӣ худро тариқи овезон намудан даст ба худкушӣ зада, дар натиҷа дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Нисбати Раҳимова Бибӣ Мироҷовна бо моддаи 109 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ аз тарафи прокуратураи вилоят дар минтақаи Кӯлоб барои баррасӣ ба суди ноҳияи Балҷувон ирсол карда шудааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Балҷувон аз 21.10.2024 сол Раҳимова Бибӣ Мироҷовна бо ин моддаи КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, бо дастрасии м.63 КҶ ҶТ нисбаташ ҷазои маҳрум аз озодӣ ба мӯҳлати 1 сол бо адои ҷазо дар коллонияҳои ислоҳии дорои низомашон умумӣ таъин карда шудааст.

Чунин амалҳои нангин аз шуури пасти инсонӣ сар мезананд ва мутаасифона боиси ба ҳалокат расидани инсони аз сад гул як гулаш нашкуфтаю пурармон мегарданд!

Аз ин рӯ бузургон нагуфтаанд, ҳар сухан ҷоеву маконе дорад.Дар ин маънӣ сухан бояд созанда бошад на сӯзанда!

Варқаи Зайниддин, Ёвари калони прокурори вилоят,мушовири адлияи дараҷаи 1

Назари Шумо

Security code
навсозӣ