15:01:58 21-уми Июли 2025 сол

“Риояи қонунгузориҳо дар самти меъморӣ ва шаҳрсозӣ - талаби замон!”

Прокуратураи вилояти Хатлон ҳолати риоя ва иҷрои талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунгузории амалкунандаро вобаста ба лоиҳакашӣ, сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, инчунин риояи талаботи нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассалро дар миқёси вилоят дар давоми 6 моҳи соли 2025 мавриди санҷиш ва таҳлилу ҷамъбаст қарор дод.

2 memori va shahrsozi 3265452154Бояд тазаккур дод, ки дар заминаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълон гардидани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” аз 10 январи соли 2025, №915 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” аз 11 феврали соли 2025, №2142 қабул гардида, тибқи талаботи санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқии номбаршуда амали муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар муддати 2 сол боздошта шуданд.

Бинобар ин, санҷишҳои прокурорӣ бо риояи талаботи мазкур гузаронида шуда, дар аксар маврид аз гузаронидани санҷишҳо дар фаъолияти ширкатҳои сохтмонӣ (пудратчиён) худдорӣ карда шуданд.

Санҷишҳои гузаронидашуда дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Ҷ.Балхӣ ва Хуросон нишон доданд, ки талаботи қонунгузории шаҳрсозию меъморӣ ҳангоми қабули қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо риоя карда намешаванд.

Масалан, бо қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 04 апрели соли 2024, №281 ба шаҳрванд Раҷабзод Шаҳриёр Ҷумъа барои сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ аз ҳисоби заминҳои зер ва атрофи хонаҳои истиқоматӣ, воқеъ дар шаҳри Кӯлоб, кӯчаи А.Абдураҳмонов майдони 0,53 гектар қитъаи замин бо ҳуқуқи истифодабарии бемӯҳлат дода шудааст.

Вале, санҷиш нишон дод, ки қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 04 апрели соли 2024, №281 бар хилофи талаботҳо  оиди  Нақшаи генералии шаҳри Кӯлоб ғайриқонунӣ ба тасвиб расидааст.

Муайян карда шуд, ки қитъаи замини ба шаҳрванд Раҷабзод Ш.Ҷ. ҷудогардида мувофиқи Нақшаи генералии шаҳри Кӯлоб дар минтақаи кабудизорҳои истифодаи умум ва боғи истироҳатию фароғатӣ ҷойгир буда, мавзеи мазкур барои бунёди “Шаҳраки донишҷӯён” пешбинӣ шуда, ҷудо намудани қитъаи замин ва ҷойгиркунии биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар ин минтақа мухолифи талаботҳои нақшаи генералӣ мебошад.

Бинобар ғайриқонунӣ ба тасвиб расидани қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 04 апрели соли 2024, №281 санаи 14 майи соли 2025 ба он эътироз оварда, бо натиҷаи баррасӣ бекор карда шуд.

Ба ин монанд, бо қарори раиси шаҳри Бохтар аз 16 сентябри соли 2024, №460 ба шаҳрванд Ҳодиев Зафар Исмоилович барои сохтмони бинои истиқоматии бисёрошёна бо пентхаус қитъаи замин дар масоҳати 630 м2, воқеъ дар кӯчаи ба номи Ҷ.Румӣ бо ҳуқуқи истифодабарии бемӯҳлат дода шудааст.

Санҷиш нишон дод, ки қарори раиси шаҳри Бохтар аз 16 сентябри соли 2024, №460 бар хилофи талаботҳои қонун, бе инобат гирифтани Нақшаи генералии шаҳри Бохтар ғайриқонунӣ ба тасвиб расидааст.

Чунончи, қитъаи замини ба шаҳрванд Ҳодиев З.И. ҷудогардида мувофиқи Нақшаи генералии шаҳри Бохтар барои сохтмони майдончаи бозии кӯдакон, ҷои истироҳати калонсолон, таваққуфгоҳи нақлиётӣ пешбинӣ гардидааст. Бинобар ғайриқонунӣ ба тасвиб расидани қарори мазкур 05 феврали соли 2025 ба он эътироз оварда, бо натиҷаи баррасӣ бекор карда шуд.

Ба ин монанд, бинобар хилофи талаботи қонунгузории шаҳрсозию меъморӣ, нақшаи генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирӣ додани қитъаҳои замин ба қарори раиси шаҳри Бохтар аз 2 феврали соли 2022, №87 “Дар бораи додани қитъаи замин барои сохтмони мағозаи тиҷоратӣ аз масолеҳи сохтмонии навъи сабук ба шаҳрванд Чиллазода Ф.С.”, ба қарорҳои раиси шаҳри Норак аз 29 январи соли 2024, №58 “Дар бораи додани қитъаи замин барои сохтмони биноҳои баландошёна ва бисёрошёна ба шаҳрванд Ализода Ҷ.”, аз 2 сентябри соли 2024, №263 “Дар бораи додани қитъаи замин барои сохтмони бинои баландошёна бо таҳхона ва дар ошёнаи якум нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ ба шаҳрванд Алибегов М.Ҷ.”, ба қарори раиси ноҳияи Хуросон аз 8 ноябри соли 2024, №590 “Дар бораи додани қитъаи замин барои сохтмони нуқтаи шустушӯи нақлиёт”, ба қарорҳои раиси шаҳри Кӯлоб аз 10 ноябри соли 2020, №543 “Дар бораи додани қитъаи замин барои сохтмони бинои сеошёна ба шаҳрванд Ҳофизи К.Д.”, аз 15 августи соли 2024, №542 “Дар бораи иваз намудани мақсади заминистифодабарии қитъаи замин ба шаҳрванд Ҳофизи К.Д. барои сохтмони бинои 6 (шаш) ошёнаи истиқоматӣ ва тағйирот даровардан ба қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 10 ноябри соли 2020, №543”, аз 04 октябри соли 2024, №697 “Дар бораи азнавсозӣ ва вобаста намудани қитъаи замини иншооти хусусии шаҳрванд Бобоев Р.З. барои сохтмони мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ” ва аз 28 марти соли 2025, №231 “Дар бораи додан ва вобаста намудани қитъаи замин барои сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо ҷойгиронии марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дар ошёнаи якум ва таҳхона ба Зардаков Ҷ.Қ.” эътироз оварда, бо натиҷаи баррасӣ бекор карда шуданд.

Дар баробари бо овардани эътирозҳо бекор гардидани қарорҳои мазкур, инчунин бо овардани пешниҳод масъулини ин шаҳру ноҳияҳо уҳдадор карда шуданд, ки истифодаи минбаъдаи заминҳои марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо танҳо дар доираи талаботҳои нақшаи генералӣ ва нақшаҳои муфассал ба роҳ монда шавад.

Инчунин, санҷишҳои прокурорӣ нишон доданд, ки фаъолияти комиссияҳои давлатии қабули назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар мавриди қабул ва ба истифода додани иншооти сохтмонаш анҷомёфта ба талаботи қонунгузорӣ ҷавобгӯй набуда, қарорҳои раиси ноҳия оид ба тасдиқи санадҳои комиссия ғайриқонунӣ ба тасвиб мерасанд.

Масалан, бо қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 03 январи соли 2025, №03 санади комиссияи давлатии қабул тасдиқ карда шуда, манзили истиқоматии сохтмонаш анҷомёфтаи шаҳрванд Ашурова Анорбӣ Ёрмадовна, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Кӯлоб, маҳаллаи Фирдавсӣ бо арзиши фондҳои асосии 300 ҳазор сомонӣ барои истифода қабул карда шудааст.

Бинобар ғайриқонунӣ будани қарори мазкур ва ба ин монанд ба қарорҳои раиси шаҳри Кӯлоб аз 20 январи соли 2025, №30 “Дар бораи тасдиқ намудани санади комиссияи давлатии қабул” ва аз 31 январи соли 2025, №62 “Дар бораи тасдиқ намудани санади комиссияи давлатии қабул” санаи 14 майи соли 2025 эътироз оварда шуда, бо натиҷаи баррасӣ онҳо бекор карда шуданд.

Риоя нагардидани талаботи қонунгузорӣ дар мавриди қабули иншооти сохтмонаш анҷомёфта дар фаъолияти комиссияи қабули ноҳияи Ҷайҳун низ ошкор ва чораҷӯӣ карда шуд.

Ҳолати муроҷиатҳои шаҳрвандон дар қисмати фиреб додани онҳо аз ҷониби шахсони алоҳида ва ширкатҳои сохтмонӣ зимни муайян намудани тарзи ҷойгиршавӣ, арзиши хона, сифати сохтмон зери назорати доимӣ қарор дошта, бо мақсади пешгирии ин ҳолатҳо аз рӯи муроҷиатҳо 3 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Чунончи, Карликов Нуралӣ Файзалиевич дар вазифаи директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Истиқлоли Манучеҳр” кор карда истода, 24 октябри соли 2022 бо истифода аз мақоми хизматӣ ба боварии шаҳрванд Халилова Азиза Шамсидиновна даромада, бо роҳи фиреб, яъне бо баҳонаи аз блоки “А” ошёнаи сеюми бинои навсохташаванда, воқеъ дар ноҳияи Ёвон, кӯчаи Меҳвар додани хонаи як ҳуҷрагӣ бо масоҳати умумии 53 метри мураббаъ, дар ду марҳила 165000 сомонӣ маблағи пулиашро тасарруф намуда, ба манфиатҳои охирон зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Ғайр аз ин, Карликов Н.Ф. 23 декабри соли 2022 бо истифода аз мақоми хизматӣ ба боварии шаҳрванд Латипов Раҳматулло Пардаевич даромада, бо роҳи фиреб, яъне бо баҳонаи аз блоки “А” ошёнаи дуюми бинои навсохташаванда воқеъ дар ноҳияи Ёвон, кӯчаи Меҳвар додани хонаи ду ҳуҷрагӣ бо масоҳати умумии 64,27 метри мураббаъ, 130000 сомонӣ маблағи пулиашро тасарруф намуда, ба манфиатҳои охирон зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Ё ин ки, Карликов Нуралӣ Файзалиевич дар вазифаи директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Истиқлоли Манучеҳр” кор карда истода, 6 марти соли 2023 бо истифода аз мақоми хизматӣ ба боварии шаҳрванд Қосимова Тахмина Маҳмадуллоевна даромада, бо роҳи фиреб, яъне бо баҳонаи аз блоки “В” ошёнаи дуюми бинои навсохташаванда воқеъ дар ноҳияи Ёвон, кӯчаи Меҳвар додани хонаи як ҳуҷрагӣ бо масоҳати умумии 64,27 метри мураббаъ, дар як марҳила 60 ҳазор сомонӣ маблағи пулиашро тасарруф намуда, ба манфиатҳои охирон зарари калони моддӣ расонидааст.

Ҳолатҳои мазкур ягона набуда, айнан бо чунин тарзу усулҳои дар боло зикршуда Карликов Нуралӣ  Файзалиевич ба боварии шаҳрванд Бобошоева Гулрухсор Сангимуродовна даромада аз номбурда мабағи 130000 сомонӣ гирифта, ба манфиати охирон зарари махсусан калони моддӣ расонидааст. 

Вобаста ба ҳолати мазкур санаи 15 марти соли 2025 нисбати Карликов Нуралӣ Файзалиевич, бо банди “б” қисми 4 моддаи 247 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Ҳолатҳои риоя нагардидани қонунгузории техникаи бехтарӣ аз ҷониби шахсони масъули ширкатҳои сохтмонӣ ошкор карда шуда, аз рӯи як ҳодисаи нохуш парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Чунончи, Қурбонов Сунатулло Каромович, санаи таваллудаш 14 феврали  соли 1970, сокини ноҳияи Ёвон, Ҷамоати деҳоти Г.Юсуфова, деҳаи Обшорон, дар асоси фармоиши №4 аз 01 августи соли 2024 дар ҶДММ “Констурктор”-и ноҳияи Ёвон ба вазифаи саркор ба кор қабул карда шуда, тибқи шартномаи меҳнатӣ ба зиммаи ӯ таъмини ҳифзи меҳнат ва техникаи бехтарӣ вогузор карда шуда, ҳамчун шахси масъул бархилофи талаботи моддаҳои 19, 26, 335 ва 336 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, шаҳрванд Боев Акбар Сафаралиевич, санаи таваллудаш 25.08.2006, сокини ноҳияи Ёвон, Ҷамоати деҳоти Г.Юсуфова, деҳаи Навкорамро бе бастани шартномаи меҳнатӣ дар ҶДММ “Констурктор” ба корҳои сохтмонӣ ҷалб намуда, ҳангоми иҷрои кор номбурадаро оид ба ҳифзи меҳнат ва омӯзиши усулҳои бехатарии кор дастур надода, бо либосҳои махсуси корӣ таъмин накардааст.

Дар натиҷаи риоя накардани ин қоидаҳои техникаи бехтарӣ ва ҳифзи меҳнат санаи 15 апрели соли 2025, тахминан соати 16:20 дақиқа шаҳрванд Боев А.С. ҳангоми чиндани ғиштҳо аз ошёнаи 3-юми бинои сохтмонаш нотамоми ҶДММ “Кострукртор”, воқеъ дар суроғаи ноҳияи Ёвон, Ҷамоати шаҳраки Ёвон, кӯчаҳои Меҳвар ва М.Турсунзода ба замин афтода, ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур 18 апрели соли 2025 нисбати Қурбонов Сунатулло Каромович бо моддаи 154 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷинояти оғоз карда шуд.

Ҳамин тариқ, дар давраи ҷамъбастӣ бо натиҷаи санҷишҳои дар ин самт гузаронидаи прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар маҷмӯъ 7 парвандаи ҷиноятӣ ва 66 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда, ба қарорҳои ғайриқонунӣ қабулгардида 56 эътироз, аз ин 40 эътироз ба қарорҳои ғайриқонунии раисону шаҳру ноҳияҳо оварда, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткарда 12 амр ва 13 пешниҳод ирсол карда шуд.

Ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузории меъморию шаҳрсозӣ зери назорати доимии прокурорӣ қарор дошта, барои амалӣ намудани риояи қонунгузориҳо дар ин самт ва ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон пайваста чораҳои дахлдори қонунӣ андешида хоҳад шуд.

Азимзода А.Д., Сардори шуъбаи назорати умумиипрокуратураи вилоят,мушовири адлияи дараҷаи 1

Назари Шумо

Security code
навсозӣ