15:57:07 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

“Бо электрошокер ва автофен шиканҷа карда, куштаанд”. Додситонии кулл ҷузъиёти нави рабудани бонкирро ошкор кард

Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк”-ро як гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ, иборат аз 10 нафар дуздида, то соати 03:00, бо истифода аз электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизот шиканҷа карда, ба қатл расонидаанд, хабар медиҳад Додситонии кулли кишвар.

jinoyatkoron_6646543223.jpgДар иттилоияе, ки Додситонии кулл нашр намуд, зикр мегардад, ки Шуҳрат Исматуллоевро як гуруҳи муташаккили ҷиноии иборат аз 10 нафар рабудаанд ва роҳбари гуруҳ Саидмуродов Дилшод Ҳусейнович (“Дилшоди СБ” ё “Красавчик”) буд. Ба навиштаи ин ниҳод, нақшаи ҷинояти мазкур моҳи марти соли 2022 тарҳрезӣ гардидааст.

“Он вақт амалӣ намудани ҷинояти номбурда бо сабабҳои аз Саидмуродов Д.Ҳ. ва дигар аъзои гурӯҳ вобастанабуда муяссар нагардид”, - зикр мекунад Додситонии кулл.

Аммо оид ба “сабабҳои аз Саидмуродов Д.Ҳ. ва дигар аъзои гурӯҳ вобастанабуда” муфассал чизе гуфта намешавад.

Ба таъкиди Додситонии кулл Дилшод Саидмуродов бо аъзои дигари гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ Рустам Ашуров, Шоҳрух Хуҷаев, Акбар Ахмедов ва дигарон Шуҳрат Исматуллоевро ба деҳаи Шодоб-1-и Ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб бурда, дар яке аз хонаҳо то соати 03:00 рӯзи 24-уми июн, бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ, электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизот таҳти шиканҷа қарор дода, ба қатл расонидаанд.

Ин ниҳод менависад, гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади пинҳон намудани изи ҷиноят ҷасади Шуҳрат Исматуллоев ва автомашинаи тамғаи “Хюндай – Соната”-ро дар километри 130-юми шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ ба дарёи Зарафшон партофтаанд.

“Худи ҳамон рӯз ҷинояткорон Саидмуродов Д.Ҳ. ва Ахмедов А.А. ба Федератсияи Россия, Хуҷаев Ш.Х. ба Ҷумҳурии Туркия ва Ашуров Р.К. 25 июн ба Ҷумҳурии Туркия ва 30 июн ба Ҷумҳурии Молдова фирор намудаанд”, - менависад Додситонии кулл.

Рустам Ашӯров рӯзи 30-юми июн вақте барои убури марз ва ворид шудан ба давлати Молдова посухи рад гирифт, ду афсари амнияти фурудгоҳи Кишинёвро бо истифода аз силоҳи худи онҳо ба қатл расонид. Ҳангоми амалиёти дастгиркунии мақомоти Молдова худи Рустам Ашӯров низ захмӣ ва бистарии беморхона шуд. Барои таҳқиқи ҳодиса ба Кишиноёв чанд корманди мақомоти Тоҷикистон сафар карданд, аммо Рустам Ашуров ба худ наомада, ҷон дод.

Имрӯз, 7-уми июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеои гуфтугӯи Рустам Ашӯров бо модараш нашр шуд, ки дар он ӯ ба рабудан ва куштани одам иқрор мешавад.

Рустам Ашуров дар навор мегӯяд, ки “Шуҳрат Исматуллоевро барои биткоин (пули электронӣ) дуздиданд ва баъди шиканҷа ва ба ҳалокат расидани ӯ, ҷасадро ба дарёи Варзоб партофтаанд”.

Додситонии кулл менависад, ки “айни замон, дар доираи парвандаи ҷиноятии мазкур 5 нафар аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дастгир карда шудаанд”.

“Баҳри дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани дигар ҷинояткорон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои хориҷӣ чораҳои дахлдор андешида шуда истодааст”, - зикр мекунад Додситонии кулл.

Ёдовар мешавем, ки муовини раиси ҶСК “Ориёнбонк” Шӯҳрат Исматуллоев рӯзи 23-юми июн, тахминан соати 20:10 дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рабуда шуд.

Ба иттилои мақомот, Исматуллоевро зӯран ба мошини сиёҳи “Хундай Соната” савор карда, ба самти ноҳияи Варзоб бурданд. Бори охир ӯро дар ҳудуди маҳаллаи Чағатой диданд ва пас аз он, изи ӯ нопадид шудааст.

Дар рӯзҳои аввали содир шудани ҷиноят, ВКД ба касоне, ки барои ошкор намудани ин ҷиноят ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат мекунанд ё хабар медиҳанд дар ҳаҷмӣ баробар ба 30 ҳазор доллари ИМА мукофот ваъда кард.

Дар баробари ин, таъмини амнияти нафари мусоидаткунанда, ифшои ному насаби онҳо ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳоро тибқи талаботи қонунгузории ҶТ кафолат дод.

Муаллиф: Asia-Plus

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi