19:44:08 25-уми Июни 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Президенти Туркманистон аз дастрасии одилона ба об ҳимоят кард

Рӯзномаи русзабони давлати Туркманистон гузориш дода, ки Сердар Бердимуҳаммадов Раисиҷумҳури Туркманистон хостори риоят ва дастрасии баробар ва одилона ба манобеъи об шуд.

1 presidenti-urkmaniston 45451Дар ин бора сарвари давлат дар як суханронии интернетӣ дар 4-умин Саммити обҳои Осиё ва Уқёнуси Ором, ки бо даъвати сарвазири Ҷопон Фумио Кишида ширкат дошт, изҳор кардааст.

Ба гуфтаи Бердимуҳаммадов, имрӯз минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором яке аз қутбҳои тавонои рушди ҷаҳонист ва мувофиқан, минтақа масъулияти ҳифз ва истифодаи захоири обии сайёраро ҳамчун унсури ҷудонашавандаи таъмини суботи умумии байналмилалӣ бар дӯш дорад.

Раҳбари Туркманистон таъкид кард: "Мо мутмаин ҳастем, ки шарти аслии фаъолиятҳои муштарак дар ин замина бояд тааҳҳудоти бидуни қайд ва шарти усули дастрасии баробар ва мунсифона ба манобеъи об ва эътирофи он ба унвони як ҳуқуқи бунёдии инсон бошад."

"Дар шароити кунунӣ, ки эпидемияи коронавирус ба иқтисоди ҷаҳонӣ, амнияти озуқавории ҷаҳонӣ хисороти ҷиддӣ мерасонад ва ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувор таъсири манфӣ мерасонад, аҳамияти хоса дорад" гуфт ӯ.

Раисиҷумҳури Туркманистон таъкид кард, ки мавқеъи Ишқобод дар масоили обу энержӣ усулӣ ва ҳамоҳанг аст. Ба андешаи сарвари давлат, ин масъалаҳо бояд ҳал шаванд: аввалан, дар асоси меъёрҳои аз тарафи умум эътирофгардидаи ҳуқуқи байналмилалӣ, ​​дуюм, бо назардошти манфиатҳои ҳар як кишвар, сеюм бо иштироки фаъолонаи созмонҳои байналмилалӣ.

Сардор Бердимуҳаммадов ҳамчунин қайд кард, ки ташаббусҳои Туркманистон дар ҳалли мушкилоти об хеле мушаххас буда, бо ниёзҳои воқеии мардум ва ҳадафҳои рушди минтақа «пайванд» доранд. Вай қайд кард, ки Ашқобод қаблан барномаи вижаи СММ барои ҳавзаи баҳри Аралро пешниҳод карда буд, ки мушкилоти баҳри Аралро ҳамчун як минтақаи алоҳидаи фаъолияти СММ, таҳияи стратегияи оби Осиёи Марказӣ ва нақшаи нави амал оид ба кӯмак ба Баҳри Арал, таъкид кардааст.

Раисиҷумҳури Туркманистон бо таъкид бар ин, ки Ишқобод аз ҳадафу аҳдофи нишасти кунунӣ пуштибонӣ мекунад ва интизор дорад, ки тасвиби ин эъломия ба яке аз минбарҳои навбатии ҳамкориҳои ҳадафманд ва бунёдии байналмилалӣ табдил шавад.

Хабаргузории РИА Новости

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi