03:34:52 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Муҳлати сабти симкортҳо то охири сол тамдид шудааст

Аз субҳи имрӯз кулли хабаргузориҳои кишвар аз тамдиди муҳлати сабти дубораи симкортҳо бо ID-шиносномаҳо хабарҳо пахш мекунанд, вале хабари расмӣ то кунун интишор нашудааст. Аз ҷумла хабаргузории “Азия-Плюс” истинодан ба манобеъи худ гуфтааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон муҳлати сабти симкортҳо бо ID-шиносномаҳо то охири соли равон тамдид кардааст.

tamdid 54454512Ин хабаргузорӣ аз изҳори назари Рамазон Раҳимзода – Вазири корҳои дохилии мамлакат иқтибос меорад, ки чанде пеш гуфта буд, ки бо вуҷуди то соати 22:00 дароз кардани вақтии кории шуъбаҳои шиносномадиҳӣ, онҳо барои то муҳлати муқарраршуда ба ҳамаи шаҳрвандон додани ID-шиноснома фурсат намеёбанд.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта буд, ки “Шиносномаҳоми намунаи соли 1996 амалкунандаанд, инро касе бекор накардааст. Бо дастури ҳукумат, танҳо муштариёни ширкатҳои алоқаи мобилӣ бояд симкортҳояшонро бо ID-шиноснома дубора ба қайд гиранд”.

Қаблан муҳлати сатби симкортҳо бо шиносномаи нав то 15-уми август эълон шуда буд ва тибқи қарор мебоист баъди ин сана ҳамаи симкортҳои сабтшуда бо шиносномаҳои куҳна аз фаъолият мемонданд.

Шикояти мардум аз навбатпоиҳои дурудароз ва сатҳи пасти хизматрасониҳо билохира мақомотро водор кард, ки ин муҳлатро то 31-уми декабр тамдид кунанд.

Маврид ба таъкид аст, ки дар айни замон хабар расман тайид нашудааст, вале аз он ки хабаргузориҳои муътабаре онро пахш карданд, пас асоси воқеъӣ дорад.

Ба муҷарради дастрас шудани иттилои расмӣ хонандагонро дар ҷараён хоҳем гузошт.

«Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi