14:02:14 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

"Чархзаниҳои хатарнок" дар гирди арӯсу домод

Масъулони танзими анъана ва ҷашну маросимҳо мегӯянд, ҳар қадар онҳо барои камхарҷ баргузор шудани тӯю маъракаҳо талош мекунанд, вале сокинон навовариҳои серхарҷ ва гоҳо хатарнокро ихтироъ мекунанд.

svadba-5689454512.jpgМасъулини Кумитаи оид ба корҳои дин,танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон мегӯянд, ки саҳнасозиҳои нав дар тӯю маъракаҳо, на танҳо хилофи қонуни танзим, балки ба ҷони домоду арӯс ва атрофиёни онҳо низ хатар эҷод мекунанд. Яке аз ин саҳнаҳои вақтҳои ахир маъмул ҳам чархзании босуръати мошинҳо дар роҳи мошингард гирди домоду арӯс будааст. Ин саҳна ба хотири рангину ғайриоддӣ таҳия шудани навори тӯйи арӯсӣ ташкил мешавад.

Файзигул Юсупова, як масъули раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ мегӯяд, “Зараровар чӣ аст? Пеш аз ҳама режиссёрҳо, ки мехоҳанд дар кори худ як навоварӣ кунанд, ҳолатҳои хатарнокро истифода мебаранд. Онҳо дар байни роҳ домоду арӯсҳоро аз мошин берун меоранд ва мошинҳо бо суръати бисёр баланд ва ба ҷо овардани ҳаракатҳои хатарнок гирди арӯсу домод чарх мезананд. Тӯй як рӯз аст ва муҳим саломатии мо аст. Мо падару модаронро барои ин амали фарзандон ба ин ҷо даъват мекунем, онҳо ҳам зидди ин коранд. Вақте ба волидон мо ин наворҳоро намоиш медиҳем, дар тааҷҷуб меафтанд, метарсанд.”

Аммо аксаран ҷавонони шаҳрнишину "романтик" мехоҳанд, ки лаҳзаҳои хуби зиндагиашон ба таври замонавӣ ва ҷолибу ҳирфавӣ наворбардорӣ шаванд ва мегӯянд ба амалӣ кардани ин орзуи худ ҳам ҳақ доранд. Як ҷавони сокини Душанбе мегӯяд, ки “тӯй дар умри одам як маротиба мешавад ва ҳар як ҷавон орзу дорад тӯяш ҷолибу хотирмон гузарад. Ба ман шахсан ҳамин саҳнаҳое, ки домоду арӯс танҳо бо мошин сайр мераванд ё мошинҳо онҳоро дар байни худ мегиранд, бисёр маъқул аст ва агар худам оиладор шавав, мехоҳам тӯйи ман ҳам замонавӣ ва ҷолиб бошад.”

"Тоҷикон Ҳолидей" яке аз ширкатҳои имрӯз маъруф дар пойтахт аст, ки барои ташкили як тӯйи арӯсӣ бо барномаҳои ҷолиб ва наворбардории ҳирфавӣ, ба арӯсу домодҳо кӯмак мерасонад. Масъулини ин ширкат мегӯянд, онҳо навори тӯйро аксаран вобаста ба хоҳиши муштариён омода месозанд, аммо ҳамзамон талош мекунанд аз қонуни танзим ҳам берун пой нагузоранд.

Ба таъкиди масъулини ин ширкат, ба наворбардории барномаи базми арӯсӣ, шахсони ҳирфаӣҷалб мешаванд, ки аз тадобири амниятӣ бохабаранд ва талош мекунанд маъракаҳои хурсандии мардумро ба фоҷеае табдил надиҳанд.

Ба гуфтаи як масъули ин ширкат, “то ҳоло шукри Худо дар ягон тӯй ба фалокат ё нохушие рух надодаем, мо кӯшиш мекунем, рӯзи хурсандӣ воқеан хурсандӣ бошад. Мо пеш аз тӯй ба тӯйдорон ҳам таъкид мекунем, ки аз 4 мошин зиёд набояд бошад. Ҷавонон бештар аз мо хоҳиш мекунанд ва мо ҳам қиссаи шиносоии онҳоро то тӯй ба таври зинда дар навор барояшон тасвир ва пешкаш мекунем. Барои ин мо ду- се рӯз пеш тайёрӣ мебинем. Рақси домоду арӯсро тайёр мекунем. Хулоса идеяҳо зиёд аст. Аммо онҳое ҳам ҳастанд, ки аслан ин корро намехоҳанд.”

Солҳои охир мақомоти Тоҷикистон бо тасвиби Қонуни танзими расму анъана зиёд талош карданд, то баъзе аз бахшҳои базми хонадоршавии ҷавонҳоро ихтисор намуда, харҷи сокинонро камтар созанд, аммо ба назар мерасад, ки солҳои ахир вижагиҳои тӯи навҷавонон дар пойтахти Тоҷикистон торафт бештару рангинтар мешавад.

Акнун тӯйҳо тавассути дрон - дастгоҳи хурди паррон сабт мешавад ва ин дастгоҳ миёни навхонадорон ба як одати доимии базми арӯсӣ табдил меёбад. Ҳамчунин ҳоло дӯстони онҳо низ ба таври гурӯҳӣ либосҳои махсусро интихоб мекунанд ва ё ақди никоҳи худро бархе навхонадорон дар боғу ҳавои кушод анҷом медиҳанд.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi