15:43:25 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Вокунишҳо аз Душанбе ба ҳодисаи марги Умаралии 5-моҳа дар Русия

Ҳодисаи марги мармузи тифли панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳоеро ба бор овард.

umar-654564566.jpgДу вакили парлумони Тоҷикистон марги Умаралӣ Назаров як кӯдаки панҷмоҳаи тоҷикро, ки бо гуноҳи пулиси Русия аз дунё гузашт, маҳкум карданд. Ин вакилон аз мақомоти масъули Русия бозрасии фаврии марги мармузи тифли тоҷикро, ки баъди боздошти модараш иттифоқ афтодааст, талаб доранд.

Бо гузашти се рӯз аз ин ҳодисаи мудҳиш пулиси Русия акнун аз рӯи моддаи 109-и қонуни ҷиноии Руссия "ба марг расонидан аз беэҳтиётӣ" парванда боз кард, аммо то ҳол аз ҳеҷ нафаре ба сифати гунаҳкор ном набурдааст.

Марги ин кӯдаки панҷмоҳа дар хоки Русия ҷомеаи Тоҷикистонро хашмгин кард. Шаҳрвандон ҳам аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам аз саҳифаи расонаҳои чопӣ аз мақомоти кишвари худ талаб доранд, ки бар сари муҷозоти гунаҳгорони ин фоҷеа пофишорӣ кунад.

Рӯзи 13 октябр мақомоти пулиси Санкт-Петербург бо баҳонаи нақзи муқаррароти муҳоҷират шаҳрвандони Тоҷикистон Рустам Назаров, Заррина Юнусова ва ҳамроҳ бо ин зан писари ӯ Умаралӣ Назарови панҷмоҳаро боздошт карданд. Дар идораи пулис тифлро аз модар ҷудо карданд ва баъди як рӯз ҷасади Умаралии беҷонро ба наздиконашон баргардониданд.

 Ду вакили парлумони Тоҷикистон Қиёмиддин Миралиев ва Абдуҳалим Ғаффоров ин ҳодисаро маҳкум карданд ва аз мақомоти Русия бозҷӯии фаврии ин қазияро талаб намуданд. Қиёмиддин Миралиев рӯзи 20 октябр дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки бо вуҷуди бозтоби густардаи ин ҳодиса дар матбуот, то кунун ин суол, ки чаро мақомоти пулиси шаҳри Санкт-Петребург дар нисбати тифли 5-моҳа чунин муносибатро раво дид, бепосух мондааст. Ӯ гуфт, ки дар равобити байни кишварҳо то кунун чунин ҳодисаи даҳшатнокро ёд надорад.

Абдуҳалим Ғаффоров, узви дигари парлумони Тоҷикистон мегӯяд, сарнавишти талхи Умаралии 5-моҳаро ба баррасии Кумита оид ба масоили иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи сиҳҳатии Маҷлиси намояндагон дар миён хоҳад гузошт. Ҷаноби Ғафоров гуфт, ки ҳодисаи марги навзоди тоҷик бояд аз ҷониби мақомоти Русия ҳамаҷониба таҳқиқ ва гунаҳкорон ба ҷазо кашида шаванд.

Намояндаи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон гуфт, ки ин рафтори номатлубро ҳамчун инсон, ҳамчун вакил маҳкум мекунад.

 Ба нишони эътироз аз марги мармузи Умаралии панҷмоҳа дар Санкт-Петербург, нашрияҳои Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки як саҳифаи шумораашонро бо ранги сиёҳ чоп кунанд. Масъулони ин нашрияҳо марги ин тифлро “фоҷиаи азими миллат” ном мебаранд ва аз ҳукумати Русия тақозо доранд, ки ба рафтори мақомоти худ посух гӯянд.

Рӯзномаи “ИмрӯзNews” пеш аз нашрияҳои дигар мавқеи худро дар баробари ин фоҷеа бо пахши як саҳифаи сиёҳ дар шумораи рӯзи сешанбе баён дошт. Исфандиёри Назар, мушовири кулли ин рӯзнома, дар сӯҳбат бо мо гуфт, “мо дар куштори Умаралӣ Русияро гунаҳкор мекунем, зеро барқасдона падару модарро ба ҳабс гирифтан ва тифли панҷмоҳаро дур аз волидон гузоштанд, ки ин баробар ба қатл аст.”

Муҳайё Нозимова, масъули робита бо ҷомеаи Маркази дифоъ аз ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон мегӯяд, мақомоти Русия дар ҳеч сурат ҳақ надоштанд, тифли ширхорро аз модараш ҷудо кунанд. Ӯ мегӯяд, дар робита ба ин қазия бояд таҳқиқоти мунсифонаи журналистӣ анҷом шавад, то омилони аслии марги тифл муайян гарданд.

Аз тарафи дигар Нозимова гуфт, “ҳоло дар мадди аввал бояд сари он андеша кард, ки волидайни ин тифл бо вакили дифои пурқувват таъмин шавад. Зеро тибқи қарори додгоҳи Русия, модари тифли фавтида бояд муддати 15 рӯз қаламрави Русияро тарк кунанд. Вакили дифоъ бояд мусоидат кунад, то падару модари тифл дар Русия бимонанд ва дар ин сурат қазия метавонад ба таври пурра ҳаллу фасл шавад.”

Омбудсмен ё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон низ бо ирсоли номаи расмӣ аз ҳамтоёни худ дар Санкт-Петербург талаб кардааст, ки қазияи марги Умаралии панҷмоҳаро баррасӣ ва омилонашро ба ҷавобгарӣ бикашанд. Гулҷаҳон Умарова - сардори шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Омбудсмени Тоҷикистон 20 октябр дар сӯҳбат бо мо гуфт, масъулони ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҳодисаи марги Умаралӣ Назаровро маҳкум кардаанд ва мехоҳанд аз ҳуқуқи волидони ин кӯдак ройгон ҳимоят кунанд.

Ҳамзамон сафорати Русия дар Тоҷикистон бо пахши изҳорот аз баъзе шарҳҳое ба гуфтаи сафорат зиддирусӣ дар матбуоти Тоҷикстон изҳори нигаронӣ кардааст. Сафорат гуфтааст, "ин шарҳҳои саросемавор ба фоидаи нерӯҳоест, ки талош доранд аз равобити дӯстона ва ҳамшарикии мардуми Русияву Тоҷикистон ҷилавгирӣ кунанд.

Дар ҳамин ҳол, додситонӣ ва Кумитаи тафтишотии минтақаи Адмиралтейскии шаҳри Санкт-Петербург, рӯзи сешанбеи 20-уми октябр дар робита ба марги тифли тоҷик бар асоси моддаи 109-и кодекси ҷиноии Русия, яъне "аз беэҳтиётӣ ба марг расондан" парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Аксаран бар ин назаранд, ки чигунагии анҷоми ин парванда ба мавқеи ҳукумати Тоҷикистон бастагӣ дорад - агар ҳукумат пофишорӣ кунад ва бар ҳимояии ҳуқуқи шаҳрвандонаш таъкид намояд, гунаҳкорон ҷазо мебинанд. Вале агар паллаи тарозу ба самти "ҳифзи муносибатҳои дӯстона" вазнин шавад, сарнавишти ин парванда низ ба мисли даҳҳо қазияи пурсарусадои дигар нокушода мемонад.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi