07:50:21 25-уми Октябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Ноябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Ҳарорати ҳаво ва таъсири он ба пиряху дарёҳо

Мувофиқи пешгӯиҳои мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣҳарорати баланди гармии ҳаво то чанд рӯзи дигари моҳи август идома хоҳад ёфт. Ҳамчунин  мутахассисон иттилоъ медиҳанд, ки дар баробари гармии ҳаво хавфи омадани сел дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ вуҷуд дорад.

bodu-havo_65894545.jpgСайёра Навҷувонова-мутахассиси пешбари Агентии обуҳавошиносии мамлакат ба мо иттилоъ дод, ки гарчанде рӯзҳои шадиди гармиро ҷумҳурӣ паси сар намуд, аммо бо вуҷуди ин мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки вазъи обу ҳаво аз 5-ум то 7-уми август ҳамоно бетағйир буда, ҳарорат дар баъзе минтақаҳо то 43 дараҷа гарм хоҳад шуд:

«Аз рӯйи пешгӯии мутахассисони  Агентии обуҳавосанҷӣ аз 5-ум то 7-уми август сар карда, гармии ҳаво дар вилояти Хатлон шабона 22-27, рӯзона  28-43 дараҷа гарм хоҳад шуд, дар вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣҳарорати ҳаво шабона 20-25 рӯзона 36-41 дараҷа гарм хоҳад шуд, дар ВМКБ дар ғарби вилоят шабона 17-22 рӯзона 27-32 дар ғарби вилоят шабона 7-12 дараҷа рӯзона  17-22 дараҷа гарм мешавад»-иттилоъ дод номбурда.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди обӣ буда, наздик ба 8,5 ҳазор пиряхро дар бар мегирад, ки аз ин теъдод аз ҷумла 291-то дар ҳавзаи дарёи Ванҷ, 969-то дар ҳавзаи дарёи Бартанг, 756 пирях, дар ҳавзаи дарёи Оби Хингоб ва наздики 100 пирях дар ҳавзаи дарёи Муқсу ҷойгир аст. Абдурашид Тағойбеков-сардори Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ иброз медорад, ки зимни гузаронидани як тадқиқот муайян шуд, ки ҳаҷми пиряхи Мазорӣто 120-140 метр нисбат ба солҳои 90-ум паст шудааст ва ҳамчунин аз таъсири гармӣ дар баъзе ҳавзаҳои дарёҳо зиёдшавии обҳо аз ҳисоби пиряхҳо ба назар мерасад:

«Барои фароҳам овардани болоравии сатҳи оби дарёҳо дар қисмати болоии Ванҷоб, ҳавзаи дарёи  оби Хингоб, ҳавзаи дарёи Муқсу, инчунин дар ҳавзаи дарёи Бартанг ва ҳавзаи дарёи Язгулом пиряхҳои хурду калон ба назар мерасанд. Якбора боло рафтани ҳарорат ба обшавии пиряхҳо оварда мерасонад, ки барои фароҳам овардани сел замина мегузорад»,-меафзояд Абдурашид Тағойбеков.

Гарчанде дар даҳаи аввал ва дуюми моҳи июл дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон баландшавии сатҳи об ба мушоҳида расида, дар даҳаи сеюм камшавии обнокии ин дарёҳо ба қайд гирифта шуд, аммо дар оғози моҳи август боз сатҳи оби дарёҳое, ки аз ҳисоби пиряхҳо ғизо мегиранд баланд хоҳад шуд, иттилоъ дод Воҳид Ҳамидов-сардори шӯъбаи обшиносии Агентии обуҳавошиносӣ ба хабарнигори мо гуфт:

«Дар моҳи июл нисбат ба меъёр  обнокии дарёи Вахш 10-20 фоиз аз меъёр  зиёд буд, оби ҳавзаи дарёи Панҷ то 2,5 баробар зиёд буд, обнокии дарёи Зарафшон бошад нисбат ба меъёр 25 фоиз афзуд. Обнокии ҳавзаи дарёи Кофарниҳон, яъне Варзоб, Кофарниҳон дар ҳадди меъёр буд».

Мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳанд, ки ҳарорати гармие, ки айни замон мамлакатро фаро гирифтааст дер давом накарда, аз 8-уми август 4-6 дараҷа паст хоҳад шуд.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi