11:00:48 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Сояи "агент" бар сари созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон

Талоши созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ба пешгирӣ аз тағйири Қонуни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ натиҷа надодаанд ва эҳтимол меравад, ки ин илова ба тасвиб хоҳад расид.

vazorati-adliya-89541212.jpgНамояндагони созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон мегӯянд, талаби додани маълумотнома ба Вазорати адлия дар бораи кӯмакҳои молии хориҷӣ  дар ҳоле ки ҳамаи ин кӯмакҳо ба воситаи бонкҳо интиқол ва дар ҳисоботи молии онҳо бозтоб меёбанд, талоши дигаре ба маҳдуд кардани фаъолияти онҳост. Қарор аст, ин амр ҳамчун иловаи банди 3 ба Қонуни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба зудӣ дар порлумон ба тасвиб расад.

Аммо ташаббускори ин тағйир - Вазорати адлияи Тоҷикистон бадгумонии созмонҳои ҷамъиятиро беасос меномад ва таъмини шаффофияти кори ин иттиҳодияҳоро ҳадафи асосии таҳрири қонун медонад. Баҳси мазкур аз тирамоҳи соли гузашта идома дорад ва созмонҳои ғайридавлатӣ, зоҳиран, аз он ҳарос доранд, ки тағйири қонун ҳолати шабеҳи Русия ва Қирғизистонро ба сари онҳо хоҳад овард. Маскав ва Бишкек на танҳо аз кӯмакҳои молии барояшон шубҳабарангез ба созмонҳои ҷамъиятӣ пешгирӣ мекунанд, балки фаъолияти як силсила созмонҳоро ҳамчун "агенти хориҷӣ" манъ карданд. Қадами аввали ин ҳаракат аз тафтиши кӯмакҳои молӣ шурӯъ шуда буд.

ШАФФОФИЯТ Ё НАЗОРАТ?

Вазорати адлияи Тоҷикистон бо иловаи банди 3 ба моддаи 38 и қонун дар бораи Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мегӯяд, ”амволи хориҷӣ, аъзоҳақии довталабона ва хайрияе, ки аз тарафи ҳаракатҳои ҷамъиятии байналмилалӣ, шахсони алоҳидаи хориҷӣ, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва аз тарафи давлатҳои хориҷӣ ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мерасанд бояд тибқи маълумотномаи махсус ба мақомот пешниҳод шаванд”.

Авохири моҳи май пешниҳоди мазкур дар Порлумони кишвар бо ширкати 20 намояндаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва вакилони Кумитаҳои порлумон мавриди баҳс қарор гирифт. Тарафи ҳукумат ин тағйирро шафофият ва танзими фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ унвон кард, вале созмонҳои ғайридавлатӣ ин иқдомро ҳамчун фишор ба фаъолияти ин созмонҳо маънидод намуданд.

Олим Салимзода, раиси Кумитаи робитаҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот мегӯяд, ки ба хотири пешгирӣ аз печидагиҳо дар ҷараёни баррасии ин илова ба Қонуни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ба порлумон даъват шуданд, то назари онҳо дар бораи банди 3 шунида шавад. “Мувофиқи ин тарҳ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз маблағгузориҳое, ки ба созмони онҳо аз тарафи давлатҳои хориҷӣ, ҷунбишҳои ҷамъиятии байналмилалӣ, шахсони алоҳидаи хориҷӣ, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ворид мешаванд, бояд идораеро, ки дар он сабти ном шудаанд, дар ҷараён гузоранд.”

ИЛОВАИ НОЗАРУР ВА ЗИЁДАТӢ?

Шамсиддин Каримов, роҳбари “Анҷумани иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон” гуфт, ки ӯ ва боз 19 масъули созмонҳои ғайридавлатӣ ба Кумитаи робитаҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагон даъват шуданд ва дар онҷо баҳс дар робита ба иловаи Вазорати адлия сурат гирифт.

“Агар ҳадаф танзим бошад мо низ тарафдори танзим ҳастем ва дигар ин ки маблағҳое, ки аз хориҷа ба ҳисоби созмонҳои ғайридавлатӣ ворид мешаванд аз тариқи бонкҳо дохил мешаванд ва чӣ зарурат аст, ки бо маълумотномаи алоҳида ва ё феҳрасти алоҳида ба мақоме, ки созмонҳоро сабти ном кардааст, пешкаш карда шавад,” – гуфт ҷаноби Каримов.

Вай афзуд, “агар ин илова ба тасвиб расад шумори иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар кишвар коҳиш хоҳад ёфт ва бовар дорам, ки аз шумори 1 ҳазору 887 иттиҳодияи ҷамъиятӣ мумкин аст, шумори онҳо ба 1000 то расад ки ин ба ҷомеаи шаҳрвандӣ паёмади нек надорад”. Вай гуфт ҳол онҳо кӯшиши хоҳанд кард, ки як шакли дурусти ин масъаларо бо намояндагони Порлумон пешкаш кунанд.

Намояндагони Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мегуянд, то ҳол низ ба мақомоти кишвар дар бораи фаъолият ва дороиҳои молии худ ҳисобот медоданд. Онҳо мегӯянд, ки омодаанд, ба ҷои маълумотномаи хаттӣ аз маблағҳои воридаи хориҷӣ гузориши молии худро аз тариқи почтаи электронӣ ба Вазорати адлия пешниҳод кунанд. Таҳиягарони иловаи банди 3 ба “Қонун дар бораи Иттиҳодияҳои Ҷамъиятӣ” мегӯянд, ки ин пешниҳодро низ меомӯзанд.

НИГАРОНӢ АЗ КУҶО МЕОЯД?

Бархе аз коршиносон аз иқдоми Вазорати адлия дар масъалаи ворид кардани банди 3 ба Қонун дар бораи Иттҳодияҳои ҷамъиятӣ пуштибонӣ мекунанд ва мегӯянд, ки фаъолияти ин созмонҳо бояд шаффоф бошад.

Собирҷон Вазиров иқтисоддони Академияи улуми Тоҷикистон мегӯяд, “Дар ҳоле, ки таъсири беруна ба равандаҳои сиёсию иқтисодӣ ба назар мерасад, бояд вуруди маблағҳои хориҷӣ ба ҳисоби созмонҳои ғайридавлатӣ таҳти назорат бошад. Агар ҷараёни сармоягузории онҳо шаффоф бошад, баръакс эътимоди ҳамкории мақомоти ҳукумат бо онҳоро бештар хоҳад шуд. Вақте ки ин маблағҳо ба таври шаффоф ворид мешаванд, чаро тафтиши онҳо бояд боиси ташвиши созмонҳо шавад?”

Кумитаи робитаҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси Намояндагон мегӯяд ҳафтаи оянда тарҳи тағйири Қонуни итиҳодияҳои ҷамъиятӣ” бо иловаи банди 3 ба моддаи 38 ба муҳокимаи вакилон пешниҳод мешавад. Интизор меравад, ки ба дунболи ин, санад ба тасвиб бирасад.

Ин дар ҳолест, ки Human Rights Watch ё Дидбони ҳуқуқи башар аз Қирғизистон хост, тағйиру иловаҳо ба қонуни ҳамсонашро ба тасвиб нарасонад. Дар ин тарҳ гуфта мешавад, созмонҳои ғайридавлатие, ки кӯмак ё грантҳои хориҷӣ дарёфт мекунанд ва ба фаъолиятҳои сиёсӣ машғул мешаванд, бояд “агенти хориҷӣ” шумурда шаванд. Бо айни чунин қонун дар Русия зиёда аз 1000 созмони ғайридавлатӣ баста шуданд. Мушкил дар он аст, ки бисёре аз чорабиниҳои созмонҳои ғайридавлатиро дар ҳолати зарурат метавон "фаъолияти сиёсӣ" унвон кард. Чунин хатар ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон низ таҳдид карда метавонад.

Бинобар маълумоти Вазорати адлияи Тоҷикистон феълан дар кишвар бештар 1 ҳазору 642 Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолият доранд ва 191 тои он намоядагони созмонҳои хориҷиву байналмилалӣ мебошад. Ин созмонҳо, ки дар бахшҳои мухталиф, аз тиб гирифта то матбуоту ҳуқуқи башар кор мекунанд ва фаъолияти онҳо бар кӯмакҳои молии созмонҳои байналмилалӣ асос ёфтааст.

Маблағҳое, ки дар соли 2014 барои пешбурди фаъолияти ҷомеаи шаҳврвандӣ ба ҳисоби иттиҳодияи ҷамъиятӣ рехтааст, маълум нест. Аммо бино ба маълумоти мақомоти Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2013 баҳисоби созмонҳои ғайриҳукуматии дохиливу хориҷӣ ва байналмилалӣ тақрибан 5 миллиарду 521 миллион сомонӣ, муодили беш аз 1 миллиард доллар ворид шудааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi