17:47:48 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

"Сарфарози Оламафрӯз" нопадид шудааст

 

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо иттиҳоми рахна задан дар почтаи электронии яке аз сафоратҳои Тоҷикистон ва шикастани қуфли почтаи нашрияи “Вечерка” аз тарафи Интерпол ҷустуҷӯ мешуд, наздик ба ду ҳафта аст, ки нопадид гаштааст. Эҳсон Одинаев, зодаи деҳаи Чузии ноҳияи Шаҳринав буда, 24 сол дорад ва аз соли 2007 бо хонаводааш дар Русия зиндагӣ мекард.

sarfarozi-olamafruz-1254.jpgВайсиддин Одинаев, бародари хурдии Эҳсон Одинаев мегӯяд, ки ҳарду равобити чандон хуб надоштанд ва хабари нопадид шудани бародарашро аз дӯстони ӯ шунидааст. Муроҷиати хонаводаи Эҳсон Одинаев ба пулиси Русия то ҳол натиҷа надодаст. Эълони саросарии нопадид шудани ӯ дар Русия фардо ба нашр мерасад.

Бо онки Эҳсон Одинаев мактаби миёнаро то синфи 9 хондааст, аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буд ва гуфта мешуд, ки бо “Гурӯҳи 24” ҳамкорӣ дорад. Одинаев дар ин пойгоҳ, бо номи мустаори “Сарфарози Оламафрӯз” постҳои шадидулаҳн менавишт ва хонаводаашро аз худ норозӣ карда буд.

“Мо барои ҳамин корҳояш ҷанг шуда будем. Вақтҳои охир менавистам посух намедод. Дустонаш ба ман гуфта буданд, ки дар Аврупо аст. Танҳо баъди гум шуданаш фаҳмидем, ки дар шаҳри Санк-Петербург будаст. Баъди ду рӯзи гум шуданаш ба Петербург ба хонае рафтам ,ки танҳо зиндагӣ мекардааст. Тамоми беморхонаҳо, ҳатто моргҳоро ҷустуҷӯ кардем, вале хабарашро аз ҷойе пайдо нашуд. Баъдан фаҳмидем, ки аз хона баромаданаш дар дурбини ҷой таъмири мошинҳо, ки дар назди бинои истиқоматияш аст, сабт шудааст. Ором баромада меравад ва дигар барнамегардад. Аз шиносҳоямон ҳам аз Тоҷикистон пурсидем, аммо дар Тоҷикистон будан ё набудани акаамро тасдиқ накарданд”- гуфт Вайсиддин.

Ба ин суол, ки Эҳсон дар Русия чӣ кор мекард, бародараш гуфт, киӯ соли 2007-ум ба Русия омада, корҳои гуногунро анҷом додааст. Савдогар ва нонпаз шуда кор кардааст. Ба нақли Вайсиддин, бародараш соли 2009 узви Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон шуда, дар аввал ҷонибдори раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон буд. Аммо баъдан мавқеашро иваз кард ва ба мунаққиди президент табдил шуд.

“Вай то ташкили Гурӯҳи 24 ҳамчун блоггери мустақил дар бораи ҳодисаҳои Тоҷикистон пинҳонӣ иттилоот пахш мекард. Вақте мақомот ҳама маълумотро дар борааш пайдо карданд дигар ошкоро гапашро мегуфтагӣ шуд. Модараму бибиям, худаму тамоми пайвандонамон борҳо хоҳиш мекардем, накунад ин корашро, вале гӯш намекард. То ҷое медонам ба худораҳматии УмаралӣҚувватов вомехӯрд ва дигар ҳамин роҳро интихоб карда буд,” - мегӯяд Вайсиддин Одинаев.

Ин дар ҳолест, ки Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон, як эътилофи мухолифон, ки "Гурӯҳи 24"-ро низ зери чатр гирифтааст, дар изҳороте бенишон шудани Эҳсон Одинаев дар рӯзи 19 май ва ҳам тахаллуси интернетии ӯро тасдиқ кард ва онро як амали дорои ангезаи сиёсӣ номид.

Дар ҳоле, ки Эҳсон Одинаев бо ҷурми рахна кардани почтаҳои электронии алоҳида дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор дошт, бародараш мегӯяд, ки ӯҳаккер” набуд, балки барномасози хуб буд.

Ба гуфтаи пайвандони Эҳсон Одинаев, тамоми дӯстонаш одамони хеле донишманд буданд, тоҷирону аҳли фарҳанг. Аммо вақте дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор гирифт, бештари дустонаш робитаро бо ӯқатъ карданд. “Вақтҳои охир бо касе гап намезад ва куҷо рафтану чӣ кор карданашро низ ба касе намегуфт, ҳамеша модарамро мутақоид мекард, ки рафтораш дуруст аст.,” - мегӯяд Вайсиддин Одинаев.

Мухолифони интернетии ҳукумати Тоҷикистон дар Фейсбук ва шабакаҳои дигар умдатан бо исмҳои мустаор ва бидуни аксу маълумоти шахсӣ пост менависанд. Бештари навиштаҳои онҳо аз аксҳои таҳқиромези мақомот ва ҳақорати онҳо иборат аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi