04:23:53 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"Рособрнадзор" ба Донишгоҳи славянӣ (РТСУ) иҷозаи фаъолият надод

Тибқи иттилои расонаҳои русӣ, Хадамоти назорати таълиму парвариши Русия ба Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон шаҳодатномаи фаъолият надодааст. Аммо масъулони донишгоҳ инро радд мекунанд.

slavyanskiy-univer-54545Дафтари матбуоти "Рособрнадзор" хабар медиҳад, ки Хадамоти назорати таълиму парвариши Русия ба ҳафт донишгоҳ ва шӯъбаҳои донишгоҳҳои ин кишвар, аз ҷумла ба Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон шаҳодатномаи давлатии барномаи таълимӣ ё худ фаъолият намуданро надодааст. Вале маъмурияти Донишгоҳи мазкур мегӯяд, ки барои панҷ соли дигар аккредитатсия доранд ва ҳеҷ мушкиле дар ин росто вуҷуд надорад.

 Дафтари матбуоти "Рособрнадзор" имрӯз, 17 октябр ба расонаҳои хабарии Русия иттилоъ додааст, ки Хадамоти назорати таълиму парвариши Русия аз додани шаҳодатномаи фаъолият ба 7 донишгоҳ ва шӯъбаҳои донишгоҳҳои ин кишвар худдорӣ кардааст. Дар ин феҳраст шуъбаи Донишгоҳи давлатии техникии ба номи Бауман дар Калуга (МГТУ), Донишгоҳи омӯзгории Доғистон ва шӯъбаи он дар Дербент, Академияи кишоварзии Иркутск, Консерваторияи Толятти ва Донишгоҳи слявании Тоҷикистону Русия (МОУ) шомил карда шудаанд.

Аммо Умед Мансуров, муовини ректори Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ба мо гуфт, ки ин хабар сиҳат надорад, зеро онҳо дар соли гузашта аккредитатсия барои панҷ сол гирифтаанд. Вай афзуд, ки донишгоҳи мазкур бар асоси талаботи таълимоти Русия фаъолият мебарад ва танҳо дар миён фанҳое ба мисли таърихи Тоҷикистон ва омӯзиши забони тоҷикӣ изофа шудаасту тамом.

Ҷаноби Мансуров афзуд, ки чанд рӯз қабл Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар Маскав барномаи рушди ин донишгоҳро муаррифӣ кард ва дар бораи надодани аккредитатсия ё кадом масъалаи дигар, ҳарфе набуд. Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон (МОУ)  (Российско-Таджикский (славянский) университет) бар асоси барномаи таълимии Русия фаъолият мебарад.

Гуфта мешавад, Хадамоти мазкур танҳо дар ду ҳолат аз додани шаҳодатнома даст мебардорад. Аввал, дар сурати пешниҳоди санадҳо барои дарёфти аккредитатсия ҳуҷҷатҳои нодуруст пешниҳод карда шавад ба донишгоҳ додани шаҳодатнома рад карда мешавад. Дуввум, агар коршиносони Хадамоти мазкур маълум кунанд, ки донишҷӯёни факултаҳо ва ё риштаҳои тахассусии донишгоҳ бар асоси талабот ва ё стандарти  муқарракардаи маорифи Русия таълим дода намешаванд, шаҳодатнома дода нахоҳад шуд.

Аммо маъмурияти Донишгоҳи слявании Русия ва Тоҷикистон дар робита ба масъалаи акредитатсияи "Рособрнадзор" изҳори бехабарӣ намуда гуфтанд, ки донишгоҳи онҳо аз барномаи таълимотии Русия берун нарафта, ҳамаи факултаҳо дар доираи стандарти маорифи Русия таълим дода мешаванд. "Рособрнадзор" ё Хадамоти назорати таълиму парвариши Русия дар соли равон ба 35 донишгоҳ аз додани шаҳодатнома худдорӣ кардааст.

Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон соли 1996 таъсис шуда ва дар он ҳудуди 3600 таҳсил мекунанд. Дар ҳоли ҳозир донишгоҳ дорои чаҳор факултет - иқтисод, филология, таърих ва равобити байналималӣ ва факултаи ҳуқуқшиносӣ мебошад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi