13:37:04 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳимояти вазири умури хориҷаи Қирғизистон аз бунёди "Қамбарота" ва "Роғун"

Вазири умури хориҷаи Қирғизистон Ирлон Абдилдаев дар шастунуҳумин ҷаласаи маҷамаи умумии Созмони милал гуфт, кишвараш эътимод дорад, ки бунёди нерӯгоҳҳои азимро бояд чун як унсури рушди энержӣ баррасӣ кард ва ба захоири обӣ чун модели "тавсеаи сабз» нигарист.

irlon-abdildaev-4578.jpgВай афзуд: "Илова бар тавлиди энержӣ, бунёди неругоҳҳо дар Қирғизистон имкон хоҳад дод, ки низоми обанборҳои энерживу обёрикунанда тағйир дода шавад ва сатҳи заминҳои кафолатдодашуда барои обёрӣ дар кишварҳои ҳамсояи поёноб боло бурда шавад", гузориш додааст "Тоҷнюс".

Ирлон Абдилдаев дар суханронии худ дар маҷмаи умумии СММ гуфт, ки бо василаи роҳандозии лоиҳаҳои гидроэнержӣ на танҳо мушкилоти партови газҳои гулхонаиро метавон ҳаллу фасл кард, балки аз камбуди об дар кишварҳои поёноби минтақа ҷилавгирӣ намуд.

Вазири умури хориҷии Қирғизистон аз ҷумла гуфт, ки сарбандҳои азим илова ба он ки вазифаи таъмини рушди устувор доранд, ҳамчунин вазифаи афзудани иқтидори идораи селхезиҳои табииро низ доро мебошанд.

Ин нуктаро Абдилдаев бо ёдоварӣ аз таҳқиқоти лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи барқӣ-обии "Роғун" аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ зикр шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар арзёбии таҳқиқоти лоиҳаи бунёди неругоҳи барқӣ-обии "Роғун" дар Тоҷикистон, ки ҳисоботи онро Бонки ҷаҳонӣ расонаӣ кард, тасдиқ шудааст.

Ба гуфтаи вай ин ҳисобот ва ин пажуҳиш иддои баъзе аз кишварҳоро дар иртибот ба бунёди неругоҳҳои азим аз нигоҳи амнияти техникӣ рад мекунад. Вай гуфт: "Ҳамчуноне, ки коршиносони Бонки ҷаҳонӣ навиштаанд, сарбанди нерӯгоҳи "Роғун" метавонад то ҳадде оқибатҳои эҳтимолии резиши селро дар имтидоди ҷараёни об дар дарёи Вахш коҳиш диҳад".

Ба бовари сарвари идораи дипломатии Қирғизистон, сарбандҳои азим метавонанд садди роҳи селҳои азим гарданд ва бунёди неругоҳи "Қамбар-ота" метавонад низоми кор дар обанбори Токтоғулро тағйир диҳад ва муҷиби истифодаи пойдори захираҳои об дар минтақа шавад.

Ин дар ҳолест, ки Абдулазиз Комилов, вазири хориҷии Узбакистон аз бунёди нерӯгоҳҳо дар кишварҳои болооби Осиёи Марказӣ дар маҷмаи умумии Созмони милал изҳори нигаронӣ карда буд.

Дар ҳамин ҳол Бонки ҷаҳонӣ хулосаи ниҳоии худ оид ба бунёди тарҳи нерӯгоҳи барқӣ-обии "Роғун" дар ибтидои моҳи сентябр дар шакли комил интишор дод ва бунёди ин нерӯгоҳро имконпазир унвон кард.

http://tajik.irib.ir/



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi