05:52:43 27-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Номаи пеш аз марги Шаҳло

Наздикони модари ҷавоне, ки рӯзи 20 август дар як кошонаи ҳусн дар шаҳри Душанбе худро овехт, шавҳари ин занро дар марги ӯ гунаҳкор мекунанд.

shahlo-rustamkhojaeva-54569Наздикони Шаҳло Рустамхоҷаеваи 25-сола мегӯянд, ки Шаҳло қабл аз марг дар номае ба модараш шавҳарашро гунаҳкори марги худ хонда, аз волидонаш хостааст, то ду тифли ӯро ба шавҳараш надиҳанд ва худашон нигоҳубини фарзандони вайро бар ӯҳда бигиранд.

Аз Шаҳло Рустамхоҷаева, ки як сол боз дар кошонаи ҳусни "Фариде" дар кӯчаи Аҳмади Дониш, дар наздикии гардиши фурудгоҳ кор мекард ва рӯзи 20 август худро дар ҷои кораш ба дор овехт, ду духтар - яке 2,5 ва ядувумӣ 4-сола - боқӣ монд. Шаҳло замоне худро ба дор кашид, ки ба гуфтаи наздиконаш дар қадаш тифли думоҳа дошт.

Модари Шаҳло Рустамхоҷаева, ки дар кӯчаи Титов, дар наздикии фурудгоҳи кӯҳнаи Душанбе ба сар мебарад, рӯзи 21 август ба хабарнигорони мо гуфт, ки Шаҳло чандин бор аз тарафи шавҳараш латукӯб шуда, қаҳр карда, ба хонаашон баргашта буд. Ба гуфтаи модараш, онҳо ҳатто хоҳарарӯси Шаҳлоро ба хонадони худ келин карданд, то ақалан ба ин далел муносибати шавҳараш нисбат ба ӯ беҳтар шавад.

Ба гуфтаи наздикони Шаҳло, шавҳари ӯ дар як кинотеатри 5Д дар Душанбе билет мефурӯхт, вале пайваста менӯшид ва ҳамсарашро мезад. Ба хабарнигорони мо ҳанӯз муяссар нашудааст, ки бо худи шавҳари ин зан сӯҳбат карда, назари ӯро ҳам бигиранд.

Дафтари матбуоти додситонии ноҳияи Шоҳмансур рӯзи 21 август дар сӯҳбат бо мо тасдиқ кард, ки як модари ҷавон рӯзи чоршанбе худро дар дохили толори кошонаи ҳусни «Фариде» худкушӣ кардааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, тафтиши пешакии қазия шурӯъ шудааст, вале ангезаи аслии даст ба ҷони худ задани ин модари ҷавон ҳанӯз мушаххас нашудааст.

Ҳамсӯҳбати мо аз ироаи ҷузъиёти бештари парванда то анҷоми таҳқиқоти аввалия худдорӣ кард, вале гуфт, ин зан Шаҳло ном дошта, соҳиби ду фарзанд будааст ва 4 соли охир дар ҳамин кошонаи ҳусни «Фариде», воқеъ дар кӯчаи Аҳмади Дониш, дар наздикии гардиши фурудгоҳ, ҳамчун пардозгар кор мекард.

Гуфта мешавад, ин зан зӯҳри 20 август дари кошҳонаи ҳуснро аз дохил баста, худро дар ҷои кораш бо банд овехтааст. Хабарнигори мо, ки субҳи 21 август ба кошонаи «Фариде» рафт, мегӯяд, дари ин кошона имрӯз баста аст. Аммо ронандагони такси, ки дар гардиши фурудгоҳ кор мекунанд ва Шаҳлоро хуб мешинохтаанд, ба хабарнигори мо гуфтанд, ки ӯ рӯзҳои охир хеле маъюсу рӯҳафтода ба назар мерасид. Бо ин вуҷуд, мегӯянд онҳо, хабари худкушии Шаҳло ҳамаи онҳоро сахт такон додааст.

Худкушии занон дар Тоҷикистон як мушкили доғ боқӣ мемонад. Бино ба омори Кумитаи занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон, ҳар сол дар ин кишвар беш аз 400 зану духтар ба ҷони худ қасд мекунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi