16:21:52 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Фирташ Тоҷикистонро ба додгоҳи байналмилалӣ мебарад

Ширкати Group DF-и миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташ аз рӯи ҳукми додгоҳи Хатлон дар мавриди давлатӣ кардани корхонаи "Тоҷиказот" ба Додгоҳи олии иқтисодӣ шикоят бурдааст.

firtash-4585444Ширкати Group DF-и миллиардери украинӣ ба мо гуфт, ки агар додгоҳи иқтисодӣҳукми додгоҳи поёниро бетағйир гузорад, онҳо Тоҷикистонро ба додгоҳи байналмилалӣ мекашонад. Олег Аристархов роҳбари департаменти робита бо ҷомеаи ширкати Group DF, муттааллиқ ба миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташ, 31 уми июл дар як посухи катбӣ ба мо гуфт, «Мо ҳамчун сармоягузор ҳамаи шартҳоро дар назди корхона иҷро кардем. Бинобар ин,ҳукми додгоҳро дар мавриди «Тоҷиказот» ноодилона медонем».

Дар пояи даъвои Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон рӯзи 23-юми июн корхонаи «Тоҷиказот»-ро моликияти давлатӣ эълон кард. Бино бар даъвои Оҷонсии фасод, Дмитрий Фирташ ҳангоми таъсис додани корхонаи муштарак арзиши «Тоҷиказот»-ро ночиз нишон додааст ва саҳмия давлатро дар ин корхона ҳамагӣ 20 дарсад муаян кардааст. Аммо бизнеси Фирташ дар ин корхона ҳанӯз аз соли 2008 бебарор буд. Фирташ ин корхонаро дар ҳоле харидорӣ кард, ки Узбакистон якбора интиқоли гази табииро ба Тоҷикистон коҳиш дод ва ин корхона аз фаъолият бозмонд.

Бо ин ҳол коршиносон мегӯянд ҳукми додгоҳи Тоҷикистон барои Фирташ ба истилоҳ як «дастак» шуд ва акнун ширкати ӯ барои ҷуброни хисороташ шанс пайдо кард. Алексий Хмара, масъули дафтари Trancperency international (Шафофияти байналмилал) дар шаҳри Киев мегӯяд, сармоядорон ҳангоми харидории корхонаҳо дар кившарҳои пасошӯравӣ бо давлатҳо шартномаи мукаммал имзо намекунанд ва дар аксар маврид бо истифода аз нуктаҳои заъфи қарордодҳо дар додгоҳои ҳакамии байналмиллалӣғолиб меоянд.

Ӯ мегӯяд, “ман намегуям, ки Фирташ аз ҳама соҳибкори поквиҷдон аст. Аммо вақте парванда то ба додгоҳҳои ҳакамии байналмилалӣ меравад, ҳукми ниҳоӣ бештар ба ҳирфаияти вакилони дифоъ вобаста мешавад. Вориди баҳси додгоҳи ҳакамии байналмиллалӣ шудан ҳатто барои як кишвар ҳам гарон аст ва киро кардани вакилони беҳтарин аз ин ҳам гаронтар. Дар ин маврид шонси Фирташ барои ғолиб омадан бештар мешавад, чунки ӯ беҳтарин вакилонро барои худ киро мекунад”.

Ҷаноби Хмара мегӯяд, чун “Тоҷиказот” ширкати муштарак буд ва саҳми аз ҳам бештари он ба Фирташ таалуқ дошт, ба эҳтимоли зиёд шарнома бо давлат бандҳои хеле умумиву лағжонак дорад, ки вакилони дифои ин сармоядор аз он моҳирона истифода хоҳанд кард. Тибқи пешбинии коршиносони умури тиҷорат ва ҳуқуқи байналмиллалӣ, командаи Фирташ метавонад аз додгоҳи ҳакамӣ на танҳо бозпас гардонидани моликияташ дар Тоҷикистон, балки пардохти товони ҳангуфтро низ талаб кунад. Чуноне, ки Михаил Ходорковкий ва саҳмиядорони ширкати Юкос баъди чандин соли барҳамхӯрдани ин ширкат дар додгоҳи Гаага ғолиб шуданд ва додгоҳ давлати Русияро ба пардохти 50 миллиард доллар ҷубронпулӣ муваззаф кард.

Бо расонаӣ шудани ҳукми марбут ба Юкос, нахустин шуда коршиноси тоҷик Саймиддин Дӯстов онро намунаи эҳтимолие барои дурнамои қазияи Фирташро номид. Ба ақидаи ӯ, ин парванда барои Ҳукумати Тоҷикистон бо 40-50 миллион доллар, ҷиддан халалдор шудани муҳити сармоягузорӣ ва аз дар ин замина боз ҳам паст рафтани имиҷи Тоҷикистон тамом мешавад, зеро ҳамсари Дмитрий Фирташ, ки баъди талоқ молики саҳмияҳои "Гулистон" гаштааст беш аз 20 миллион доллар сармоягузорӣ ба ин корхонаро талаб мекунаду худи Фирташ 20-25 миллион барои Тоҷиказот.

Ҷаноби Дӯстов меафзояд: "Маъмулан вакилон дӯст доранд, ки корро ба дарозо кашанд, бо ҳал шудани қазияи Фирташ ва ИМА корро ба судҳои аврупоӣ кашида, дар асоси адлияи инглисӣ ва байнулмиллал осон ғолиб меоянд. Ҷавобгар дар ҳар сурат Ҳукумати Тоҷикистон бо амволаш хоҳад шуду корро ба дарозо хоҳанд кашид. Дар асоси Конвесияи Ню Йорк, ки Тоҷикистон 3 сол пеш ба он пайваст, моликияти Точикистон дар беш аз 15 кишвари узви Конвесия ҳабс шуда метавонад. Ин аст, ки нархи масъала аз сармоя, фоидаи эҳтимолӣ, ҷарима ва хароҷоти калони судӣ шакл гирифта худуди 40-50 млн. хохад шуд. Бо шурӯъ шудани мурофиа Вазорати молия маҷбур мешавад, ки бонги хатар занад. Он замон роҳбарияти Агентии мубориза зидди фасод ва Суди олии иқтисодӣҳатман "боми пастак" хоҳанд шуд."

Таҳлилгарони дигар бар инанд, ки қазияи Фирташ бештар ба эътибори Тоҷикистон дар чашми сармоягузорони хориҷӣ зарба хоҳад зад. Коршиноси тоҷик Зафар Абдуллоев мегӯяд, дар мақомоти тоҷик дар масъалаи азхуд кардани моликияти сармоягузорони хориҷӣ аз ҳад мегузаранд ва сармоягузорон барои пул гузоштан дар ин кишвар эҳсоси хатар мекунанд. Зафар Абдуллоев мегӯяд, чанде пеш мақомоти Тоҷикистон иҷозаи коркарди кони тиллои як ширкати чиноиро пас гирифтанд, дар ҳоле, ки ин ширкат то замони лағви муҷаввиз дар ин кон 15 миллион доллар сармоягузорӣ кард: “Гуфта мешуд сармояҳои Чин дар Тоҷикистон аз ҳама хавфҳо эминанд? чунки мо аз ин кишвар беш аз ҳама қарздорем. Ман ҷониби Чинро ҳимоя карданӣ нестам, аммо амалкарди мақомдоронии тоҷик хеле ҳайратовар ва ҷасурон аст... офарин! Аммо то куҷо ин вазъият барои ҳукумат ҳамин тавр яксон мемонад, саволи бузург аст.”

Дмитрий Фирташ  соҳибкори украинӣ 75 фоизи саҳмияҳои “Тоҷиказот”-ро дар ихтиёр дошт.  20 дарсади саҳмияҳо аз ҳукумати Тоҷикистон ва 5 дарсадаш аз соҳибкори тоҷик Хайрулло Саидов, писари соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов буд.

Дмитрий Фирташ, ки ҷамъи дороиҳояш, аз рӯи  бархе маълумот, беш аз 600 миллион ва бар пояи маълумоти дигар беш аз 3 миллиард доллар ҳисоб шудааст, дар авоили солҳои 2000 –ум вориди бизнеси Тоҷикистон шуд. Фирташ аз ҷумла корхонаи нуриҳои азотии Вахш - "Тоҷиказот"- дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон, корхонаи "Абрешими Хуҷанд" дар шимол ва корхонаи дӯзандагии "Гулистон" дар Душанберо харидорӣ кард. Ӯ бо Зайд Саидов, соҳибкори шинохтаи тоҷик, ки соли гузашта боздошт ва ба 26 соли зиндон маҳкум шуд, равобити хеле наздик дошт ва аз ҷумла идораи умури корхонаи "Гулистон"-ро дар солҳои охир ба Саидов супурда буд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi