21:32:49 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"Одноклассники" ба Душанбе нома навишт

Масъулони “Одноклассники” дар Маскав мегӯянд, барои муайян кардани сабаби масдуд шудани ин шабака ду дафьа ба мақомоти дахлдори Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, вале посухе нагирифтанд.

odnoklassniki 2556212Ксения Чабаненко, роҳбари депортаменти робита бо ҷомеаи ширкати Mail.ru Group молики шабакаи  “Одноклассники” рӯзи 29 уми июл дар сӯҳбат ба мо гуфт: “Ҳанӯз рӯзи 21 уми июл ба унвонии Хадамоти алоқа барои муайян кардани сабаби баста шудани “Одноклассники” дар Тоҷикистон номаи расмӣ навишта будем. Мо медонем, ки ин нома ба дасти масъулони ин ниҳод расидааст. Аммо то ба ҳол мо посухе нагирифтаем.”   

Хонум Чабаненко мегӯяд бори дуввум рӯзи 24 уми июл онҳо ҳам ба унвонии Хадамоти алоқа ва ҳам ширкатҳои интернетрасон нома фиристодем, аммо ҳануз ҳам аз ҳеҷ яке аз онҳо посух нагирифтем.

 “Одноклассники” дар Тоҷикистон ягона шабакаи иҷтимоиест, ки ба забони тоҷикӣ саҳфа дорад. Ба гуфтаи Чабаненко “Одноклассники” қабл аз масдуд шудан дар Тоҷикистон рӯзона 350 ҳазор корбарӣ фаъол доштанд. Аммо ба таъкиди вай рӯзи 18 уми июл онҳо аз корбаронашон шикоят дарёфт карданд, ки дастрасӣ ба “Одноклассники” маҳдуд шудааст.

Баъди масдудкунӣ ба гуфтаи Чабаненко, шумораи корбарони “Одноклассники” дар Тоҷикистон коҳиш ёфт. Вале ба таъкиди ӯҳоло ҳам аз Тоҷикистон бархе аз корбарони “Одноклассники” бо воситаи торнамоҳои филтершикан вориди ин шабака мешаванд.

Хонум Чабоненко афзуд: "Ҳадсу гумонҳо дар мавриди чаро баста шудани “Одноклассники” зиёд аст, аммо то замоне, ки мо аз мақомоти Тоҷикистон посухи расмие нагирифтаем, дар ин маврид чизе гуфта наметавонем. Агар корбарони “Одноклассники” бо нашри ягон мавод қонунҳои Тоҷикистонро нақз карад бошанд, мо омодаем онро ислоҳ кунем ва бо мақомоти тоҷик дар ин маврид ҳамкорӣ кунем. Аммо то ба ҳол аз сӯи ниҳодҳои расмии Тоҷикистон дар мавриди нақзи қонунҳои Тоҷикистон аз сӯи маъмурияти шабакаи “Одноклассники” ва ё корбаронаш мо нагирифтаем."

Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон, ки масъулияти танзими бозори Интернету мухобиротро дар кишвар бар ӯҳда дорад, аз масдуд шудани шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” дар Тоҷикистон изҳори бехабарӣ мекунад. Дафтари матбуоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба мо гуфт, ки аз масдуд шудани шабаки иҷтимоии «Одноклассники» хабар надоранд.

Шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» аз пуристифодабарандатарин шабакаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон аст, ки ба гуфтаи масъулонаш дар Тоҷикистон наздики ним миллион муштарӣ дорад, ки аз он 350 ҳазор нафарашон ҳар рӯз як маротиба вориди ин шабака мешаванд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi