02:53:28 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Сеҳру ҷоду – амали шайтонӣ - IV

Одил ибни Тоҳири Муқбил

РОҲИ ХАЛОСӢ АЗ СЕҲРУ ҶОДУ

jodugar 65655688Роҳи халосӣ аз сеҳру ҷоду ба ду усул сурат мегирад:

-Усули аввал, пеш аз ба сеҳру ҷоду гирифтор шудан;

-Усули дуюм, баъди ба сеҳру ҷоду гирифтор шудан.

Шахсе, ки ба ҷоду гирифтор шудааст, аввал бояд ба Парвардигори азимушшаън таваккал кунад ва аз даргоҳи Худованди Мутаъол мадад талаб намояд, яъне Парвардигори баландмартаба дар каломи қудсии худ фармудааст: "Ва аз ҷое, ки гумонашро надорад, рӯзияш медиҳад. Ва ҳар кӣ ба Худо таваккул кунад, Худо ӯро кофист. Ҳаройна, Худо кори худро ба иҷро мерасонад. Ва ҳар чизро андозае қарор додааст". (Сураи "Талоқ", ояти 3).

Султони ҳар як банда, ки ба Аллоҳ Таъоло имон овардааст ва бар Ӯ таваккал кардааст, ки Парвардигори Баландмартаба мебошад, на ин ки шайтони раҷим, ки аз ӯ мадад талаб кардан қатъиян манъ аст. Шайтон султони шахсонест, ки онҳо ба ӯ рӯ меоваранд ва бо ин васила худро мушрик месозанд ва тобеъи вай мегарданд. Дуюм, хондани намози субҳ бо ҷамоъат дар масҷид, чунонки дар ҳадиси Паёмбари Ислом (с) омадааст: "Касе, ки намози субҳро бо ҷамоъат хонд, дар ҳимояи Худои таъолост ва касе ки дар ҳимояи Аллоҳ таъолост, ба вай на шайтон, на соҳир, на коҳин, на ҷодугар зараре расонида наметавонад".

Сеюм, ҳифз намудани худ ба воситаи қироъати ин ду сура: "Фалақ" ва "Нос":

Аз Ақаба ибни Умар (р) ривоят аст, ки Расули акрам (с) чунин фармуданд: "Аз ин ду сура: "Фалақ" ва "Нос" паноҳ бихоҳ". (Абӯдовуд инро тасдиқ кардааст). Ин сураҳоро се маротиба пагоҳӣ ва се маротиба бегоҳӣ қироъат кардан лозим аст.

Чорум, хондани "Оятулкурсӣ" ҳангоми хоб рафтан.

Расули акрам (с) дар ҳадиси набавӣ барҳақ фармудаанд: "Касе, ки пеш аз хоб рафтан "Оятулкурсӣ"-ро хонад, то дамидани субҳ Парвардигори Баландмартаба вайро нигоҳбон аст ва шайтон ба вай наздик намешавад". Оё муъминеро, ки Худо ӯро нигаҳбон аст, шайтон метавонад, ки ба вай наздик шавад? Ҳаргиз не! Ё ки сеҳру ҷоду роҳ меёбанд? Мутлақо не! Ва "Оятулкурсӣ"-ро ҳар рӯз пагоҳӣ ва бегоҳӣ қироъат кунед, то ки бо изни Худованди Мутаъол шуморо аз ҷину шайтони раҷим ҳифз намояд.

Панҷум, хондани сураи "Бақара". Дар хона чунонки Расули акрам (с) фармудаанд, ки сураи "Бақара"-ро қироъат кунед, чунки тиловати он баракат меорад, тарки он пушаймонист ва соҳир қудрати ботил кардани онро надорад. (Ҳадис бо ривояти Муслим). Расули акрам (с) барҳақ мефармоянд: "Дар хонае ки сураи "Бақара" мехонанд, шайтон аз он ҷо мегурезад". (Ҳадис бо ривояти Муслим).

Шашум, "Бисмиллоҳиллазӣ ло юзирру маъа исмиҳи шайъун фил арзи ва ло фиссамоӣ ва ҳувассамиъул ъалим". ("Ба номи Худованде, ки ба номаш на дар осмон, на дар замин, на ба касе ва на ба чизе зараре намерасад ва Ӯ шунаванда ва донанда аст"). Ин дуъоро се маротиба саҳар ва се маротиба бегоҳ хонед.

Ҳафтум, ин дуъоро "Аъузу бикалимотиллоҳи аттомот мин шарри мо халақ" ("Паноҳ мебарам ба каломи Худованд аз бадиҳои ҳар чӣ офаридааст"), се бор ҳар бегоҳ хонед ва агар ба ҳар манзиле дароед, ин амалро анҷом диҳед. Дар ин маврид Расули акрам (с) дар ҳадиси щарифи худ мефармоянд: "Касе, ки ба хонае даромад ва гуфт: "Паноҳ мебарам ба каломи Худованд аз бадиҳои ҳар чӣ офаридааст", то даме ки аз он манзил берун наравад, аз бадиҳо дар амон аст". (Ҳадис бо ривояти Муслим). Хондани ин дуъо барои муҳофизат аз бадиҳои шайтон, ҷин, сеҳру ҷоду низ муфид аст. Расули акрам (с) ба шахси каждумгазидае гуфт: "Агар ту пеш аз хобравӣ мегуфтӣ: "Аъузу бикалимотиллоҳи аттомот мин шарри мо халақ" ("Паноҳ мебарам ба каломи Худованд аз бадиҳои ҳар чӣ офаридааст"), ба ту зараре намерасид". (Ҳадис бо ривояти Муслим).

Ҳаштум, "Ло илоҳа иллаллоҳ ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳулмулку ва лаҳулҳамду ва ҳува ъало кули шайин қадир" ("Нест Худое ҷуз Аллоҳ, ки Ӯро шарике нест ва ҳамагӣ мулк ва ҳамду сано аз Ӯст ва Ӯ ба ҳамаи чиз тавоност").   

Расули акрам фармудаанд, ки касе ин дуъоро ҳар рӯз сад бор хонад, сад ҳасанот дар номаи аъмолаш навишта ва сад гуноҳи вай бахшида мешавад ва аз саҳар то бегоҳ аз бадиҳои шайтон наҷот меёбад. Дар нисбати ҳифз аз шарру бадиҳо ва фасоди шайтон ҷуз хондани ин дуъо афзалтар нест. (Ҳадис бо ривояти Имом Бухорӣ).

9. Ҳар касе дуъоро: "Аъузу биллоҳи минал хубси вал хабоиси вар риҷси ваннаҷас" ("Паноҳ мебарам бар Худованд аз хабисиҳо ва ифлосиву наҷасотҳо")  ҳангоми даромадан ба хоҷатхона хонад, аз бадиҳои шайтон эмин хоҳад монд, зеро ҳоҷатхона ҷоест, ки шайтонҳо он ҷо ҷамъ меоянд. (Ҳадис бо ривояти Ҳоким) 

10. Дуъо ҳангоми баромадан аз хона чунин аст: "Бисмиллоҳ таваккалту ъалаллоҳ вало ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ" ("Ба номи Худованд, таваккал кардам ба номаш ва касеро ҷуз Парвардигор тавоноиву қувват нест"). Бо хондани ин дуъо бандаи муъмин аз васвасаи шайтони раҷим халосӣ меёбад.    

11. Ба ҳафт дона хурмо наҳорӣ кардан. Расули акрам (с) фармудаанд: "Ҳар касе ки ба ҳафт дона хурмои хушки Мадина наҳорӣ кунад, на сеҳру ҷоду ба вай таьсир мекунад ва на заҳр". (Ҳадис бо ривояти Имом Бухорӣ). Ба гуфти Шайх Абдулазиз ибни Боз (р) ин сифат хоси ҳамаи навъҳои хурмост. Сеҳру ҷоду он вақт ба ҷодугару соҳир муяссар мегардад, ки бо шайтон қаробати наздики маънавӣ дошта бошад, он гоҳ шайтон ба кори хабиси вай мусоидат мекунад.

ТАБОБАТ ПАС АЗ ВУҚУЪИ СЕҲРУ ҶОДУ

Чӣ тавре ки Шайх Абдуллоҳ Азиз ибни Боз (р) дар китоби "Ҳукми сеҳр" зикр кардааст, хуб мешуд, ки ҷойи сеҳру ҷодуро пайдо карда, аз маконаш бароварда шавад, он гоҳ сеҳру ҷоду таъсири худро гум мекунад.

Агар макони сеҳру ҷоду маълум набошад, беҳтарин ва тезтарин роҳи табобати сеҳру ҷоду дуъо аст. Аз модари муъминон, ҳазрати Оишаи Сиддиқа (р) нисбати гирифтор шудани Расули акрам (с) ба сеҳру ҷоду чунин омадааст: "Як замон Паёмбари акрам (с) як кореро анҷом доданӣ буд, аммо ин кор ба вай ҳеҷ даст намедод ва барои бартараф кардани сеҳру ҷоду Муҳаммади Мустафо (с) шаб то саҳар дуъо кард". (Ҳадис бо ривояти Муслим).

Барои бемор (шахси ба ҷоду гирифторшуда) риояи қатъии тарзи дуъохонӣ, зарурати одоби дуъо, таҳорат ва рӯ ба ҷониби қибла овардан лозим аст. Вақти иҷобат пораи сеюми шаб ба шумор меравад. Худованди Мутаъол нисбати ин вақт барҳақ фармудааст: "Дар вақти зикршуда (пораи сеюми шаб) касе аз Ман даъво намояд, даъвояш қабул мегардад, касе чизе талаб намояд, ато мекунам, касе истиғфору тавбаи гуноҳ металабад, мағфират мекунам". (Ҳадис бо ривояти Имом Бухорӣ).

Ба бемор (шахси ба ҷоду гирифторшуда) риояи вақти дуъохонӣ ва истифода аз дуъои муайяншуда лозим аст. Расули акрам (с) дар ин маврид барҳақ чунин фармудаанд: "Касе, ки ҳангоми шаб ин дуъо: "Ло илоҳа иллаллоҳ ваҳдаҳу ло шарика лаҳу лаҳулмулку ва лаҳулҳамду ва ҳува ъало кулли шайин қадир, алҳамду лиллоҳи ва субҳоналлоҳ ва ло илоҳа иллаллоҳ валлоҳу акбар ва ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ"-ро бихонад ва бигӯяд: "Худоё, маро мағфират намо", дуъо ва намози ӯ пазируфта мешавад". (Ҳадис бо ривояти Имом Бухорӣ

Барои шифои комил ёфтан аз сеҳру ҷоду ба бемор (шахси ба ҷоду гирифторшуда) лозим меояд аз даргоҳи Худованди Мутаъол мағфират талаб намояд, то ки гуноҳонаш бахшида шавад, аз амалҳои баде, ки содир кардааст, тавба намояд. Чӣ тавре ки Расули акрам (с) дар ҳадиси шарифи худ барҳақ фармудаанд: «Ҳар касе, ки аз таҳти дил аз Худованди Мутаъол талаби мағфират кунад, аз ҳар ғаму ранҷ Худованд ӯро раҳоӣ бахшад ва аз ҳар як тангӣ берун орад ва аз макони ғайричашмдошт ризқи ӯро диҳад». (Ҳадис бо ривояти Абӯдовуд ва Ҳаким).

САРГУЗАШТИ АҶИБ

Аз сари худи ман ҳодисае гузашт. Рӯзе ба назди ман марде омад ва аз зани фоҳишае, ки борҳо аз рӯйи бадахлоқиаш мавриди ҳабс низ қарор гирифта буд, шикоят кард, ки гӯё ин зан писарашро чунон сеҳру ҷоду намуда, ба худаш моилу ошиқ кунондааст, ки писар боисрор талаб дорад, ки бо ин зан издивоҷ намояд. Писар хеле маъюсу маҳзун буда, агар ҳар шаб ба дари хонаи ӯ наравад, хобаш намебарад ва бесаранҷом мешавад. Ин мард аз ман талаб кард, ки гиреҳи ин сеҳру ҷодуро кушоям. Ба вай гуфтам:

-Бародар, ман гиреҳи сеҳру ҷодуро кушода наметавонам, лекин ба ту роҳи кушодашавии ин гиреҳро нишон медиҳам. Аввал таваккал ба Аллоҳ таъоло намуда, дар пораи сеюми шаб дуъои бисёр кун, чунонки Худованди Мутаъол барҳақ мефармояд: "Ҳар касе, ки ба сӯям дасти дуъо бардорад, дуъояшро мустаҷоб мегардонам".

Дуюм, доимо аз Худованди Баландмартаба мағфират талаб кун, ки ин бузургарин васила раҳоӣ аз ғам аст.

Сеюм, васияти Расули акрам (с)-ро ба ту мегӯям: "Ҳар мусалмонеро мусибате пеш ояд ва ин амри Парвардигор: "Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун", яъне, «Ба ростӣ, Худованд моро офаридааст ва ба назди Ӯ бозгардандаем) бигӯяд, ҳатман Парвардигори Баландмартаба вайро подоши хубтару беҳтаре медиҳад». (Ҳадис бо ривояти Муслим).

Модари муъминон Уммисалма яке аз занони Расули акрам (с) мегӯяд: "Вақте ки Абӯсалма вафот кард, ман ҳамин дуъоро хондам ва гумон надоштам, ки ба беҳтаре аз Абӯсалма ноил мешавам, аммо Худованди Мутаъол дар ин мусибат маро ба шахсе мушарраф гардонд, ки аз Абӯсалма беҳтар буд, яъне маро Расули акрам (с) ба занӣ гирифт".

Сипас ин мард баромада рафт. Баъд аз панҷ рӯз вай ба наздам баргашт ва чеҳраи вай аз хурсандӣ чун моҳи тобон медурахшид. Маро ба гӯшае даъват намуда, аз кисааш як чизи ҷодумонандеро баровард. Ба вай хитоб намудам:

-Эй амак, аз Худо битарс, ту ҳам ба назди ягон ҷодугару фолбин нарафта бошӣ?

Ӯ бо ҳарду даст ришашро қабза намуда гуфт:

-Қасам ба номи Худованд, ки агар фарзандонам паси ҳам бимиранд, ман дину ойинамро намефурӯшам.

Боз аз вай пурсидам:

-Пас шумо чӣ тавр ҷодуро пайдо намудед? Аммо вай ғайр аз ашк резондан ба ман чизе ҷавоб надод. Баъдан вай боз як чизе дигари сеҳршудаеро баровард. Ман боз аз вай пурсидам. Вай дар посух гуфт:

-Вақте ки ман аз назди шумо баромадам, машғул ба талаби мағфират аз даргоҳи Худованд ва ба хондани намози шабона банд будам. Шабе аз шабҳо ҳангоме ки машғули намозгузорӣ будам, соати дуи шаб буд ва ман аз даргоҳи Парвардигор илтиҷои сабук кардани ғаму андӯҳамро мекардам, ногоҳ телефон занг зад ва ман ба он ҷавоб додам, дарҳол шахсе салом дод ва пурсид:

-Шумо фалонӣ ҳастед?

Гуфтам:

-Бале.

-Мехоҳӣ, ки сеҳру ҷодуи ба писарат кардаро дарёфт намоӣ?

Гуфтам:

-Бале.

Гуфт:

-Онро аз замини холии ба хонаат пайваст буда дарёфт мекунӣ. Ман дар ҳол давида аз хона берун шуда, ба ҷое, ки он шахс нишон дода буд, рафтам ва онро ёфтам, аммо барои оварданаш ба назди шумо шубҳа доштам, чунки метарсидам бовар намекунед.

Рӯзи дигар дар ҳамон вақте ки рӯзи гузашта занг зада буд, боз телефон занг зад ва маконеро, ки чизи сеҳркардашудаи дуюм пинҳон карда шуда буд, шарҳ дод. Ман онро дарёфт кардам ва наздатон овардам, ана вай,-гуфта онро ба ман нишон дод. Аммо ман аз шумо пурсиданиам, ки шахси телефонкарда кӣ бошад?

Гуфтам:

-Инро Худованди Мутаъол медонаду бас. Банда дар ин маврид оҷиз аст, аммо мумкин вай шахсе буд, ки бо супориши он зани бадахлоқ он чизҳои сеҳркардашударо дар ҷойҳои гуфтааш таги хок карда буд. Замоне ки даъват дар дасти худи Худованд мебошад, тақдир ва қалби ҳар як банда дар дасти худи Парвардигор аст, чунки вай ҳамадон ва холиқу ҷаббор аст ва ҳар чизе, ки нисбати банда хоҳад, хоҳ бад бошад, хоҳ нек, яқин ҳамон мешавад. Шояд Худованди Бузург дар дили он шахс андохт, ки вай ҷойи сеҳру ҷодуро ба ту нишон диҳад.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №18, 02 октябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi