15:32:07 15-уми Декабри 2018 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Декабр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Пурсишеву посухе: Сарез ҷавонтарин ва хавфноктарин кӯли ҷаҳон аст…

Ёқуб Сабзанов як чеҳраи тобноки санъати кишвар буд

Агар гӯям, ки таронаи "Зебанда туро либоси атлас" аз дӯстдоштатарин таронаҳои замони ҷавонии ман буд ва ҳоло ҳам, ки синнам аз 70 болост онро тараннум мекунам, иштибоҳ нест. Аммо он сарояндагон ва муаллифаш яҳудиён буданд, ҳоло дар Душанбе нестанд ва гумон ҳам намекунам, ки онҳо дар қайди ҳаёт бошанд. Ва дирӯз шунидам, ки бастакораш Ёқуб Сабзанов аз олам гузаштааст. Ростӣ шунидани ин хабар як бори дигар хотироти ҷавонии маро тоза кард. Бисёр мехостам дар бораи шахсияти Сабзанов донам.

Моҳниссо Шарифова, сокини шаҳри Душанбе

1.pursish-454545Ташаккур ба модари азиз Моҳниссо, ки ба нишони эҳтиром бо нома ба "Рӯзгор" муроҷиат кардаанд. Ростӣ, хабари даргузашти Яхиэл Сабзанов, ки дар гузашта мо ӯро чун Ёқуб Сабзанов мешинохтем ва дар кишвар ӯ маҳз бо ҳамин ном маъруфияти хос дошт, моро ҳам ғамгин сохт. Яхиел ҳарчанд яҳудии Бухоро буд, вале муддати 65 сол дар Тоҷикистон зист ва худро як узви ҳамин милат медонист ва дар рушду нумӯи мусиқии тоҷик хеле хизматҳои шоиста кардааст.

Албатта, дар ин гӯшаи "Пурсишеву посухе" наметавон дар бори ин марди ҳунар зиёд ҳарф зад, таҳлилу баррасии ҳаёт ва фаъолияти эҷодии ӯро ба вақти дигар вомегузорем. Аммо ин ҷо мекӯшем хеле мухтасар дар бораи ӯ маълумот диҳем.

Сабзанов як оҳангсози маъруф буд, ки 84 сол пеш дар Душанбе дида ба олам кушод. Гузаштагонаш аз яҳудиёни Бухоро буданд ва мансубияташ ба миллати яҳуд сабаб шуд, ки соли 1992, қатори дигар ҳаммиллатонаш аз Душанбе ба Ню-Йорк рахти сафар баст ва боқии умрашро дар Амрико сипарӣ намуд.  Ва рӯзи 11 сентябр  дар қабристоне дар ин шаҳри амрикоӣ ба хок супурда шудааст.

Сабзанов муаллифти таронаҳои хеле маҳбубу марғуби "Аз қадат гардам", "Шаҳри ман",  "Тӯёна", "Ишқ", "Ба дилбар" ва таронаи ёдкардаи шумо, модари арҷманд аст, ки дар гузашта сарояндагони яҳудитабори Тоҷикистон Шоиста Муллоҷонова, Борис Наматиев, Рене Ғолибова  ва Рафаэл Толмасов сароиданд ва ҳоло дар Хазинаи тилоии радио ва телевизиони Тоҷикистон маҳфуз мебошанд. 

Ёқуб Сабзанов муддати  37 сол дар Тоҷикистон кори фарҳангӣ кардааст. Вай дар ин муддат гоҳ дар Театри давлатии Академӣ-драмавии Лоҳутӣ, гоҳи дигар дар кумитаи радио ва телевизион, дар филармонияи давлатӣ фаъолият доштааст. Ва муддате устоди донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи Турсунзода низ будааст. Вале бахши оҳангсозии фаъолияти ӯ дурахшонтар аз устодиаш дар донишкада арзёбӣ мешавад. ӯро дар Тоҷикистон маҳз ҳамин таронаҳояш машҳур карданд. 

Яхиэл Сабзанов на танҳо тарона навиштааст, балки дар хазинаи мусиқӣ ва санъати тоҷик  операи "Бозгашт", ки дар асоси достони  Аминҷон Шукӯҳӣ соли 1967 эҷод шудааст,  "Имтиҳон"  аз рӯи песаи  ҳамноми Файзуллоҳ Ансорӣ, ораторияи "Нурҳои Норак", ки онро соли 1970 дар айни ҷӯшу хурӯши бунёди ин нерӯгоҳи азим навиштааст, ҳамчунин достонҳои симфонии "Турнаҳо",  Мақом" ва "Ёди Рӯдакӣ" маҳфузанд, ки низ мансуб ба ӯянд.

Таронаҳои ӯ ба ҳадде маҳбубият доранд, ки имрӯз ҳам агар аз радио садо диҳанд, мақбули ҳамагон мегарданд. Яъне, эҷоди ӯ мансуби давру замон набуда, наслҳо мешунаванду лаззати маънавӣ мебаранд. Аз ҷумла, ремикси таронаи "Зебанда туро либоси атлас"-ро соли 2007 сарояндаи маъруфи тоҷик Сироҷиддини Фозил суруд, ки зуд ба дили даҳҳо ҳазор мухлисони созу наво роҳ ёфт. 

Хулоса, Яхиэл Сабзанов яке аз маъруфтарин чеҳраҳои ҳунар аз миёни яҳудиёни Бухоро буд, ки дар Тоҷикистон кору эҷод кард ва баъди ҳиҷрат ба Амрико низ қатори дигар ҳунармандон аз мубаллиғони фарҳанги тоҷикӣ дар ин кишвари қудратманди олам маҳсуб мешуд.

Сарез ҷавонтарин ва хавфноктарин кӯли ҷаҳон аст

Оё дуруст аст, ки  кӯли Сарез аз заминҷунбӣ пайдо шудааст?

Аслонхуҷа, Восеъ

2.pursish-454545Бале, Сарез таърихи навин дорад ва метавон гуфт, ки аслан он як мӯъҷизаи худовандист ва баёнгари қудрату тавоноии Он зоти пок аст. Аз сӯи дигар Сарез ҷавонтарин кӯл дар олам аст. Он дар Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон воқеъ шудааст ва наздик ба 55,8 километр дарозӣ дорад. Чуқурии кӯл ҳудудан 500 метр аст, ҳаҷми оби дохили онро беш аз 16 км? ҳадс мезананд. Кӯҳҳои атрофаш он то 2416 м баланд мебошанд.

Кӯли мазкур 5 (18) феврали соли 1911 баъди як заминларзаи шадид, ки наздик ба 9 бал рақам зада мешавад, ба вуҷуд омадааст. Он замон дарёи Мурғоб дар натиҷаи фуруд омадани деҳаи Усой ва банд шудани маҷрои он сарбанди табиии худро ба вуҷуд овард, ки баландии он 567 метр буд. Чуқурии пуршуда худи ҳамон сол деҳаи Сарезро ба коми худ фурӯ бурд ва чун дар ҷои он деҳа кӯл бунёд ёфт, номи Сарезро гирифт. 

Ин кӯл то соли 1914 бидуни тағйир боқӣ монд ва аз он ба баъд аввалин чашмаҳо ба вуҷуд омаданд.Тадриҷан дарёчаи Шадау-Дарё низ зери Усой монд ва дар натиыа кӯли дигари хурдакак бо номи Шадау пайдо шуд.

Аз ҳамон вақт ба инҷониб кӯли Сарез бештар аз пештар на танҳо барои сокинони гурду навоҳаш, балки барои кулли ҷумҳурӣ хатарофарин мешавад. Борҳо мавҷудияти ин гуна баҳри навпайдо муҷиби овозаҳо ва таҳдидҳои амниятӣ шудааст. Дар минтақаи хавфноки кул дар қаламрави Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон наздик ба 6 миллион нафар одамон зиндагонӣ мекунанд. Ба дигар маънӣ кӯчиш дар кӯл ё бар асари заминларза ва ё офати дигари табиӣҷони ин миқдор инсонҳо дар хатар аст.

Соли 2000 ҳукумати 4 кишвари зидахл-Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ барои кӯмаки модди коҳиши хавфи ин кӯл муроҷиат намуданд. Худи ҳамон сол Бонки умумиҷаҳонӣ як лоиҳаи пешгирӣ аз хатари фазояндаро роҳандозӣ кард, ки ин гуна унвон дошт: "Кӯли Сарез: лоиҳа оид ба коҳиши хатар".

Кӯл ҳамоно ҷои обрез надорад ва оби он ба миқдори начандон бузург аз чашмаҳои атрофаш берун мешорад.  

Le Roi даричае барои вуруд ба тафреҳгоҳи бидуни нӯшокиҳои спиртӣ

Шунидам, ки дар Миср меҳмонхонае бунёд шуда, ки истеъмоли шароб манъ аст. Оё барои кишваре, ки як манбаъи даромади аслии он сайёҳист, ин гуна иқдомҳо то кадом ҳад муассиранд?

Абдулло Назир, Қурғонтеппа

3.pursish-454545Бале дуруст аст. Ин хабар аз аввали соли ҷорӣ расонаӣ шудааст ва гуфта мешавад, ки аввалин меҳмонхонаи бидуни маводи алкулӣ, яъне шаробу арақ соли 2013 дар шаҳри Хургади Миср дарҳои худро ба рӯи мизоҷонаш боз кард. Ин рӯйдоди таърихӣ аввали моҳи май иттифоқ уфтод ва ин рӯзро дар таърихи сайёҳии Миср як рӯи махсус меноманд. 

Ҳамчуноне мебинед, ин иқдом дар замони ҳукумати "Бародарони мусалмон" сурат гирифтааст ва ҳадафи аслии он оғози бунёди истироҳатгоҳу тафреҳгоҳҳо барои сайёҳони мусалмон буд, то макони озоди сарфи ғизо бидуни маводи спиртӣ дошта бошанд.

Бунёдгаронаш номи онро ҳутали Le Roi -и Ёсир Камол номиданд. Ва бояд гуфт, ки дар аввалин рӯзҳои ифтитоҳаш ба муқовимати либералҳо дучор омад. Онҳо бар ин назар буданд, ки "Бародарони мусалмон" тадриҷан озодиҳои демократӣ ва интихоби фаъоли муносиби зистро аз байн мебаранд ва Мисрро ба оҳистагӣ ба сӯи як ҷомеаи динӣ ҳзаракат медиҳанд.

Аз ҷониби дигар онҳо мегуфтанд, ки ин гуна иқдомот дарҳои ҳуталро ба рӯи сайёҳони ғарбӣ мебандад ва боиси коҳиши сафи онҳо дар кишвар мегардад. Аммо соҳиби Le Roi мегуфт, ки мехоҳад дар Миср навъи нави сайёҳиро ба роҳ монад. 

Ҳутали Ёсир Камол махсусияти дигар ҳам дошт: як ошёна ва ҳавзи оббозӣ комилан ба ихтиёри занон вогузошта шуда буд ва мардон аслан ҳақу ҳуқуқи ворид гардидан ба онро надоштанд.

Албатта, ин то табаддулоти ҳарбиён буд. Ҳоло маълум нест, ки соҳиби ҳутал тавонист худ ва ғояи худро дар ҳукумати истибдодӣ ва низомии Миср ҳифз кунад ё на. http://tourism.kupitedom.com/?p=398

Овоза ҳам ҳақиқате нуҳуфта дорад

Мегӯянд дар Русия ҳар касе ақаллан боре маводи мухаддир истеъмол кардааст, наметавонад ҳуҷҷати ронандагӣ гирад. Дуруст аст?

Назриддин, муҳоҷири собиқ, ронанда

4.pursish-454545Тахмин меравад, ки аслан ин гуна қонун дар ҳич давлати дунё вуҷуд надорад. Аммо саволи хонанда моро водор ба ҷустуҷӯ кард, ки шояд дар Русия чунин тартибе ҷорӣ шуда бошад ва агар не, пас ангезаи ба миён омадани савол чӣ будааст. Маълум шуд, ки ин гуна як пешниҳод аз ҷониби ҳизби "Русияи ягона" шудааст, ки аз тариқи намояндагонаш дар парламони кишвар мехоҳад пазируфта ва амалӣ карда шавад.

Тибқи лоиҳаи пешниҳодӣ ҳар касе, ки дар ҳаёташ ақалан як маротиба мухаддирот истеъмол кардааст, шаҳодатномаи ронандагӣ, иҷозатнома доштани силоҳи оташфишон дошта наметавонад. Вай ҳатто наметавонад корманди пулис ё ҳавонавард ва халабон бошад. Аммо эҳтимолияти қабули қонун бо андаке тағйирот вуҷуд дорад, зеро аллакай он аз ҷониби Кумитаи амнияти Думои давлатӣ мавриди пазириш қарор гирифтааст. Ҳатто пешниҳод ҳам шудааст, ки лоиҳаи Қонуни ёдшуда дар аввалин қироат қабул карда шавад. Тибқи лоиҳаи пешниҳодӣ истеъмоли якдаъфаинаи мухаддирот ҳам боиси он хоҳад шуд, ки корманд аз кор озод карда шавад ва муоҳадаи кории вай бо корфармо бекор карда шавад. 

Аммо баҳс сари чигунагии ин қонун ҳоло дар ҷараён аст. Аксари коршиносон зидди онанад, ки қонун баъди истиъмоли якдаъфаина афродро аз ҳуқуқи доштани шаҳодатномаи ронандагӣ маҳрум созад. Ба андешаи профессори донишгоҳи тиббии Қазон, Владимир Менделеев 30% донишҷӯён ва хонандагони мактабҳои миёна ва бисёре аз сиёсатмадорон ақаллан боре маводи мухаддир истеъмол кардаанд. Магар мешавад ин теъдодро аз шаҳодатномаи ронандагӣ маҳрум кард? Аз сӯи дигар бадбахтиҳои фаровонро истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ ба сари сокинони Русия меорад ва профессор Менделеев мегӯяд бояд қонуни истеъмоли маводи спиртӣ шадид шавад.

Хулоса, пешниҳоди "Русияи ягона" ҳоло баҳсбарангез аст ва то қабул шудани он наметавон гуфт, ки чунин қонуне вуҷуд дорад.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №18, 02 ноябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1