13:52:46 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Сафорат заҳрпошӣ дар консерти Маскавро таҳқиқ мекунад

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба таҳқиқи ҳодисаи пошидани гази заҳролуд дар консерти ҳунармандони тоҷик дар Маскав, шурӯъ кардааст.

ismail-koncert-454545

Абдумаҷид Достиева, сафири Тоҷикистон дар Русия рӯзи 11-уми ноябр дар сӯҳбат бар мо гуфт, ки ин ниҳод бо раҳбарии консул талош дорад то ин ҳодисаро дар ҳамкорӣ бо мақомоти зидахли Русия таҳқиқ кунад, то ангезаҳо ва сабабҳои ин ҳодиса рӯшан шавад. Ҷаноби Достиев афзуд, ки пас аз таҳқиқи ин ҳодиса, дар соатҳои наздиктарин изҳороти расмӣ пахш хоҳанд кард.

Консерти репсароёни тоҷик Мастер Исмайл ва Баха-84, ки шаби якшанбеи 10-уми ноябр дар толори "Москва Ҳолл"-и шаҳри Маскав баргузор мешуд, бо пошидани гази заҳролуд, нотамом монд. Ба гуфтаи баргузоркунандагони ин намоиши ҳунарӣ, гази заҳролуд гӯё аз тарафи масъулони ин толор, дар ҳоле, ки консерт бо иштироки 600 нафар тамошобин шурӯъ шуда буд ва чанд дақиқа идома дошт, роҳандозӣ шуда аст.

Аслишо Акимбеков, масъул ва баргузоркунандаи ин консерт дар саҳифаи Одноклассикии худ навиштааст, «Дар бораи оне, ки консерти Мастер Исмайл дар шаҳри Москав мегузарад, ҳама хабар доштанд, лекин дар бораи оне, ки чи воқеаи фоҷиаовар рух дод,  танҳо 600 нафаре, ки дар ин консерт иштирок доштанд, иттилоъ доранд. Ба он нафароне, ки намедонанд, рӯзи 10-уми ноябр дар вақти консерт аз тарафи кормандони толори консертии "Москва Ҳолл" барои бартараф кардани муноқиша, гази заҳролуд истифода бурда шуд. Аз он нафароне, ки зарар дидан хоҳиш мекунам, ки ба беморхона муроҷиат кунанд, ва аз он ҷо натиҷаи экспертизиро дар бораи заҳролуд шудани бадан, пурсиш (справка) гирифта ба ман равона кунанд. Барои он заноне, ки ҳомиладор буданд, сараввал саломатӣ хоҳонем, баъдан хоҳиш мекунем, ки пурсиш аз беморхона барои мо равона кунад, барои кори судиро бурдан, бар зидди кормандони ин толор. Мо ин корро ҳоло намемонем. Мо исбот мекунем, ки мо ҳам инсон ҳастем ва ин рафтор, ғайриқонунӣ буда, дар ягон чаҳорчуба баробар намебиёяд.»

Ба гуфтаи шоҳидон, ҳангоми дар саҳна будани Бахтиёр Қосимов машҳур ба Баха-84, тамошобинон бӯйи газро ҳис кардаанд. Дар ин ҳангом яке аз посбонҳо ба саҳна баромада гуфтааст, консерт анҷом ёфт, вале то омадани пулис набояд касе толорро тарккунад.

Посбонҳо баҳона пеш овардаанд, ки чанд нафар бе билет ба консерт ворид шудаанд ва бояд маблағи даромадро пардохт кунанд. Дар натиҷа миёни тамошобинон ва посбонҳо муноқиша ҳам ба миён омадааст.

Аз шӯъбаи корҳои дохилии Маскав ба хабаргузориҳои русӣ гуфтаанд, ки ҳангоми тафтиши билетҳо аз тарафи посбонҳо "вайрон кардани оромии ҷомеа" сар задааст. Вале то омадани пулис ҳамаи беназмиҳо бартараф шудааст ва касеро кормандони мақомот дастгир накардаанд.

Хабаргузориҳои Русия навиштаанд, ки дар лавҳаи (афишаи) эълонҳои толори "Маскав Ҳолл" дар рӯзи 10-уми ноябр чунин консерт дар нақша набудааст. Аммо мутасаддиёни консерт инро рад мекунанд ва мегӯяд чанд муддат боз эълонҳои худро дар он ҷойгир кардаанд ва тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам дастраси ҳамагон карда будаанд.

"Озодӣ"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi