02:01:57 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Сеҳру ҷоду – амали шайтонӣ – II

Одил ибни Тоҳири Муқбил

Бояд шумо донед, ки байни ҷодугар ва шайтон робитаи қавӣ ва манфиати муштарак вуҷуд дорад. Чӣ қадаре ки ҷодугар бандагони Худовандро ба банду доми Шайтон дарорад, онҳо аз Парвардигори баландмартаба ба ҳамон андоза дур мешаванд. Шайтон барои ҷодугар манфиатҳои зиёдро амалӣ мегардонад, ки муҳимтаринаш молу ҷоҳ, обрӯву эътибори баланд мебошад.

1.sehru-jodu-112Худованди Мутаъол дар ин маврид дар каломи қудсии худ барҳақ фармудааст: "Ҷодугарон назди Фиръавн омаданду гуфтанд: "Агар ғалаба кунем, моро мукофоте ҳаст?" Гуфт: "Оре ва шумо аз наздиконам хоҳед буд". (Сураи "Аъроф", ояти 113). Бузургтарин мақсади шайтон аз роҳи рост баровардани бандагони Худованди Мутаъол ва тобеъи худ гардондани онҳост. Сеҳру ҷоду танҳо бо роҳи ибодат ба шайтон ва рӯ овардан ба ширку гуноҳон сурат мегирад. Орзуву нияти муҳимтарини шайтон ин аз роҳи ибодати Аллоҳ Таъоло бароварда, ба роҳи ширку гумроҳӣ афтодани бандагон ва бо ин ба оташи дӯзах ва ғазаби Худованд гирифтор намудани  онон мебошад.

Шайтон бандаи муъминро бо ҳар роҳу восита гумроҳ карданӣ мешавад, ба ширк медарорад, агар нашавад, ба роҳи бидъат мебарад ва сипас ба гуноҳони кабира мекашад, агар боз ҳам ба вай муяссар нагардад, ба гуноҳони сағира ва ахиран пойбанди амалҳои норавою номатлуб мегардонад.

Дар ҳадиси шарифи набавӣ барҳақ омадааст: "Расули Акрам (с) фармудаанд: Вақте ки шайтон аз намозгузорони сарзамини Арабистонро ба банди макри худ  даровардан ноумед шуд, дар байни онҳо иғвоандозӣ ва фитнаангезиро роҳандозӣ кард". (Ҳадис бо ривояти Муслим). 

Абдуллоҳ ба рафиқаш Абдурраҳмон суоломез назар афканд. Абдураҳмон гуфт: -Аммо баъзеи донишмандони исломӣ фатво бар он медиҳанд, ки ба назди ҷодугар  барои кушодани гиреҳи ҷоду рафтан бо баъзе шартҳо иҷозат аст.

Гуфтам:

-Кадом шартҳо?

Гуфт:

-Бояд ба ӯ бовар накунем ва худи ҷодугар шахси хубу ростқавл бошад.

Ман ба вай гуфтам, ки инчунин олимони муътабар ҳастанд, ки барои кушодани гиреҳи ҷоду ба назди ҷодугар рафтанро ҳаром медонанд, ба мисли имоми замони худ Шайх ибни Боз раҳматуллоҳи алайҳ. Рӯзе нафаре ба вай гуфт, ки як гурӯҳ одамоне ҳастанд, ки ба қавли худ ба воситаи тибби мардумӣ табобат мекунанд. Вақте ки бо зарурат ба назди яке аз онҳо рафтам, ба ман гуфт, ки номи худ ва номи модаратро дар як варақ навишта, фардо ба мо биёр. Чун рӯзи дигар ба онҳо муроҷиъат кардам, гуфтанд, ки ту ба фалон ва фалон бемориҳо гирифтор гардидаӣ ё аз фалон нуқсонҳо осеб дидаӣ ва табобати ту фалон ва фалон аст.

-Баъзеҳо мегӯянд, ки соҳиру ҷодугар дар табобати худ каломи Худоро истифода мебаранд. Фикри шумо нисбати онҳо ва ҳукми рафтан ба назди онҳо чист?

Ҷавоб:

-Ҳар касе, ки аз ин кор дар табобати худ истифода бурда, даъво мекунад, ки илми ғайбро медонад, далел ба он аст, ки бо ҷин сару кор дорад. Бинобар ин, на табобат гирифтан аз вай ва на рафтан ба наздаш ва на муроҷиъат ба ӯ раво нест. Расули акрам (с) дар ин маврид барҳақ фармудаанд: "Ҳар касе ба назди фолбин равад ва чизе аз вай пурсад, намози чилшабаи вай пазируфта намешавад". (Ҳадиси набавӣ бо ривояти Муслим).

Ҳамчунин дар як чанд ҳадисҳои набавӣ доир ба наҳй аз рафтан ба назди коҳинону фолбинон, ҷодугарону соҳирон ва пурсидан аз онҳо ва бовар кардан ба посухи онон зикр гардидааст. "Ҳар касе ба назди коҳин рафт ва ба қавли вай бовар кард, ба он чизе ки ба Муҳаммад (с) нозил шудааст, куфр варзидааст".

Ҳар он касе, ки бо задани сангчаҳо ё ки кашидани нақш дар рӯйи рег (раммолӣ) ё аз бемор номи ӯ ва номи модараш ва ё номи хешу ақрабояшро мепурсад ва даъвои илми ғайб мекунад, ҳамаи ин далели фолбин ва ё коҳин (рӯҳонии ҷодугар) будани ӯст. Расули акрам (с) аз муроҷиъат ба ин гурӯҳ ва бовар кардан ба онҳоро наҳй намудааст. Бар бандаи муъмин воҷиб аст, ки аз ин гурӯҳи нобакору маккор ҳазар намуда, аз муроҷиат ва табобат дар назди онҳо дурӣҷӯяд.

2.sehru-jodu-112Онҳо дар ин амали зишти худ ҳатто аз оятҳои Қуръони маҷид истифода мебаранд, ки далели аҳли ботил, ҷоду ва фиреб будани онҳост, ки ҳаргиз ба гуфтаҳои эшон фирефта шудан нашояд. Ҳар фарди муъмину мусалмон хангоми бо чунин шахсон рӯ ба рӯ шудан бояд ҳатман ба ҷойҳои дахлдор муроҷиъат намояд, то ин ки нисбати онҳо муасиссаи давлатӣ ва ё муасиссаи динӣ чораҳои зарурӣ андешад, то ки мусалмонон аз шарру фасод ва бадиҳову палидиҳои онҳо эмин бошанд, то ин ки моли мардумро ба ботилу харом нахӯранд. Ин аст фатвои Шайх ибни Боз раҳимаҳуллоҳ.

Абдурраҳмон бо як ҳассосият гуфт:

-Ин дуруст нест.

Пас ман гуфтам:

-Далели нодуруст будани фатвои зикршударо ба ман шарҳ бидеҳ.

Ӯ посух дод:

-Рости гап, худи ман бо яке аз хешовандонам ба назди як ҷодугар рафтам ва хеши ман бо мадади ӯ алҳамдулилоҳ, шифо ёфт.

Ман пурсидам:

-Вақте ки ба назди фолбин рафтед, вай ба шумо чизе дод?

-Не, надод!

Гуфтам:

-Оё  вай ба шумо ягон қурбонӣ фармуд ё ягон паррандаи муайянеро дар назди ягон қабре ё санге, ё дарахте дар вақти муайян бе зикри номи Худованд хун кардан, фармуд?

Гуфт:

-Кор то ин дараҷа нарасид.

-Боз аз вай пурсидам:

-Оё  ӯ ба шумо фармуд, ки чизи муайянеро дар вақти муайяне, масалан, ҳангоми баромадан ва ё нишастани офтоб, ё нисфирӯзӣ дудандозӣ кунед.

Гуфт:

-Не, нафармуд.

Гуфтам:

-Ман бо боварӣ ба ту мегӯям, ки ҷодугар ё фолбинро шайтонҳо бе тақдими ягон қурбонӣ хидматгузорӣ намекунад. Бо вуҷуди ин, ман аз ту суоле дорам, умедворам, ки ростқавлона ҷавоб диҳӣ.

Ӯ гуфт:

-Иншоаллоҳ, ба ростӣҷавоб медиҳам, чунки сараввал худи ман шуморо доир ба муроҷиъат ба фолбин огоҳ намудам.

Гуфтам:

-Оё нисбати он фолбин ба коркунони ҳайати амри ба маъруф ва ё коркунони  амният хабар дода метавонӣ, то ки ӯро барои гуноҳи содиркардааш дастгир кунанд? Вай гуфт:

-Не, наметавонам.

Гуфтам:

-Чаро?

Ӯ гуфт:

-Чунки, метарсам ба ман зарару зиёне расонад. Ӯ маро таъкид  намуда буд, ки ба касе чизе нагӯям.

Ба вай гуфтам:

-Бо ин кори худ фолбин ба ду мақсади бузурге ноил гардидааст. Аввалан туро ба хавфи худ гирифтор намудааст. Ҳол он ки ту бояд фақат хавф аз Аллоҳ Таъоло дошта бошӣ. Фолбин аз тарси Худованди Мутаъол дили туро дур мекунад, ки боиси заифии имонат мегардад ва ту асири вай мегардӣ. Худованди бузург дар ин маврид дар каломи қудсии худ барҳақ фармудааст: 

"Ҷуз ин нагӯем, ки баъзе аз худоёни мо ба ту озоре расондаанд (мисли беақлӣ ва девонагӣ). Гуфт: "Худоро шоҳид мегирам ва шумо низ шоҳид бошед, ки ман аз он чӣ  ҷуз Худои барҳақ ба ширк мепарастед, безорам". (Сураи "Ҳуд", ояти 54).

"Туро ба касоне, ки ғайри Худо ҳастанд, метарсонанд. Оё Худо барои нигаҳдории бандааш кофӣ нест? Ва ҳар касро, ки Худо гумроҳ созад, пас, барои ӯ ҳеҷ роҳнамое нахоҳад буд". (Сураи "Зумар", ояти 36)

Мақсади фолбинон ва ҷодугарон низ ҳамин аст, яъне дар тарсу бим андохтани бемор ва наздикони вай, ту низ ҳамчун хеши он бемор дар амали нашоистаи ҳаром афтодаӣ. Худованди Мутаъол дар ин маврид дар каломи қудсии худ барҳақ мефармояд: "Он шайтон аст, ки дар дили дӯстони худ бим меафканад. Агар имон овардаед, аз онҳо матарсед, аз Ман битарсед". (Сураи "Оли Имрон", ояти 175):

Аҳли илм бар он қароранд, ки тарс аз Худованд афзалтарин мақомоти дин  аст, ки тамоми навъҳои ибодат ва ихлос ба Аллоҳ Таъоло бар пояи он гузошта шудааст. Вой бар ҳоли он касе, ки ба ғайри Худованд дигареро ибодат мекунад. Дар ҳадиси шарифи набавӣ дар ин маврид чунин омадааст: "Ҳар он ки ба фолбину коҳин рӯ меоварад ва сухани онҳоро тасдиқ мекунад, дар ҳақиқат бар он чизе, ки бар Муҳаммад (с) нозил шудааст, куфр варзидааст".

(Давом дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi