17:31:15 12-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Муфтии Сурия гуфт, 190 тоҷик алайҳи Башор Асад меҷанганд

Муфтии олии Сурия эълон кардааст, ки дар ҷабҳаи мухолифони ҳукумати Башор Асад 100 ҳазор ҷангӣ аз 83 давлати дунё, аз ҷумла 190 нафар аз Тоҷикистон ҳузур доранд. Ба гузориши хабаргузории русии "Интерфакс", дар ин бора Аҳмад Бадриддини Ҳассун, муфтии олии Сурия рӯзи 26-уми октябр дар як вохӯрӣ бо роҳбари Ҷамъияти правиславинҳои фаластинӣ дар Маскав хабар додаст.

jangi-suria-4585Ба иттилои ин мақоми суриягӣ, дар ҷанги Сурия аз тарафи мухолифони ҳукумати Башор Асад аз 5 то 8 ҳазор ҷангӣ аз Арабистони Саудӣ, 4 ҳазор аз Тунис, аз Ироқ 3 ҳазор, аз Чеченистон 1,7 ҳазор, аз Туркманистон 360 нафар, аз Украина 350 нафар, аз ИМА 290 нафар, аз Қазоқистон 250 нафар, аз Тоҷикистон 190 нафар, аз Канада 120 нафар, аз Озорбойҷон 100 нафар ва аз Гурҷистон 80 нафар дар сангарҳо бо мухолифон дар як ҷабҳа қарор доранд ва алайҳи режим меҷанганд.

Вай ҳамчунин гуфтааст, дар набардҳои ҷанги Сурия аз ҷониби мухолифон аз кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо – Фаронса, Босния, Австрия, Олмон ва чанде дигар аз ин давлатҳо ҷангиён ҳузур доранд. Қаблан, мақомоти Русия эълон карда буданд, ки аз ин кишвар дар ҷангҳои Сурия то 400 нафар ҷангӣ қарор дорад.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш як ҷавони тоҷик ба наздикони худ хабар додаст, ки дар Сурия аст ва зидди ҳукумати Башор Асад меҷангад. Дар бораи ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки наздик ба се моҳ пеш дар Русия нопадид шудааст ва хабар мерасад, ки дар ҷанги Сурия ширкат мекунад, тағои ӯ ба мо хабар дод ва гуфт, талош дорад, ӯро пайдо кунад ва ба ватан баргардонад.

Вале ин ягона тоҷикистонӣ нест, ки аз рафтани худ ба ҷанги Сурия хабар дода бошад. Дар сомонаҳои интернетии иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук нафарони зиёде ҳастанд, ки дар саҳифаҳои худ аз бедодгариҳои Башор Асад менависанд ва будани худро дар он кишвар таъид мекунанд, вале дақиқ будани ному насаб ва воқеъан дар Сурия будани онҳо норавшан аст.

Будани шаҳрвандони Тоҷикистонро дар сафи неруҳои шӯришгари зидди ҳукумати Асад дар Сурияро мақмоти Тоҷикистон ҳануз моҳи майи соли равон эътироф карда буданд. Расонаҳо дар таърихи 28-уми май ба нақл аз Масурҷон Умаров, муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон навишта буданд, ки тибқи маълумоти ин ниҳод, дар ҷангҳои Сурия се тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳалок шудаанд. Умаров гуфта буд, барои мақомоти амнияти Тоҷикистон шумора ва масири ҷалби ҷавонони тоҷик ба сафи шӯришиёни Сурия маълум нест, аммо дақиқ аст, ин ҷавонон аз тариқи кишварҳои севвум ба низои Сурия кашонда мешаванд.

Тавре расонаҳои Русия ва кишварҳои дигари Осиёи Миёна менависанд, хатсайри ҷалби ҷиҳодиён аз кишварҳои пасошӯравии Осиёи Миёна ва Қафқоз умдатан тариқи Туркия ва Миср аст. Аммо ба эҳтимоли зиёд ҷавонони тоҷик аз Русия ба ин кишварҳо сафар карда баъдан озими Сурия мешаванд.

Низои Сурия аз санаи 26-уми январи соли 2011 дар пайи мавҷи эътирозҳо дар кишварҳои Ховари Миёна бо номи «баҳори араб» оғоз шудааст. Дар ин рӯз як гурӯҳ эътирозгарон умдатан аз шумори бодиянишинон бо барпо кардани гирдиҳаомӣ дар Димишқ аз давлати Башор Асад талаби иҷоза додани чорвочаронӣ дар чарогоҳҳоеро кардан, ки ҳукумат онҳоро ба мамнуъгоҳ табдил дода буд. Ин эътирозҳо чандон идома накард, аммо 15-уми марти ҳамон сол ҷавонон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар Димишқ гирдиҳамоӣ ороста талаби ислоҳот ва хотима додан ба фасодкориро карданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi