17:11:23 04-уми Августи 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Август 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

"Барқи тоҷик" лимит ҷорӣ мекунад, вале маълум нест, кай?

Ширкати "Барқи тоҷик" аз тасмим барои ҷорӣ кардани лимити нирӯи барқ ба аҳолӣ дар фасли зимистон хабар дод ва хост, то барқро сарфа кунанд.

barqi-tojik-45214555Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" рӯзи 23-юми октябр ба мо гуфт, ин ширкати давлатӣ дар муроҷиатномае ба мардуми Тоҷикистон ва корхонаву идораҳо аз тасмимаш барои ҷорӣ кардани лимити барқ  иттилоъ дод. Аммо ҷаноби Ёдгорӣ афзуд, ки ин амр вобаста ба вазъияти мавҷуд гирифта хоҳад шуд ва қабл аз ҷорӣ шудани лимит, мардум як ҳафта пеш огоҳ мешаванд. Ба гуфтаи сухангӯи "Барқи тоҷик", бо фарорасии сардиҳо ҳаҷми об дар рӯди Вахш коҳиш ёфта ва захираҳои обӣ ва энергетикӣ барои тавлиди неруи барқ дар фасли зимистон кофӣ нахоҳад буд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳафтае пеш ин масъули "Барқи тоҷик" гуфта буд, ки дар ҳоли ҳозир бо таваҷҷуҳ ба мусоид будани обу ҳаво ва захираҳои обиву энергетикӣ ва фаъолияти нерӯгоҳҳои барқӣ-обии "Сангтӯда -1 ва 2 ва ҳамин тавр фаъол шудани Маркази нави гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе, мавзуи ҷорӣ кардани лимит дар миён нест.

Аммо ҳамакнун ширкати "Барқи Тоҷик" дар ин муроҷиатнома овардааст, ки "бо таваҷҷӯҳ ба имконоти мавҷуди энергетикӣ дер ё зуд ҷорӣ кардани лимити барқ пеш хоҳад омад, ба ин далел истифодаи самараноки захираҳо ва таҷзиҳоту энергетикӣ барои сарфаи нируи барқ омили таъмини он ба сокинон хоҳад буд.

Муроҷиати ширкати "Барқи тоҷик" дар мавриди тасмим барои ҷорӣ кардани лимити барқ дар ҳолест, ки ҳарорати ҳаво имрӯз тағйир кард ва резиши борон дар шаҳри Душанбе ва манотиқи дигар ба мушоҳида расид. Қаблан Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон аз сард шудани ҳарорати ҳаво хабар дода буд ва таъкид карда буд, ки сардии ҳаво аз аввали моҳи ноябр оғоз хоҳад шуд.

Зимнан, 60 дар сади захоири оби минтақаи Осиёи Марказӣ ба қаламрави Тоҷикистон рост меояд, ки то кунун аз 527 миллиард киловат соат нерӯи барқ танҳо дар ҳудуди 5 дарсади он мавриди истифода қарор гирифтааст. Ҳамасола Тоҷикистон дар фасли тирамоҳ ва зимистон ба камбуди нируи барқ рӯбарӯ мешавад ва мутахассисон онро дар ҳудуди 5 миллиард киловат соат тахмин мезананд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi