03:53:42 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Транзити амволи низомии Британия аз қаламрави Тоҷикистон

Порлумони Тоҷикистон созишномаи Тоҷикистон Британия дар мавриди транзити амволи низомӣ ва афсарони ин кишвар аз Афғонистон тариқи қаламрави Тоҷикистонро ба тасвиб расонд. Сайфулло Ғиёсов, вакили порлумон зимни муаррифи ин санад гуфт, ки "созишномаи мазкур аз 2 сентябр барои хулоса ба ҳукумат пешниҳод шуда буд ва ин санад аз 12 модда иборат аст."

army-nato-457878Ба гуфтаи ин вакили порлумон "созишномаи ба Британия имкон медиҳад, то ҷиҳати транзити амволи низомӣ ва афсарон аз ҳарими ҳавоӣ истифода кунад, аммо ҳаққи дахолат кардан ба умури Тоҷикистонро надорад. Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумон низ таъкид кард, ки "ин гуна созишномаҳои байналмиллалӣ зиёд ба тасвиб мерасанд ва бояд уҳдадориҳои тарафайн рияо шавад".

Ин ҳам дар ҳоле, ки Тоҷикистон ҳанӯз аввали соли ҷорӣ ба Британия иҷоза дода буд, ки таҷҳизоту лавозимоти низомиашро аз Афғонистон аз тариқи қаламрави Тоҷикистон берун барад. Ин буд, ки созишномаи хуруҷи Бритониё аз Афғонистон ба воситаи Тоҷикистонро вазири умури хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ ва сафири Бритониё Робин Орд Смит дар таърихи 18-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе имзо карданд.

Дар баёнияи матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфта шуда буд, ки ин созишнома транзити таҷҳизоту лавозимоти низомӣ ва нерӯҳои Британия аз Афғонистон тариқи Тоҷикистонро дар назар дорад. Аммо дар авввалин лаҳзаҳои ба имзо расидани ин созишнома Робин Орд-Смит, сафири Британия дар Душанбе дар сӯҳбат ба хабарнигорон гуфт, ҷонибҳо танҳо дар мавриди интиқоли лавозимоти низомӣ аз тариқи қаламрави Тоҷикистон мувофиқа карданд, вале мавзӯи хурӯҷи сарбозону афсарони бритониёӣ тавассути ин кишвар матраҳ нашудааст.

«Афсарону сарбозони бритониёӣ бо роҳи ҳавоӣ интиқол дода мешаванд. Зеро роҳи заминӣ хароҷоти зиёдеро дар пай дорад ва роҳи ҳавоӣ арзонтару беташвиш аст. Аммо дар сурати гирифтори ҳолатҳои изтирорӣ шудани ҳавопаймоҳо, онҳо ҳуқуқи фуруд омадан дар майдонҳои ҳавоии Тоҷикистонро доранд», гуфт сафири Британия дар Тоҷикистон.

Ба гуфтаи ҷаноби Смит, Бритониё дар ивази интиқоли молу муҳимоти низомиаш аз хоки кишвар, ба артиши Тоҷикистон кӯмакҳои низомӣ хоҳад расонд. Ба таъкиди сафир, дар созишнома ҳаҷму миқдори кӯмакҳои низомии Бритониё ба Тоҷикистон дақиқ нашудааст ва ин масъала дар вохӯрии сарони ниҳодҳои ҳарбии ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд. Ҷаноби Смит мегӯяд, чизе ки аз ҳоло аниқ аст, ин аст ки кишвараш ба ниҳодҳои низомии Тоҷикистон таҷҳизоти ғайри кушанда ироа мекунад ва афсарони тоҷикро дар сохторҳои низомии Бритониё омӯзиш медиҳад.

Бояд гуфт Бритониё барои хурӯҷи нерӯҳояш аз хоки Афғонистон аз кули роҳҳои мумкин истифода мекунад ва ба ин мақсад бо аксарияти кишварҳои минтақа аз ҷумла бо Узбакистон низ созишнома имзо кардааст. Бритониё то ба ҳол ягона кишварест, ки бо Тоҷикистон барои ихроҷи нерӯҳояш аз Афғонистон созишнома ба имзо расонидааст. Аз ин рӯ ба таъкиди коршиносон, давлати Тоҷикистон бояд аз ин фурсати муносиб хуб истифода кунад.

Дар назар аст Бритониё, ки дар Афғонистон 9,5 ҳазор сарбозу афсар дорад соли равон 2 800 ва соли оянда 5 200 низомиашро аз Афғонистон берун кунад. Ҳамроҳ бо низомиён Бритониё бояд 11 ҳазор контейнер таҷҳизоти низомӣ  ва наздик ба 3000 зиреҳпӯшро то соли 2014 аз қаламрави Афғонистон берун кашад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi