03:28:27 13-уми Июли 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Январ 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Тошканд сабабҳои садамаи қатори Душанбе - Конибодомро худаш таҳқиқ мекунад

Дар Узбакистон куммиссиюни вижае таъсис додаанд, ки бояд дар зарфи 15 рӯз иллатҳои садамаи қатори Душанбе - Конибодомро маълум кунад. Як куммиссиюни вижа дар Узбакистон бояд дар зарфи 15 рӯз иллатҳои аз роҳи оҳан берун шудани 8 вагони қатори Душанбе - Конибодомро мушаххас кунад.

katastrofa-poezd-454545Қатори Душанбе –Конибодом бо 267 сарнишин, ки ҳудуди 200 нафараш наваскарон будаанд, субҳи 10 октябр дар роҳи байни истгоҳҳои Булунғӯр ва Ғаллаарал дар ҳудуди вилояти Ҷиззахи Узбакистон аз масир берун шуд. Хабаргузории uz24.uz бо истинод ба манобеъаш дар ширкати давлатии “Узбекистон темир йӯлларӣ” хабар додааст, ки дар маҷмӯъ дар натиҷаи ин садамаи қатори Тоҷикистон дар қитъаи роҳи оҳани Бухоро 59 мусофир осеб дида, ба ҳамаи мусофирони қатор ёрии оҷили тиббиву равонӣ ва ғизои гарм расонда шуд. Худи ҳамон рӯз сарнишинони ин қаторро тавассути як қатори дигар ба истгоҳи Спитамени вилояти Суғд фиристодаанд.

Манбаъи ин хабаргузорӣ мегӯяд, “Узбекистон темир йӯлларӣ” бо кумаки техникаи тармимкуние, ки билофосила аз истгоҳҳои Хавосту Самарқанд ҷалб кард, тавонистааст, ки ҳаракати қаторҳо дар ин қитъаи бар асари садамаи қатори Тоҷикистон харобшударо барқарор кунад. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, як куммиссиюни вижа таъсис ёфтааст, ки бояд дар зарфи 15 рӯз иллатҳои аслии аз роҳ берун шудани қатори Тоҷикистонро мушаххас кунад.

Ин гузориш мутаноқиз бо изҳороти ду рӯз пеши мақомоти ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон аст. Қурбонхон Саидов, сардори Хадамоти роҳи оҳани вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 11 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Куммисиюн  муштараки Тоҷикистону Узбакистон ба хулосае омад, ки садамаи қатори Тоҷикистон бо даҳҳо сарбоз бо гуноҳи ҷониби Узбакистон сурат гирифтааст.  Оқои Саидов ҳатто гуфт, ҷониби Узбакистон бидуни чуну чаро масъулияти пардохти хисороти ҷониби Тоҷикистон бар асари ин садамаро низ бар ӯҳда гирифтааст: «Имрӯз (11 октябр) бар асоси ин хулосаи куммиссиюн вагонҳои тахрибшударо узбекҳо бардошта, ба корхонаи таъмири вагонҳои худ бурданд ва рӯзи шанбе ҳайъати куммиссиюн дар Тошканд ҷамъ омада, ҳамаи зарари садамаро  ҳисоб намуда, ҷуброн хоҳанд кард.»

То кунун дар бораи натиҷаҳои музокироти ин куммиссиюни муштарак дар Тошканд гузорише нашр шудааст. Вале ҷониби Тоҷикистон бар асоси гузориши гурӯҳи муштараке, ки вазоратҳои нақлиёту дифоъ ва ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон ба маҳалли садама фиристодаанд, мегӯяд, садама бо айби ширкати роҳи оҳани Узбакистон рух додааст, зеро аз онки қитъаи роҳи оҳан дар вилояти Ҷиззахро тармим мекард, ҷониби Тоҷикистонро дар ҷараён нагузоштааст.

Маҳмадюсуф Абдураҳмонов, сардори Хадамоти мусофирбари ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, ҷониби Узбакистон мебоист аз қабл мошинисти тепловозро аз суръати мумкини ҳаракат дар маҳалли таъмири роҳи оҳан огоҳ мекард, вале ин корро накард ва дар натиҷа бо суръати баланд ҳаракат кардани қатор дар ин қитъаи роҳ боиси садама шудааст. Қурбонхон Саидов, сардори Хадамоти роҳи оҳани вазорати нақлиёти Тоҷикистон низ ба мо гуфт: «Кишваре, ки аз қаламрави он қатор ба таври транзит мегузарад, зомини бехатарии ҳар вагон ва масъули таъмини бехатарии роҳи оҳан дониста мешавад. Ҳамаи ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар масъалаи роҳи оҳанро, ки Тоҷикистон пазируфтааст, Узбакистон низ қабул кардааст ва аз ин рӯ, ҳеҷ тарафе наметавонад аз хулосаи куммиссиюн сарпечӣ кунад.»

Тибқи иттилоъи хабарнигори мо, мусофирони маҷрӯҳи қатори Душанбе - Конибодом, аз ҷумла сарбозонеро, ки шаби 10 октиябр аз Ҷиззах то истгоҳи Спитамен(Нови собиқ) оварда шуданд, дар бемористонҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов ва шаҳри Хуҷанд ҷо кардаанд. Раёсати тандурустии вилояти Суғд мегӯяд, дар маҷмӯъ бар асари садамаи қатор 45 сарбозу шаҳрвандони оддӣҷароҳатҳои мухталиф бардошта, 20 нафари онҳоро дар бемористонҳо бистарӣ кардаанд.

Вазорати дифоъи Тоҷикистон мегӯяд, аксари мусофирони қатор  наваскароне будаанд, ки аз манотиқи марказ ва ҷанубу шарқи Тоҷикистон даъват шуда, барои адои хидмати низомӣ ба қисмҳои низомии воқеъ дар вилояти Суғд мерафтанд. Вазорати дифоъи Тоҷикистон бар асоси тавофуқи дуҷониба барои эъзоми аскаронаш аз марказ ба шимоли Тоҷикистон аз қатори Душанбе - Конибодом, ки тавассути Узбакистон ҳаракат мекунад, истифода мебарад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi