23:40:52 23-уми Майи 2025 сол

АНА ПУЛИ ҲАҶРО КӢ МЕХӮРДААСТ?

Масъули Кумитаи кор бо дини вилояти Хатлон ба гирифтани ришва аз зоирони хонаи Каъба муттаҳам мешавад. Ин масъули кумитаи мазкур дар ҳоле аз ҷониби мақомоти мубориза бо фасоди кишвар боздошт шудааст, ки Кумитаи кор бо дини назди Ҳукумати Тоҷикистон ҷой доштани ришватситониро барои сафари Ҳаҷ дар ин ниҳод чанд рӯз пеш рад карда буд. Агентии назорати давлатии молия ва мубориза бо коррупсия раиси Бахши вилоятии Кумитаи кор бо дин дар Хатлонро бо ҷурми гирифтани пора ба маблағи 4000 доллар дастгир кардааст.

/images/stories/2011/10/14_obyaz_hadja_2011.jpgБинобар иттилои Агентии назорати давлатии молия ва мубориза бо коррупсия, Бобохон Шарбатов, масъули Кумитаи кор бо дини вилояти Хатлон аз зоирони хонаи Каъба барои таҳияи ҳуҷҷатҳои сафари Ҳаҷ маблағи иловагӣ талаб мекардааст. Ба иттилои расида, Бобохон Шарбатов 7-уми октябри соли ҷорӣ ҳангоми гирифтани ришва ба маблағи 4000 доллари амрикоӣ дастгир шудааст. Тавре дар агентӣ ба ИмрӯзNews иттилоъ доданд, парвандаи Бобохон Шарбатов, масъули Кумитаи кор бо дини вилояти Хатлон бинобар мансабдори давлатӣ набуданаш ба прокуратураи вилояти Хатлон ирсол шудааст.

 Ба иттилои расида, чанд рӯз қабл мақомоти мубориза бо фасоди кишвар бо намояндагони тамоми сохтору ниҳодҳои масъул ба сафари Ҳаҷ сӯҳбату мулоқот доир кардаанд, ки ҳадаф аз он пешгирӣ аз фасод ва ришвагирӣ аз зоирони Хонаи Худо будааст. Ин мулоқотҳо, ба иттилои агентии мубориза бо фасод, дар 67 ниҳоди масъули сафари Ҳаҷ, аз ҷумла, дар бахши вилоятии Кумитаи кор бо дини вилояти Хатлон низ доир шуда буданд.   

Имсол аз Тоҷикистон дар назар аст, 5,5 ҳазор нафар фарзи илоҳиро адо намоянд. Аз вилояти Хатлон дар назар аст, 1,5 ҳазор нафар, сафари Ҳаҷ кунанд.

Соли гузашта маблағи сафари Ҳаҷ 3191 доллари амрикоӣ буд. Имсол ин маблағ то ба 3348 доллар боло бурда шуд.

 Нахустин зоирони Тоҷикистон аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд  имрӯз 11-уми октябр ба самти Ҷидда парвоз хоҳанд кард. Тавре Кумитаи кор бо дини назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, зоирон дар Душанбе бояд имрӯз соати 6-и субҳ ба назди  Маркази исломии Тоҷикистон ҳозир шаванд. Парвоз ба соати 9:00-и 11-уми октябр  муқаррар шудааст.

Масъулини Кумитаи кор бо дини назди Ҳукумати Тоҷикистон замоне ба гирифтани пора муттаҳам мешавад, ки дирӯз Абдураҳим Холиқов дар ҷаласаи ниҳоии ситоди ҷумҳуриявии «Ҳаҷ-2011» аз оғози парвози аввалини зоирони хонаи Каъба аз Тоҷикистон хабар дод.

 Ҳамчунин Шӯъбаи равобити байналмиллалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як матлаб дар Оҷонсии иттилоотии «Ховар», аз ҷо доштани ришватситонӣ дар ин ниҳод расман мункир шуда буд.

Тавре рӯзномаи «ИмрӯзNews» дар ин бора навишта буд, («Ҳаҷ. Пули ҳаҷро кӣ мехӯрад?!» - ИмрӯзNews №169 (243) аз 16-уми сентябри соли 2011) шикояти зоирин аз вуҷуд доштани фасод дар ниҳодҳои масъули Ҳаҷ зиёд шунида мешавад. Дар бораи он ки дар ноҳияҳо мегӯянд, тамоми «квота»-ҳои имсола барои Ҳаҷҷ фурӯхта шудаанд, вале роҳе, ки мушкили зоиронро «ҳал» карда метавонад, маблағи иловагӣ  аст, ки бо доданаш номи порадеҳ дар феҳрасти зоирон шомил карда мешавад.

Матлаби мазкур хашми Кумитаи кор бо дини назди ҳукумати Тоҷикистонро дар сатҳи роҳбарият ба вуҷуд овард ва Шӯъбаи равобити байналмиллалӣ ва ташкили ҳаҷи  Кумитаи мазкур рӯзномаро ба дуруғгӯӣ ва тӯҳмат муттаҳам кард.

Оҷонсии расмии иттилоотии «Ховар», бо нақзи ҳуқуқи муаллиф ва хилофи қонунгузории кишвар матлаби ҷавобиро дар сомонааш нашру паҳн кард. Дар ҳоле, ки хабарнигори рӯзнома бо ҳамсӯҳбати худ рӯ ба рӯ вохӯрдаву аз ӯ аксбардорӣ низ кардааст ва ҳамчунин матлаби мазкур дар яке аз шумораҳои аввалини рӯзнома ба нашр расида, дар навиштаи баъдии худ муаллиф аз он сӯҳбат ва гуфтаи ҳамсӯҳбати худ ёд карда буд.

Суоли мо бори дигар ба ин ниҳод чунин аст: агар роҳбаладону кормандони шумо ришвагир нестанд, пас чи тур бо як маблағи ҳаққи хидмат баъди бозгашт замин мехаранду хона месозанд ё мошин мехаранд? Бо 500 доллару1000 доллар, ки ин корҳоро анҷом додан имкон надорад. Барои чӣ бисёриҳо мекӯшанд, ки онҳоро ин кумита ба кор гирад ё ба сифати роҳбалад қабул шаванд? Ҳоло чӣ мегӯед?

Бояд гуфт, дар Тоҷикистон таҷрибаи боздошт шудани мансабдорон ё масъулини давлатӣ бо гирифтани ришва, ки бо озод шудани ҷинояткор бар ивази ришва ва ё ҷарима зиёд ба чашм мерасад, ки сабаби беҷазомондани мансабдорони давлатӣ ва афзудани фасод дар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ мегардад.

Саъдулло Халифаев, бознашр аз «ИмрӯзNews», 11-уми октябри 2011

Аз идораи сомонаи «Рӯзгор»:

Мақолаи «Ҳаҷ. Пули ҳаҷро кӣ мехӯрад?!» - (ИмрӯзNews №169 (243) аз 16-уми сентябри соли 2011) як рӯз қабл аз чопаш дар рӯзномаи ИмрӯзNews дар сомонаи мо таҳти унвони «Бесарусомониҳо дар мавсими «Ҳаҷ-2011» аллакай шурӯъ шуданд?» (http://www.ruzgor.tj/din/6144----q-2011r---.html) ба нашр расида буд. Шӯъбаи равобити байналмиллалӣ ва ташкили ҳаҷи  Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷавоби ин мақолаҳо таҳти унвони «Нотавонбинӣ корӣ мардон нест» (http://khovar.tj/culture/18854-notavonbini-hislati-mardon-nabuvad.html) маводе таҳия намуда дар он аз чопи мақола дар сомонаи мо ёдовар мешавад, вале мутаассифона, ҷавобияро бар хилофи қунуни матбуот дар сомонаи http://khovar.tj ба нашр мерасонад. Ба ҳар ҳол ин ҷавобияи Шӯъбаи равобити байналмиллалӣ ва ташкили ҳаҷи  Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии  сомонаи «Рӯзгор» фиристода нашуда буд, варна мо онро ҳатман чоп мекардем ва ба он ҷавобе низ мегуфтем. Аҳли эҷоди сомонаи «Рӯзгор» мақолаи «Ана пули Ҳаҷро кӣ мехӯрдааст?» аз рӯзномаи «ИмрӯзNews» бознашр намуда мӯҳтавои онро пурра дастгирӣ менамояд. Дигар худи хонанда қазоват кунад, ки дар ин баҳс кӣ ҳақ асту қӣ не. Нишонаи ҳамаи ин маводҳоро дар ихтиёратон гузоштем.

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ