БАЪД АЗ САРИ МУФТӢ КӢ МУФТӢ ХОҲАД ШУД?
6-уми сентябр муфтӣ Амонуллоҳ Неъматзода бар асари бемории саратони меъда дар сини 75-солагӣ аз дунё даргузашт. Маросими видоъ бо ӯ субҳи рӯзи 7-уми ҳамин моҳ, соати 10:30 дақиқа дар саҳни масҷиди Ҳоҷӣ Яъқуби Чархии пойтахт бо ҳузури намояндагони ҳукумати кишвар, уламои саршинос ва пайвандону мухлисони ӯ ба анҷом расид. Тибқи васияти марҳум Амонуллоҳ Неъматзода ҷасадашро ба қабристони деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод интиқол доданд.
Амонуллоҳ Неъматзода, дар тӯли 13 соли ахири фаъолияти кории худ дар се мақоми калидии умури мусалмонони кишвар, аз ҷумла муфтии мамлакат, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ва раиси Маркази исломии Тоҷикистон ифои вазифа кардааст. Тавре маълум мешавад, муфтӣ Неъматзода қабл аз марг касеро ҷонишин худ васият накардааст. Аз ҳамин лиҳоз, меросталабони ӯ низ кам нестанд
Шояд ба ҳамин хотир буд, ки ҳангоми адои намози ҷаноза баъзе аз «довталабон» бо худнамоӣ ва худнишондиҳӣ байни мардум вонамуд мекарданд, ки онҳо метавонанд маснаднишини муфтӣ Амонуллоҳ Неъматзода бошанд. Аммо ба ҳақиқат бигирем, кӣ сазовори ҷойнишини ӯ буданро дорад? Ва агар ҳам шахсе пайдо шавад, оё метавонад тамоми вазифаҳои Неъматзодаро аз худ кунад?
Гуфта мешавад вожаи муфтӣ-фатводиҳанда ва ё қозӣ дар истилоҳи мардуми кишвари мо ба маънои раиси идора ё Маркази динии мусалмонон маънидод карда мешаванд. Шариати исломӣ низ барои раҳбарӣ ба як ниҳод ва ё кишвар меъёрҳои махсусеро таъин накардааст. Қонунҳои амалкунандаи кишвар, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ҳам дар ин маврид сукутро интихоб намуда. Тавре муқаррароти ин қонун талаб мекунанд:
- иттиҳодияи динӣ аз давлат ҷудо мебошад ва иттиҳодияҳои динӣ:
- дар доираи низоми дохилии парастишӣ ва ғайрипарастишии худ, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф намебошанд, фаъолият менамояд, ходимонашро тибқи муқаррароти эътиқоди динии худ интихоб, таъин ва иваз мекунад;
Моддаи 11. Масҷид
Масҷид иттиҳоди ихтиёрии мусулмонон бо мақсади анҷом додани намоз ва қонеъ гардонидани дигар эҳтиёҷоти динӣ, инчунин намозгоҳи ҷамъиятии исломӣ бо таъиноти умумидиёнатӣ мебошад.
Масҷидҳои ҷомеъи марказӣ, масҷидҳои ҷомеъ, масҷидҳои панҷвақта, ташкилотҳои динӣ ва муассисаҳои таълими динӣ барин номи коргоҳи динӣ зикр шудаанд, аммо Маркази исломии Тоҷикистон, Маркази исломшиносии назди президент ҶТ, Шӯрои уламои вилояти Хатлон ё Суғд барин истилоҳ ва номи коргоҳ дар ин қонун вуҷуд надорад. Тавре маълум мешавад, дар ин қонун вожаҳое ба монанди муфтӣ, раиси Маркази исломӣ ё раиси Шӯрои уламо вуҷуд надорад. Ва дар дигар қонунҳо ҳам дар ин маврид чизе гуфта нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки коршиносони умури динӣ мӯътақиданд, ки ҷомеаи динии Тоҷикистонро, ки аксари мардумаш пайравӣ аз дини ислом мекунанд, бе раҳбари динӣ ва маънавӣ тасаввур кардан нашояд. Зеро мардум ба чунин шахс ниёз доранд ва одат ҳам карданд, ки дар мавридҳои лозима ба ӯ муроҷат намоянд. Шарт нест, ки он раҳбар бо исми қозӣ ё муфтӣ ёд карда шавад. Муҳимаш он, ки донишманд, Худотарс, мардумписанду маҳбуб ва қобили эҳтиром бошад, то тавонад бо мавқеъгириҳои худ ҷомеаи динии кишварамонро амн нигаҳ дорад. Байни рӯҳониён ровобити илмӣ ва фарҳангиро ривоҷ диҳад.
Ҳарчанд дар ҷомеаи динии мо донишмандони улуми исломӣ зиёданду дар байни мардум маҳбубият ва эҳтироми хосеро соҳиб шудаанд, вале дар маҳфилҳои фарҳангии кишвар аксар номи се тан аз ҷонишинони Неъматзода, аз ҷумла домулло Маъруфҷон Раҳимзода (Элокӣ), ҷонишини аввали раиси Маркази исломии Тоҷикистон, Эшони Саидҷон- ҷонишини муфтӣ Амонуллоҳи Неъматзода ва раиси Шӯрои уламои вилояти Хатлон, Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода-ҷонишин муфтӣ Неъматзода ва раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд ҳамчун ҷойгузинони эҳтимолии ӯ номбар карда мешаванд.
Домулло Маъруфҷон ҳарчанд симо ва дониши хуби динӣ дошта бошад ҳам, вале ба гуфтаи таҳлилгарон баъид ба назар мерасад, ки бори дигар роҳбари мусалмонони кишварро аз ҳамон як деҳаи қаблӣ баргузинанд.
Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода низ донишманди хеле маъруфи исломӣ мебошад. Дар дохил ва хориҷ аз кишвар маъруфият ва маҳбубият дорад. Вале гуфта мешавад эҳтимол мавқеи ҷуғрофияш барои интихоб шудан ба ин мансаби баланди мазҳабӣ мусоидат накунад.
Номи Эшони Саидҷон дар ин шабу рӯз бештар аз дигарон ҳамчун ҷойгузини эҳтимолии муфтии марҳум ба забон оварда мешавад. Тарафдорони ин нуқтаи назар ҳарчанд аз камбудиҳо дар дониши динии ӯ ҳарф зананд ҳам, вале шанси ӯро ба сабаби баромади ҷуғрофияш аз номбурдаҳо бештар медонанд. Ба ақидаи онҳо ин шахс «кор ва фаъолият» кардан дар ин ниҳодро хубтар аз дигарон мефаҳмад.
Камиву костагии фаъолияти ин марказро низ бештар ва пештар аз дигарон ба ӯ гӯшзад кардаанд. Вай бо ҳукмати кишвар низ равобити хуб дошта, аз «бачаҳои гапгиру гапдаро»-и он маҳсуб мешавад, «аммо ба нафъи ҷомеаи динии кишвар кор камтар хоҳад кард» тахмин мекунанд таҳлилгарон. Зимнан, як баёнияи Эшони Саидҷон, ки мегуфт бояд матбуоти хусусии Тоҷикистонро аз байн бурд, номи муовини муфтӣ Неъматзодаро дар маҳфилҳои матбуотӣ бештар кард.
Дар ҳамин ҳол, соҳибназарон номи боз чанд нафар уламои диниро ёдовар мешаванд, ки аз нуқтаи назари онҳо, ин шахсиятҳо лоиқи дар ин вазифа кор карданро доранд ва аз ӯҳдаи кор ҳам мебароянд. Рӯзномаи «Пайкон» низ дар замина озмуне доир кардаву ин шахсиятҳоро ҷойгузини арзандаи муфтии Тоҷикистон муаррифӣ карда буд:
Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ. Ӯ дар даврони нооромиҳои кишвар ба таълиму тадриси шогирдони худ машғул шуда, ба гурӯҳҳои бо ҳам даргир ҳамроҳ нашудаст. Ҳамзамон дар байни рӯҳониён ва мардуми кишвар обрӯ ва эҳтироми хосаеро доро аст. Гуфта мешавад раҳбарияти кишвар низ ба ӯ эҳтиром қоиланд.
Домулло Муҳаммадии қумсангирӣ. Аз шахсиятҳои шинохта ва рӯҳониёни саршиноси кишвар аст. Гапаш дар назди дигар муллоҳо вазни худро дорад. Донишмандӣ ва тақводории ӯро ба назар гирифта, баъзеҳо ҳадс мезананд, ки эҳтимол курсии муфтигӣ ҳаққи ҳалоли ӯст.
Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода. Ӯ даҳаи ҳаштодуми асри гузашта дар маснади қозигии кишвар нишаста буд, аз дигарон шанси камтар надорад. Ба он хотир, ки донишманд ва диншиносе то ба ҳол собиқаи корӣ ба мисли ӯ дар ҳукумат надорад ва ҳукуматро низ метавонад дар арсаи динии ҷаҳонӣ хуб муаррифӣ кунад. Зимнан таҷрибаи кофии фаъолият дар ҳукумат (муовини сарвазир) ва парлумон (Маҷлиси Миллӣ) дорад.
Дар бораи Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода бештари таҳлилгарон мегуфтанд, ӯ донишмандест, ки метавонад ба роҳат дар яке аз се вазифаи муфтии собиқ фаъолият кунад. Ин олими маъруфи динӣ дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ҳамчун мутакаллим ва суханвари хеле варзида маъруфият ва маҳбубият дорад. Ӯ натанҳо дар байни диндорон, балки дар байни зиёиёни эҷодкор низ бо навишта ва гуфтаҳои худ мавриди эҳтиром қарор гирифтааст.
Амруллоҳи Низом, «ИмрӯзNews»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/3078-2010-09-09-01-40-41.html