14:27:42 25-уми Майи 2025 сол

ДОДГОҲИ ХОНАВОДАГӢ ДАР ҚУРЪОН

Соат тақрибан бисту сею сӣ дақиқа буд, ки дар истгоҳи маҳаллаи 102-юми пойтахт бонуи  ҷавоне дасташро бардошта,мошинро боздошт. Ман ҳам хастагӣ ва парешонҳолии ӯро дида манъ кардам. 

 

- Акаҷон, маро то маҳаллаи Афғонҳо намебарӣ? пулатонро аз хона гирифта медиҳам, гуфта пурсид.

 

-  Дари мошиноро кушода, марҳамат гуфтам.

 

Дар аснои сӯҳбат дар роҳ маълум гардид, ки ӯ се сол қабл бо писарбачаи аммааш  хонадор шудаасту ҳамагӣ чанд рӯз як ҷо ба сар бурдаанду бас. Вай таъкид кард, ки ӯ се сол ин ҷониб хусуру хушдоманашро хизмат карда, дур аз оғӯш ва навозиш шавҳараш мезистааст. Ҳамзамон шавҳараш дар Русия бо завҷаи русиаш зиндагӣ мекардааст. Аммо, худи ҳамин шаб шавҳараш бо падару модараш тавассути телефон сӯҳбат карда бе кадом сабаб гуфтааст, ки ҷавоби занашро бидиҳанд. Хушдоман ҳам эсту бест накарда нимашаб келинашро аз хона бадар кардааст. 

 

Ӯ ёдрас шуд, ки ҳар чанд  маълумоти нопурраи тиббӣ дорам ҳам аммо, ояндаи худро норӯшан мебинам ва илова кард ба хулосае омадаам, ки даст ба худкушӣ ва ё худсӯзӣ бизанам. Зеро тамоми орзу ва ҳавасҳоямро ба бод доданд…таъкид дошт, ҳамсӯҳбатам. Ин ҳодисаи нахуст дар ин миллат нест, ки оила додгоҳашро гум кардаасту ба ҷои созиш ҷудоӣ рух медиҳад ва ба ҷои шавҳар хушдоман келинро талоқ додааст.

 

Ҳамсардорӣ мояи оромишест, ки ҳама ба он ниёз доранд. Оромиш дар оила гоҳо то авҷи аъло мерасаду гоҳи дигар хушунатҳо онро то долони Додгоҳ мекашонанд. Мардум низ дар ин ҳангом рафторҳои мухталифи худро доранд, ки на ҳамеша муваффақият насибашон мегардад. Ин аст, ки Қуръони карим барои побандони оини муҳаммадӣ беҳтарин раҳнамудҳои худро пешниҳод карда мегӯяд:

 

«Вақте, ки тарси ҷудоии онҳоро дошта бошед, пас довареро аз ҷониби мард ва довареро аз ҷониби зан бифирстед, агар (эшон) хоҳони ислоҳи онҳоро дошта бошанд Худованд онҳоро муваффақ мегардонад, ҳамоно Худованд доно ва бохабар аст.» ( Сураи Ниссо, ояи 35)

 

Ин ояи карима доир ба ин масъала ишораҳои муҳимеро дар бар дорад. Барои мисол аз ин оя  фаҳмидани мумкинаст замоне, ки тарси ҷудошави зану шавҳареро дошта бошед, ду марди дилсӯз ба ин олиларо аз ҷониби хешу табори онҳо бифиристед, то мушкили ба вуҷуд омадаро байни худ ҳаллу фасл намоянд ва асрори ин хонавода байни дигарон фош нагардад.  

 

Қуръони карим интихоби доварҳои худиро аз доварҳои додгоҳӣ, ки дар байни мардум кор мекунанд, беҳтар медонад. Қуръони карим ҳушдор медиҳад, ки доварҳое, интихоб шаванд, ки хайрхоҳи ин оила бошанд Қуръони карим ишора мекунад, ки шояд додрасҳои додгоҳӣ хавфи ҷудоии ин оилаи осибпазирро надошта бошанд.

 

Қуръони карим фош сохтани асрори хонаводагӣ ва нофаҳмиҳои оиладориро маҳкум карда, сулҳу созишро беҳтарин роҳи расидан барои муваффиқият арзёбӣ мекунад-, гуфт дар сӯҳбат бо мо қорӣ Абдуллоҳи Абдухалил, пажӯҳишгари улумҳои қуръонии яке аз Донишгоҳҳои исломии Эрон Омӯзаҳои исломӣ таъкид кардаанд, ки зану мард барои якдигар ба манзалаи либос ҳастанд. Онҳо бояд беҳтарин роҳи муоширатро интихоб карда, побанди ҳуқуқҳои ҳамсардории худ бошанд.

 

Шариати исломӣ барои идомаи зиндагӣ эҳсон ва накӯрафториро ба ҳангоми нигаҳ доштани ҳамсар ва ё ин ки ҷудоӣ ба наҳваи писандида талаб кардааст. Аз нигоҳи таълимоти исломӣ низ дар аснои талоқ додан шавҳар вазифадор аст, ки нафақа ва ҷои зисти завҷаашро то идда поидан  таъмин кунад ва то пурра шудани иддааш ҳақ надорад, ки занашро аз хонааш  бадар кунад.

 

Дар робита ба ин Қозиҷон Холов, хуқуқшинос, мегӯяд: мувофиқи қонунҳои амалкунандаи кишвар, дар ҳолати бекор кардани ақди никоҳ бо аризаи даъвогӣ ба суд муроҷиат карда мешавад ва додрасҳо ин қазияро омӯхта, сараввал ба аризадиҳандагон мӯҳлат медиҳанд, то натиҷаи ин ҷудоиро дуруст андеша кунанд ва дар ҳолати ба созиш наомадан, суд  ақди никоҳи онҳоро бекор карда метавонад келинро дар ҳонаи завҷааш маскун кунад. Ба ибораи дигар, суд хонаи истиқоматии зану шавҳари ҷудошавандаро байни онҳо тақсим карда, келинро дар ҳамон хона маскун менамояд.

 

Амруллоҳи Низом, «ИмрӯзNews»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/3076-2010-09-09-01-31-05.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ