ИДИ ФИТР – 10-УМИ СЕНТЯБР
Ба нақл аз «islamic.naseej.com», нуҷумшиноси кувайтӣ Солеҳ ал-Уҷайрӣ таъкид кардааст, ки иди саиди Фитр имсол ба рӯзи ҷумъа 10-уми сентябр рост меояд. ӯ мегӯяд, ки мусалмонони ҷаҳон рӯзаро бояд пурра, яъне сӣ рӯз, бигиранд. Ба гуфтаи Уҷайрӣ, дигар ҳоҷате ба ҳилолбинӣ намондааст, зеро ба ин чиз тамоми ҳисоботи фалакӣ ишора кардаанд. Дар Тоҷикистон низ Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон иди Фитрро дар рӯзи ҷумъаи 10-уми сентябр эълон кардааст.
Амруллоҳи Низом, «ИмрӯзNews»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/3022----10--.html