18:37:16 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ба номи Худои бахшандаву меҳрубон!

Ба номи Худои бахшандаву меҳрубон!

Салому дуруд муштарии гиромї!
Инак, азизони дил, сомонаи мустаќили љамъиятї- сиёсиву фарњангии «Рўзгор» пешкаши табъи Шумо мешавад. Шояд аввалин суоле, ки бо кушодани ин сомона дар зењни Шумо пайдо бишавад, ин бошад, ки чаро «Рўзгор»?
Калимаи рўзгор дар фарњангу луѓатномањои форсиву тољикї яке аз сермаънотарин мафњум ба шумор меравад. Нахуст он ба маънои зиндагї, њаёт, умр омадааст. Ба ёд биёрем шоњбайти султони шоирони Аљам устод Рўдакиро:
Њар кї н-омўхт аз гузашти рўзгор,
Низ н-омўзад зи њељ омўзгор.
Дар њамин маънї Саъдии ширинсухан гуфтааст:
Абр агар оби зиндагї борад,
Њаргиз аз шохи бед бар нахўрї;
Бо фурўмоя рўзгор мабар,
К-аз наи бурё шакар нахўрї.
Шайхи Аттор низ дар њамин маънї чунин мефармояд:
Рўзгоре ба бўи ў бурдам,
Рўй нанмуду рўзгорамро бурд.
Маънои дигари калимаи рўзгор ин замон, айём, давр, муддати дароз, аср, мавсим, фасл; ањд мебошад. Устод Рўдакї калимаи рўзгорро ба њамин маънї низ истифода бурдааст:
Якчанд рўзгор љањон дардманд буд,
Бењ шуд, ки ёфт бўи суман бодро табиб.
Дар фарњангу луѓатномањо калимаи рўзгор ба маънии толеъ, бахт, таќдир, ќисмат низ омадааст. Чунончи дар ин байти Анварї рўзгор њамин маъниро дорад:
Маъшуќа ба ранги рўзгор аст,
Бо гардиши рўзгор ёр аст.
Ба љуз он чи ки дар боло гуфтем дар адабиёти классикии мо рўзгор ба маънои олам ва инчунин шуѓлу пеша низ омадааст. Њамин тариќ калимаи рўзгор њаддиаќал панљ маъноро ифода карда метавонад, яъне зиндагї, дунё, замон, таќдир ва пеша. Мо низ ба ин хотир ба сомонаи худ номи «Рўзгор»-ро гузоштем то аз дунё бароятон бигўем, то мову шумо дар маслињат ва њамбастагї роњи боз њам бењтари зиндагиро пайдо кунем, то баъдан изњори надомат аз ќисмати хеш накунем ва дар давру замона номи неке аз худ боќї бигузорем. Вале аз худ номи нек боќї гузоштан сахт вобастагї дорад ба он ки ба шуѓлу пешаи худ чи гуна муносибат мекунем. Барои њамин њам суханро ба дарозо намекашему аз Худованди мутаъол «РЎЗГОР»-и хушеро барои њар яки мо талаб мекунем. Илоњо, рўзгори хушеро бароямон арзонї бидењ!

Аз рўзгори хеши ба «Рўзгор»-и хеш нависед.




sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi