17:42:22 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Пизишкони тоҷик дар ҷустуҷӯи роҳҳои тарки Яман

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, то ин дам 44 пизишки тоҷик дар Яман барои берун рафтан аз ин кишвар номнавис шудаанд. Бархеи дигар гуфтаанд, қасди берун рафтан аз Яманро надоранд.

tabibon-dar-yaman-541221545.jpgАбдулфайз Атоӣ, сухангӯи ин Вазорат имрӯз, 30-уми март ба мо гуфт, ин 44 пизишки тоҷик, ки ҳамроҳ бо фарзандонашон наздики сад нафаранд, тариқи ширкатҳои русӣ дар Яман кор мекунанд. Ӯ гуфт, ҳоло барои берун кардани онҳо аз роҳи ҳавоӣ ва заминӣ истифода хоҳад шуд. Роҳи аввал тариқиҳавопаймоҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия ва роҳи дигар тариқи марзи Арабистони Саудӣ бо кӯмаки сафорати Тоҷикистон дар Қатар дар назар гирифта шудааст.

Ҷаноби Атоӣ гуфт: “Дар мавриди кӯмак ва берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Яман дастури президенти кишвар аст. Ҳоло баъзе мушкилиҳо ҳаст, вале инҳо ҳалшавандаанд. Мушкил ин аст, ки баъзе шаҳрвандон, ки дар деҳот, яъне аз марказ дур зиндагӣ мекунанд, тамосашон мушкил шудааст. Ҳоло ду роҳи берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон рӯи даст аст. Роҳи аввал тариқи фурудгоҳҳаст ва пизишкони тоҷик, ки тариқи ширкатҳои русӣ кор мекунанд, бо ҳавопаймоҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Русия аз ин роҳ берун карда мешаванд. Роҳи дуввум заминӣ буда, бехатар аст ва он тариқи Ҳудайда ба Арабистони Саудӣ мерасонад.”

Дар ҳоле, ки Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз номанависии шаҳрвандони ин кишвар дар Яман хабар медиҳад, бархе шаҳрвандони муқими Яамн мегӯянд, тасмими берун баромадан аз ин кишварро надоранд.

Пизишки тоҷике, ки худро Ҷумъахон муаррифӣ кард, дар сӯҳбат бо мо гуфт, ҷои кору зисташ дар Яман хуб аст ва ҳоло тасмим надорад, ки ба наздикӣ ба ватан баргардад. Ӯ аз маҳали зисташ ном набурд, аммо гуфт, он дар 200 километрии Санъо, пойтахти Яман воқеъ аст.

Ӯ гуфт: “Ҷои корам хуб аст ва ҳоло шартномаам ҳам тамом нашудааст. Ҳеҷ хатареро ба ҷони худ ҳис намекунам. Ба хотири ҷои корамро аз даст надодан ҳоло баргаштанӣ нестам.”

Аммо пизишки дигаре тоҷик, ки аз худ Шафқат ном бурд, гуфт, ӯ дар шаҳри Маъриб 8 сол боз кору зиндагӣ мекунад ва он ҷо ҳеҷ хатаре барояш таҳдид намекунад.

Ӯ гуфт, ҳарчанд, ин ҷо ба ҷонаш хатар таҳдид накунад ҳам, ӯ тасмими аз Яман баромаданро дорад. Вай афзуд: “То анҷоми шартномаам ду моҳи дигар боқӣ мондааст. Барои ҳамин мехоҳам, ки ба ватан баргардам. Ҳоло аз фурудгоҳҳо парвоз намешавад. Нигоҳ дорем, ки вазъият аз ин бадтар шавад, бо ҳар роҳе бошад, бармеградем. Муносибати мардум бо мо хуб аст. Инҳо байни худашон нофаҳмиҳо ҳаст, бо мо ҳеҷ муносибати нохуб надоранд.”

Дар ҳамин ҳол, Манучеҳр Абдуев, намояндаи як ширкати русие, ки пизишкони тоҷикро ба Яман мебарад, гуфт, онҳо пайваста бо пизишкони тоҷик ва сафорати Тоҷикистон дар Қатар дар тамосанд. Ӯ афзуд, ҳарчанд, бархе аз тоҷикони муқими Яман баргаштанӣ набошанд ҳам, аксарият тасмим доранд, ба ватан баргарданд.

“Мо ҳар рӯз дар тамос ҳастем ва вазъиятро пайгирӣ дорем, ки чӣ мешавад. Ҳамин кӣ шароит фароҳам омад, мо ҳатман хоҳишмандонро равон мекунем. Ҳоло Санъо он қадар хатарнок нест ва рӯзона гаштугузор кардан мумкин аст. Фақат шабона аз канорҳо садои тиру тӯп шунида мешавад тамом.”

Тасмими берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Яман, ки бино ба бархе ҳисобҳо ҳудуди 200 нафаранд, пас аз он шурӯъ шуд, ки Арабистони Саудӣ бо дигар кишварҳои ҳампаймон болои ҳусиҳо, пайравони мазҳаби шиа, ки тавони зиёди низомӣ доранд, ҳамларо сар кард. Аммо бо ин вуҷуд, бархе аз тоҷикони муқими ин кишвар гуфтаанд, то замоне ки вазъият имкон медиҳад, дар Яман боқӣ хоҳанд монд. Ин дар ҳолест, ки эҳтимол меравад, вазъ дар Яман бо оғози ҳамлаи нерӯҳои заминии этъилофи таҳти сарварии Саудия бадтар хоҳад шуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi