16:27:40 02-уми Июни 2025 сол

Google Play дастрасӣ ба китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуровро осон кард

Истифодабарандагони интернет акнун метавонанд ба осонӣ китоби аллома Бобоҷон Ғафуров "Тоҷикон"-ро  (бо забони русӣ) нусхабардорӣ кунанд ва мавриди истифода қарор диҳанд. Ин кори хайрро метавон аз ин тариқ анҷом дод: https://play.google.com/store/apps/details?id=tj.afkor.bgtajiks.AOUWNDKH....

google-play 8585Китоб 16-уми июли соли равон аз ҷониби муаллифе бо номи  Afkor гузошта шудааст. Дар қатори китоби Бобоҷон Ғафуров "Таджики" корбарони интернет метавонанд аз ин пойгоҳ бо "Гулистон"-и Шайх Саъдӣ, ашъоли Лоиқ Шералӣ, "Панднома"-и Анушервон, Конститутсияи Тоҷикистон ва Кодекси меҳнати Тоҷикистон дастрасӣ пайдо кунанд. 

Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров 18-уми декабри соли 1908 дар рустои Исписори Хуҷанд, ки он замон тобеъи вилояти Самарқанд буд, дида ба олам кушодааст. 

Падараш кишвораз ва модараш шоираи машҳури даври худ Розия Озод буд. Бобоҷон Ғафуров ходими давлатӣ ва яке аз маъруфтарин шахсиятҳост, ки дар рушду нумуи Тоҷикистони замони Шӯравӣ ҳиссаи сазовор гузоштааст. 

Баъди рафтан аз вазифаи сарварии кишвар даст ба кори илмӣ задаву то охири умр Директори пажуҳишгоҳи шарқшиносии Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

"Тоҷикон" маъруфтарин пажуҳиш ва машҳуртарин китобест, ки аз аллома Бобоҷон Ғафуров боқӣ мондааст. Китоб аввал бо забони русӣ ва баъдан бо забони тоҷикӣ тарҷума ва борҳо нашр шудааст. 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854