12:35:32 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт

Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Сардори давлат аз сафирони навтаъини 12 кишвари олам, аз ҷумла сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федеролии Олмон Холгер Грен, Федератсияи Русия Игор Лякин-Фролов, Давлати Қатар Алӣ ибни Муборак ал-Муҳандӣ, Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Наваф Халиф Ал-Сарайреҳ, Шоҳигарии Белгия Мишел Петерманс, Ҷумҳурии Чехия Гинек Пейха, Ҷумҳурии Финляндия Никлас Линдквист, Конфедератсияи Швейтсария Мауро Райна, Япония Такаюки Коикэ, Шоҳигарии Тайланд Чарн Ҷулламон, Ҷумҳурии Филиппин Доминго Лусенарио ва Муғулистон Жагирин Сухээ эътимоднома қабул намуд. Дар хабар омадааст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи онҳоро бо таъин шуданашон ба ин мақом табрику таҳният гуфта, изҳори боварӣ кардааст, ки барои таҳким ва рушду густариши муносиботи кишварҳои худ бо Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд.

***

Президенти Тоҷикистон бо судури як фармон, ки ахиран дар сомонаи ВКД ҶТ нашр шуд, хариду фурӯш ва истифодаи силоҳи ғайринизомӣ ва қисмҳои асосии он дар қаламрави Тоҷикистонро муваққатан боздошт. Дар фармон, ки "Дар бораи андешидани чораҳои зарурӣ оид ба танзими гардиши силоҳи ғайринизомӣ ва қисмҳои асосии он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон" номида мешавад, аз ҷумла гуфта мешавад, ки "истеҳсол, сохтан, хариду фурӯш, интиқол, соҳиб шудан, ба дигар шахсе додан, нигоҳ, доштан, бо худ гирифта гаштан, истифода бурдан ва ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани силоҳи ғайринизомии намудҳои таппонча, револверҳо бо патронҳои ҷароҳатрасон, газӣ ва пневматикӣ муваққатан то 31-уми декабри соли 2013 боздошта шавад". Сардори давлат дар фармон гуфтааст, ки ин тадбир бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷиноятҳо бо истифода аз силоҳҳои ғайринизомӣ андешида мешавад.

***

Сергей Наришкин, Сарвари Думои давлатии Русия, ки ба як сафари расмӣ охири ҳафтаи гузашта ба Тоҷикистон омада буд, баъди дидор бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Душанбе дидан кард. Дар ҷараёни сафар сарвари парламони Русия бо роҳбарони ду палатаи парламони Тоҷикистон дидор кард ва дар рафти он сари муҳимтарин масъалаҳои равобити дуҷониба сӯҳбат ҷараён гирифт. Дар дидор бо донишҷӯёни Донишгоҳи муштараки Тоҷикистону Русия Сергей Наришкин аз мушкилоти муҳоҷират ва муҳоҷирони Тоҷикистон дар кишвараш ҳарф зад ва хабар дод, ки ду ҷониб тасмим гирифтаанд, ин мушкилро ба ҳам муштаракан баррасӣ ва ҳаллу фасл намоянд. Сарвари парламони Русия дар ин иртибот боз гуфт, ки акнун муҳоҷирони тоҷик дар Русия метавонанд, то се сол будубош ва кор кунанд.

***

Генерал Во Нгуен Зиап, яке аз шинохтарин чеҳраҳои низомии Ветнам, оне, ки тарроҳи амалиётҳои ҷангӣ зидди амрикоиҳо дар солҳои ҷанг миёни ду кишвар буд ва аз дӯстони наздики Ҳо Ши Мин ба шумор мерафт, дар синни 102-солагӣ тарки олам намуд. Таҳти роҳбарии ӯ ин кишвар аз Фаронса истиқлолият ба даст овард ва дар ҷанги нобаробар бо Амрико пирӯз шуда буд. Зиап дар ибтидо муаллими мактаби миёна будааст, вале соли 1941 ба ташкилоти ҳарбӣ дохил шудаву аз он ба баъд умри худро бо либоси низомӣ пушти сар гузоштааст.

***

Сарвазири собиқи Украина Юлия Тимошенко ба пешниҳоди намояндагони Парламони Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди табобат дар Олмон посухи мусбат додааст. Тимошенко гуфтааст, ки омодаи амали ҷарроҳӣ аст, вале танҳо на дар Украина. Сарвазири собиқ гуфтааст, ки ба Олмон то анҷоми табобат боқӣ мемонад, вале ҳаргиз қасд надорад аз ягон кишвар тақозои паноҳандагӣ кунад.

***

Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ аз мавҷи ноамниҳо нав дар Миср изҳори нигаронӣ кард. Дабири Кулли СММ аз ҷонибҳои даргир даъват кардааст, ки барои ҳалли муноқишаҳо сари мизи гуфтугӯ нишинанад ва кишварро дубора ба гирдоби бебандубориҳо насупоранд. Тибқи иттилои расонаҳо дар охирин бархӯрди нерӯҳои артиши давлатӣ бо ҷонибдорони "Бародарони мусалмон" чор тан ба ҳалокат расиданд ва теъдоди аз ин бештар захмӣ шуданд. Миср баъди табаддулоти низомиён ва барканории президенти қонунӣ Муҳаммад Мурсӣ оромишро аз даст додаст. Ҳукумати низомӣ ҳар гуна гуфтушунид бо нерӯҳои исломгарои кишварро рад мекунад.

***

Бар асари тирандозӣ дар наздикии як масҷиди шаҳри Порис cе нафар захмӣ шудаанд. Бино ба иттилои La Parisien се марде, ки гумон меравад узви як хонавода буданд, баъди адои намоз аз масҷид ҷониби мошини худ ҳаракат доштанд. Ва ногаҳон аз тарафи муқобил чор садои тир атрофро ба ларза андохт. Ду марди аз 20 то 30-сола шадидан захмӣ шуданд ва сеюмӣ аз шишапораи мошин ҷароҳати сабуктар бардошт. Тафтишот ҳоло расман иттило надодааст, ки тиарандоз кӣ буд ва сабаб чӣ буд.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi