05:21:33 01-уми Июли 2025 сол

ДУ ГОЛИ БЕ ҶАВОБИ ХАБИАЛОНСО ФАРОНСАРО ШИКАСТ ДОД

Шоми дишаб, дар сабқати Ҷоми Аврупо 2012 дастаи мунтахаби Испания дастаи мунтахаби Фаронсаро шикаст дода, сеюмин нимфиналист гардид. Дастаи мунтахаби Испания ду туби бе ҷавоб ба дарвозаи дастаи мунтахаби Фаронса равона намуд.

/images/stories/2012/06/24_habialonso_euro2012.jpgҲарду голро нимҳимоятгар ХабиАлонсо дар нимаи аввали қисми якум ва охири қисмати дуввум ба самар расонд. Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Португол ва дастаи мунтахаби Олмон низ ба нимфиналӣ роҳхат пайдо намудаанд. Акунун дар нимфиналӣ дастаи мунтахаби Испания бо дастаи мунтахаби Португол қувва меозмояд. Шоми имшаб бошад, чорумин дастаи нимфиналӣ муайян мегардад. Яъне рақиби дастаи мунтахаби Олмон муайян хоҳад гардид. Дар рақобати шадид, байни дастаи мунтахаби Англия ва дастаи мунтахаби Италия, яке аз ин ду даста роҳхат ба бозиҳои нимфиналӣ пайдо менамояд.

Сӯҳроби Бохтарӣ, барои «Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ