04:47:55 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҒАЛАБАИ ПАЙДАРПАИ ДАСТАИ МУНТАХАБИ ОЛМОН

Чӣ тавре, ки огоҳи доред, дишаб дар чорякфинали бозиҳои Ҷоми Аврупо 2012 як бозӣ доир гардид. Дастаи мунтахаби Олмон, бо дастаи мунтахаби Юнон қувваозмоӣ намуданд.

/images/stories/2012/06/23_germani-230612.jpgЧуноне, ки беҳтарин бозингари дастаи мунтахаби Олмон Мария Гомес иқрор шуд, онҳо қабл аз бозӣ бо дастаи мунтахаби Юнон, қувваозмоии дастаи мунтахаби Юнон бо дастаи мунтахаби Русияро тамошо карда, аз он ба худ натиҷагирӣ намуданд. Ҳамин тавр дар ин бозӣ дастаи мунтахаби Олмон бо ҳисоби 4:2 дастаи мунтахаби Юнонро шикаст дода, ба нимфиналӣ роҳхат пайдо намуд. Голҳоро аз дастаи мунтахаби Олмон, Филипп Ламп, Сами Хедира, Мирослав Клозе ва Марко Ройс ба самар расониданд. Аз дастаи мунтахаби Юнон бошад, Гиоргоса Самараса ва Димитрисом Салпингидисом ба дарвозаи ҳариф ду туб равона карданд.

Дар нимфинал дастаи мунтахаби Олмон бо яке аз ду даста ё дастаи мунтахаби Англия ва ё дастаи мунтахаби Италия бозӣ хоҳад кард.

Имшаб бошад, ду бозии дигар дар сабқати Ҷоми Аврупо 2012 баргузор мегардад. Дастаи мунтахаби Испания бо дастаи мунтахаби Фаронса қувва меозмоянд. Кадоме аз ин ду даста ғолиб мебарояд, шаб шоҳиди он хоҳем гашт.

Назархо дар бораи ғолиби ин сабқат гуногунанд. Мо назари чанд тан аз мухлисони футболро оиди кақрамони оянда пурсон шудем. Соҳибқирони Зафар ва Хуршеди Чамшед ду тан мухлис бар ин ақидааст, ки дар ин сабқат дастаи мунтахаби Испания қаҳрамони Ҷоми Аврупо 2012 мешавад. Вале бар хилофи назари онҳо, Музаффари Маҳмадёр бошад, дастаи мунтахаби Португолро қаҳрамони Ҷоми Аврупо 2012 меҳисобад.

Банда бар ин ақида аст, ки дастаи мунтахаби Олмон дар ин Ҷоми Аврупо 2012 беҳтарин бозиро аз худ нишон дода истодааст. Ва эҳтимол дорад, ки қаҳрамони оянда, дастаи мунтахаби Олмон бошад. Хуб барои муайян шудани қаҳрамони ин сабқат ҳамагӣ чанд бозии дигар мондаасту халос. Чуноне, ки мегӯянд, вақт нишон хоҳад дод, ки кадоме аз ин дастаҳо қаҳрамони Ҷоми Аврупо 2012 хоҳад гардид.

Сӯҳроби Бохтарӣ, махсус барои «Рӯзгор»



sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi