04:30:30 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Август 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 29
30 31          

НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАВРИ АВВАЛИ МУСОБИҚОТИ ҶОМИ АВРУПО 2012

Мухлисони футбол! Чӣ тавре, ки мушоҳида каредед, даври аввали сабқати Ҷоми Аврупо 2012 ба анҷом расид. Дар ин марҳила ҳашт бозии ҷолиб дар тӯли чаҳор рӯз барпо гардид. Аз ин ҳашт бозии барпошуда, дар сетоаш ғолиб муайян нашуд ва дар панҷ бозии дигар шаҳди ғолибият ва мағлубиятро дастҳои иштирокчии Ҷоми Аврупо 2012 чашиданд.

/images/stories/2012/06/13_jomijahon2012.jpgТуб ба дарвозаи ҳарифон дар даври авали бозӣ ҳамагӣ бист маротиба ворид шуд, ки ин нишондод нисбат ба даври аввали Ҷоми Аврупо 2008 камтар мебошад. Аз ҳама бештар тими мунтахаби Русия ба дастаи ҳарифаш, яъне тими Чехия туб равона кардааст. Як туби дигар ба дарвозаи худ сар додаст. Дастаи Хорватия низ бо ҳисоби 3 бар 1 дастаи Ирландияро шикаст дод. Яке аз мизбонҳои Ҷоми Аврупо 2012 дастаи мунтахаби Укроин нисбати меҳмонони шведии худ ноҳурмати зоҳир намуда, онҳоро маҷбурсохтанд то ду маротиба тубро аз дохили дарвозаи худ берун созанд. Танҳо як туби Ибрагимовичи шведӣ онҳоро озурда карду халос.

Ғайри чашмдошт ғалабаи тими мунтахаби Дания бар яке аз довталабони Ҷоми Аврупо 2012 дастаи Ҳоланд қалби миллионҳо мухлисонро ба ваҷҳ овард. Як туби задаи даниягиҳо тавонист онҳоро дар даври авали бозӣ пирӯз гардонад.

Ғалабаи тими Олмонро бар тими Португол бисёриҳо пешгӯи карда буданд ва хатто ҳам накарданд. Тими мунтахаби Олмон бо задани як туб ғолиби ин бозии ҷолиб дониста шуд. Се бозие, ки ғолибро муайян накард, ин бозиҳо миёни дастаҳои Полша ва Юнон, Испания ва Италия, Фаронсаву Англия мебошад, ки бо задани як тубӣ ба дарвозаи якдигар бозиро мусовӣ анҷом доданд.

Нишонзанҳои беҳтарини ин давр нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Русия Алан Дзагоев ва ҳамлагари тими мунтахаби Укроин Андрей Шевченко дониста шуданд, ки яке аз онхо се туб ва дигари бо ду туби задаи худ пешсафи нишонзанҳои Ҷоми Аврупо 2012 мебошанд.

Дирӯз даври дуввуми Ҷоми Аврупо 2012 бо бозии байни тимҳои мунтахаби Юнону Чехия ва Полшаву Русия баргузор гардид, ки дастаи мунтахаби Чехия бар ҳарифаш бо ҳисоби 2 : 1 тими Юнонро шикаст дод. Бозии дигар бошад, байни дастаи Полша ва Русия 1 : 1 мусовӣ анҷом ёфт.

Тоҷиддини Пирак, махсус барои «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi